Чӣ санҷида шуд?
Рӯзи 4 декабр бархе аз расонаҳои Тоҷикистон хабаре (бойгонӣ) бо унвони “Байни Хуҷанд ва Тошкент хатсайри нави роҳи оҳан кушода шуд”, нашру паҳн карданд. Дар хабар омадааст, ки гӯё аз 3 декабри соли ҷорӣ қатораи барқӣ дар масири “Тошканд – Хуҷанд – Тошканд” ба ҳаракат шурӯъ кардааст. Иқтибос: “Нархи роҳкиро барои калонсолон 20 ҳазор сӯм ва барои кӯдакон 11,5 ҳазор сум, вақти сафар тақрибан 1 соату 15 дақиқа аст”. Дар хабари мазкур ҳатто соатҳои ҳаракати қатора зикр шудааст.
Ин хабар дар фурсати кӯтоҳ баҳсу мулоҳизаҳоеро ба миён овард.
Оҷонсии иттилоотии Avesta.tj баъди чанд соати нашри ин хабар, баъдан онро тоза кард.

Намогирифт аз сомонаи Avesta.tj
Ҳукмнома: Дурӯғ
Хабари мазкур ягон асоси воқеӣ надорад ва дурӯғ буда, расонаҳое, ки ин хабарро паҳн кардаанд ба ҷои Ҳоҷикент Хуҷанд навиштаанд.
Чӣ гуна санҷида шуд?
Дар сомонаи расмии Вазорати нақлиёти Тоҷикистон то субҳи 6 декабри соли 2024 бобати ин ҳолат ягон хабарномаи расмӣ нашр нашудааст.
Мо сомонаи расмии Ҷамъияти саҳомии “Узбекистон темир йуллари”-ро дидем. Дар сомонаи “Узбекистон темир йуллари”, ки ширкати миллии Ӯзбекистон дар самти фаъолияти роҳи оҳан ба шумор меравад, то субҳи 6 декабри соли 2024 ягон хабари расмӣ бобати кушода шудани хати роҳи оҳан байни Тошкент ва Хуҷанд нашр нашудааст.
Мо Telegram-канали расмии “Узбекистон темир йуллари” тафтиш намудем. Дар ин саҳифа ҳам бобати кушода шудани хати нави роҳи оҳан байни Хуҷанд ва Тошкент хабаре нест. Аммо дар саҳифаи мазкур рӯзи 29 ноябр хабаре нашр (бойгонӣ) шудааст, ки дар он гуфта мешавад, шурӯъ аз 3 декбар байни Тошкент ва Ҳоҷикент хатсайри нави роҳи оҳан кушода мешавад ва қатораи барқӣ дар ин масир ҳаракат мекунад. Ҳоҷикент – шаҳраке дохили ноҳияи Бӯстонлиқ дар ҳайати вилояти Тошкент аст. Фактҳое, ки дар хабари мавриди санҷиши мо омадааст, аслан ба далелҳое ки дар хабарномаи кушода шудани хати роҳи оҳан дар масири Тошкент- Ҳоҷикент мувофиқат доранд. Аз ҷумла нархи роҳкиро барои калонсолон 20 ҳазор сӯм ва барои кӯдакон 11,5 ҳазор сум, вақти сафар тақрибан 1 соату 15 дақиқа навишта шудааст.

Зоҳиран расонаҳое, ки хабари кушода шудани хати роҳи оҳан байни Хуҷанду Тошкентро паҳн кардаанд, Ҳоҷикентро Хуҷанд қабул кардаанд.
Хулоса
Санҷиши хабари мазкур бо такя ба манобеи расмӣ исбот кард, ки хабари кушода шудани хати нави роҳи оҳан байни Тошкент ва Хуҷанд бардурӯғ аст.