Дурӯғ | Пулҳисобкунӣ иммунитети инсонро пурқувват месозад

Чӣ санҷида шуд?

Сомонаи “Оила” дар саҳифаи Instagram-и худ хабаре бо унвони “Пулҳисобкунӣ иммунитети инсонро пурқувват месозад” нашр (бойгонӣ) кард. Дар хабари мазкур гуфта мешавад, ки гӯё ҳисоб кардани пул рӯҳияи инсонро боло мебарад, истеҳсоли гормони хушбахтӣ – серотонинро дар бадан бармеангезад. “Вақте таҳлили хуни одамоне, ки корашон ба ҳисобкунии пул марбут аст, омўхта шуд, маълум гардид, ки онҳо нисбат ба дигарон ҳуҷайраҳои иммунии бештар доранд. “Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки ҳисоб кардан (шуморидан)-и пул ба ҳолати рӯҳӣ ва ҷисмонии инсон таъсир мерасонад”, -омадааст дар хабар. Вале гуфта нашудааст, ки кадом олимон, кай дар кадом пажӯҳишгоҳи илмӣ ва бар асоси кадом методология ин таҳқиқотро гузаронидаанд. 

Намогирифт аз бойгонии саҳифаи Oila.tj дар Instagram

Ҳумкнома: Дурӯғ

Ин ки сомонаи “Оила” пулҳисобкунӣ системаи иммунии инсонро пурқвват мекунад” навиштааст, ягон далели илмӣ надорад. 

Чӣ гуна санҷида шуд?

Агар ба шуморидани пули нақд аз лиҳози гигиени назар кунем, пули нақд, ки бисёр бактерияҳо ва вирусҳоро дорад як қатор хатарҳо дорад ва дар сурати риоя накардани қоидаҳои гигиена эҳтимолияти сироят ёфтан ба вирусҳо ва баъзе бемориҳои сироятёбандаро ба миён меорад. Дар таҳқиқоте (бойгонӣ) ки зери унвони “Олудашавии микробии пулҳои коғазӣ ва тангаҳо дар муомилот: хатари ҷиддӣ барои саломатии аҳолӣ” анҷом дода шудааст, гуфта шудааст, ки “Пулҳои коғазии дар муомилотбуда бо микроорганизмҳои гуногун олуда шудаанд, ки аксари онҳо ба антибиотикҳои маъмулӣ тобоваранд ва аз ин рӯ, ба саломатии аҳолӣ ва шахсони муомилоти пулӣ хатар ва таҳдид доранд”. Дар тадқиқоти мазкур омадааст, ки пули нақд метавонад микроорганизмҳои гуногун, аз ҷумла бактерияҳои патогенӣ ва вирусҳоро дар худ нигоҳ дорад, ки хатари эҳтимолии гигиенӣ доранд. Масалан дар такя ба тадқиқот гуфта шудааст, ки дар пул бактерияҳо ба монанди Staphylococcus aureus, Escherichia coli, Salmonella enterica ва ғайра мавҷуданд. Сатҳи зинда мондани микроорганизмҳои патогенӣ аз маводи пулӣ (пахта ё полимер), ҳарорат ва намӣ вобаста аст. Бактерияҳо метавонанд дар рӯи впулҳои коғазӣ то чанд рӯз ва дар баъзе мавридҳо аз ин ҳам зиёдтар зиндагӣ кунанд. 

Дар як таҳқиқоти (бойгонӣ) дигаре, ки гурӯҳи олимон Ҷулия М. Мариц, Стивен А. Салливан, Роберт Ҷ. Прилл, Эмре Аксой, Пол Шейд, Ҷейн М. Карлтон гузаронидаанд, гуфта мешавад, ки пулҳои коғазӣ микробҳои мухталифи зараровар дорад. Аз ин рӯ, риояи гигиена муҳим аст, хусусан пас аз муомилоти пули нақд дастҳоятонро бишӯед.

Мо ягон тадқиқоти илмӣ, ки робитаи байни ҳисоб кардани пул ва бевосита мустаҳкам шудани системаи иммуниро тасдиқ кунад, пайдо накардем. Бо вуҷуди ин, ҷанбаҳои равонии муносибат бо пул омӯхта шудаанд ва маълум аст, ки пул метавонад аксуламалҳои эмотсионалӣ ва физиологиро ба вуҷуд орад, ки ба стресс ва рӯҳия таъсир мерасонанд. Аз ҷумла таҳқиқоти (бойгонӣ) Ассотсиатсияи илмҳои психологӣ, ки аз тарафи олимон М. Карузо, Орен Шапира ва Ҷастин Лендӣ анҷом дода шудааст, нишон додааст, ки муомила бо пул аз ҷумла монанди ҳисоб кардани пул, метавонад эҳсоси назорат ва эътимодро афзоиш диҳад ва стрессро коҳиш диҳад. Эҳсосоти мусбӣ, ки бо коҳиши стресс алоқаманданд, метавонанд бавосита системаи иммуниро дастгирӣ кунанд. Бо вуҷуди ин, ин таъсирҳоро наметавон таҳкими мустақими системаи иммуни ҳисоб кард, балки таъсири ғайримустақим тавассути коҳиши сатҳи кортизол (гормонҳои стресс) мебошад.

Чӣ системаи иммунии инсонро мустаҳкам мекунад?

Доир ба ин мавзӯъ таҳқиқотҳо зиёданд 1 (бойгонӣ), 2 (бойгонӣ), 3 (бойгонӣ).

Бо назардошти омӯзиши аксари таҳқиқоти илмӣ чунин хулоса баровардан мумкин аст, ки мустаҳкам намудани системаи иммунии одам ба бисьёр омилхо вобаста аст, аз чумла:

  • Ғизои солим – истеъмоли кофии витаминҳо ва минералҳо (хусусан витаминҳои A, C, D, E ва руҳ (цинк)).
  • Фаъолияти ҷисмонӣ – машқи мӯътадил системаи имунии инсонро барои мубориза бо бемориҳои гуногун мустаҳкам мекунад.
  • Хоби дуруст – набудани хоб функсияҳои муҳофизатии баданро суст мекунад.
  • Стресс – стресси пайваста системаи иммуниро заиф мекунад.

Хулоса

Пулҳисобкунӣ шояд ба сатҳи стресс таъсир дорад, вале бевосита системаи иммунии инсонро пурқувват намекунад. Мустаҳкамшавии системаи иммунии инсон аз омилҳои дигаре чун ғизои солим, фаъолияти ҷисмонӣ, хоби дуруст ва ҳолати стресс вобаста аст. Аз ин лиҳоз сарлавҳаи маводи “Оила” берун аз ҳақиқат аст. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь