Чӣ санҷида шуд?
Сомонаи «Оила» санаи 20-уми декабр бо нашри (бойгонӣ) хабаре навишт, ки “Дар Русия ба мардони мусалмон 4 зан гирифтанро иҷозат доданд”. Дар матлаби мазкур омадааст, ки Шӯрои уламои Идораи рӯҳонии мусалмонони Русия ба мардони мусалмон иҷозат дод, ки бо бастани никоҳи динӣ то 4 зан бигиранд, албатта ба шарте, ки ҳамсарони худро баробар таъмин ва нигоҳубин намуда, адолатро риоя намоянд. Ин расона ишора ба РИА “Новости”, як хабаргузори маъруфи Русия кардааст. Иқтибос: “Ҳамин тавр, мардони мусалмоне, ки дар Русия зиндагӣ мекунанд, ҳатто дар сурати зану фарзанд ва никоҳи расмӣ доштан, минбаъд метавонанд, зани дуюм, сеюм ва ҳатто чорум бигиранд.”
Ҳумнома: Дасткорӣ
Ин ки дар Русия ба мардони мусалмон 4 зан гирифтанро иҷозат доданд, дасткорӣ аст. Зеро ҳарчанд Шӯрои мусалмонони Русия дар ин бора гӯё фатво додааст, вале қонунгузории ин кишвар ба ин иҷозат намедиҳад ва дар ахбори нашршуда гап танҳо сари никоҳи динӣ меравад. Расонаҳо паҳлӯи ҳуқуқии ин масъаларо баррасӣ накардаанд, ҳарчанд қонунгузории Русия ин амалро ба таври возеҳ манъ мекунад.
Чӣ гуна санҷида шуд?
Хабари марбут ба иҷозаи бисёрзанӣ дар Русия барои мардони мусалмон нахуст дар сомонаи хабаргузории РИА “Новости” нашр шудааст. РИА “Новости” рӯзи 19 декабр матлаберо таҳти унвони “Идораи рӯҳонии мусулмонони Русия ба бисёрзании мазҳабӣ иҷозат додааст” нашр (бойгонӣ) намудааст. Дар матни хабари ин расона омадааст, ки Шӯрои уламои Идораи рӯҳонии мусалмонони Федератсияи Русия ба мусалмонони кишвар фатво додааст, ки мардҳои мусалмон бо иҷрои шартҳои шариати исломӣ метавонанд то бо чаҳор зан никоҳ кунанд. Ин расона ба муфтии Маскав Илдар Алоуддинов истинод овардааст.”Қарор қабул карда шуд, ки мард ҳамзамон издивоҷи дуюм, сеюм е ҳатто чоруми динӣ дошта бошад”, — гуфт Алоуддинов”, -омадааст дар хабари РИА “Новости”.
Чанд расонаҳои дигари Русия (1 (бойгонӣ), 2 (бойгонӣ), 3 (бойгонӣ)), ки дар ин хабар нашр намудаанд, ишора ба РИА “Новости” кардаанд.
Ин дар ҳолест, ки то ба санаи 22 декабри соли 2024 соати 16:00 ба вақти Тоҷикистон дар сомонаи (бойгонӣ) расмии Идораи рӯҳонии мусулмонони Русия дар бораи ин фатво хабари расмие нашр нашудааст.
Қонунгузории Русия дар самти бисёрзанӣ
Дар Русия бисёрзанӣ тибқи қонун расман мамнӯъ аст. Кодекси оилаи Федератсияи Русия муқаррар кардааст, ки ақди никоҳ танҳо байни як мард ва як зан ва танҳо дар сурате баста мешавад, ки ҳарду дар вақти бақайдгирӣ дар никоҳи дигар набошад.
Ин муқаррарот дар моддаи 14-и Кодекси оилаи Федератсияи Русия (Ҳолатҳое, ки ба издивоҷ халал мерасонанд) муайян карда шудааст.
Ин маънои онро дорад, ки дар Русия аз рӯи қонун шаҳрванд наметавонад, издивоҷи нав барпо кунад, то он даме, ки издивоҷи қаблӣ тавассути талоқ расман бекор карда нашавад.
Хулоса
Бо вуҷуди он ки Идораи рӯҳонии мусулмонони Русия ба як расонаи русӣ дар бораи ба мардони мусалмон 4 зан гирифтанро фатво додааст, вале дар ин кишвар расман барои шаҳрвандонаш новобаста аз эътиқоди мазҳабӣ бисёрникоҳӣ манъ аст. Мутассифона, на ҳамаи расонаҳое, ки ин хабарро паҳн кардаанд, паҳлӯи ҳуқуқии онро баррасӣ намудаанд, ҳол он ки бастани никоҳ амали расмӣ аст ва бояд дар чаҳорчӯбаи қонунҳои дунявӣ ва расман эътирофшуда танзим гардад.