Шӯрои уламои Русия фатвои иҷозаи бисёрзаниро бозхонд кард

Шӯрои уламои Раёсати динии мусулмонони Русия тасмим гирифт, ки фатвои иҷозаи бисёрзаниро бо ақди никоҳи динӣ бозхонд кунад.

Раёсати динии мусулмонони Русия рӯзи 19 декабр бобати содир намудани фатвое хабар дод, ки дар он ба мусулмонони кишвар барои чор ақди никоҳи динӣ (танҳо никоҳи динӣ дар назар буд, на ин ки расмӣ) доштан иҷоза дода шуд. Бо гузашти чанд рӯз Раиси Шӯро Шамил Аляутдинов дар шабакаи Telegram-и худ дар ин робита хабар (бойгонӣ) додааст, ки қарор бо сабаби маълумоти Додситонии кулл дар бораи даъвати бекор кардани ин фатво ва “вокуниши ҷомеаи Русия” қабул шудааст.

Шӯрои уламои Раёсати динии мусулмонони Русия ба баҳс кашидани ин масъаларо зарур намедонад”, – навиштааст, Аляутдинов.

Ин дар ҳолест, ки қаблан фатвои ин ниҳоди динии Русия дар расонаҳои дохилии Тоҷикистон нодуруст паҳн шуданд ва сомонаи factcheck.tj дасткорӣ будани онро исбот карда буд. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь