Ҳамасола ҳангоми фарорасии Соли нави мелодӣ баҳсу баррасиҳо перомуни таърихи паёдоиш, одат ва оинҳои Соли Нав паҳн мешавад. Дар ин асно мифҳои зиёде ҳастанд, ки ба он бовар мекунанд. Мо дар зер ТОП 5 мифҳоро дар бораи Соли нав гирд овардем.

Мифи №1. Агар пеш аз Соли нав манзилатро тоза накунӣ, тамоми сол бадбахтӣ мебинӣ
Покизакорӣ роҳи олии оғози Соли нав аст, аммо он кафили хушбахтӣ шуда наметавонад. Азбаски хушбахтӣ ченаки муайян надорад, пас онро ҳамчун натиҷаи як амали муайян дар мисоли тоза кардани хона пеш аз Соли нав гуфтан иштибоҳ аст. Ин бештар ба боварҳои беасоси мардум рабт дорад, но ягон қоидаи ҷиддӣ.

Мифи №2. Суруди «Jingle Bells» гимни Соли Нав аст
Муаллифи “Jingle Bells” Ҷеймс Пиерпонт ҳангоми эҷоди оҳанг дар солҳои 1850 Соли нави мелодиро дар назар надошт ва дар матни он ҳам бобати ин ҷашн зикр нашудааст. Решаи пайдоиши ин суруд бо Соли нави мелодӣ ё таваллуди Исо рабте надорад. Пойгоҳи Snopes исбот (бойгонӣ) кардааст, ки “Jingle Bells” аслан барои Рӯзи Шукргузорӣ эҷод шуда буд, на мавлуди Исо.

Мифи №3. Хӯриши Оливйе рамзи Соли нав аст
Хуриши Оливье воқеан бо таҷлили Соли нав дар Русия ва дигар кишварҳои пасошӯравӣ алоқаманд аст, аммо он рамзи умумӣ ё ҳатмӣ аз ин ҷашн нест. Ин як анъанаи ошпазист, ки дар муҳити муайяни фарҳангӣ ташаккул ёфтааст. Тибқи маълумоти сарчашмаҳо (1, 2, 3) хуриши Оливйеро ошпази фаронсавӣ Люсйен Оливйе дар Маскав дар солҳои 1860 офаридааст ва ин бо таърихи оғози таҷлили Соли нав ҳеҷ рабте надорад.

Мифи №4. Ороиши арчаи солинавӣ оини ҳатмии Соли нав аст
Аслан анъанаи ороиши арча дар вақти таҷлили Соли нав дар асри ХVI аз Олмон оғоз ёфтааст. Тибқи маълумоти (бойгонӣ) сарчашмаҳо аввалин ёддошти хаттӣ дар бораи арчаи солинавӣ ба соли 1561 рост меояд, ки дар мавлуди Исо омода карданд. Иддаоҳо бобати он ки арчаи солинавӣ ва ороиши он аз оинҳои ҳатмии таҷлили ин ид аст, дуруст нест, зеро анъанаи ороиши арча аз омилҳои фарҳангӣ, мазҳабӣ, таърихию ҷуғрофӣ вобаста аст. Ҳарчанд ин амал дар дунё васеъ паҳн шудааст, аммо универсалӣ нест.

Мифи №5. “Бобои Барфӣ шахси воқеӣ буд”
Бобои Барфӣ як персонажи бофтае, ки унсурҳои шахсиятҳои гуногуни мифологӣ ва халқиро дар фарҳангҳои славянӣ маъмул дар бар мегирад. Таърих ва намуди зоҳирии он дар тӯли садсолаҳо инкишоф ёфтааст.
Бобои Барфӣ решаҳои худро аз афсонаҳои славянии халқӣ гирифтааст. Дар мифологияи қадимии славянӣ тасвири хаёлии Бобои Барфӣ дар шаклҳои мухталиф вуҷуд дошт. Симои муосири Бобои Барфӣ ҳамчун пирамарди ришдоре, ки барои соли нав ба кӯдакон тӯҳфаҳо меорад, дар асри 19 дар Русия ҳамчун персонажи баробарвазн ба Санта-Клауси амрикоӣ пайдо шуда буд.
Ҷашни оғози соли нав дар фарҳангҳои гуногуни дунё ба таври мухталиф ва ҳатто дар рӯзҳои мухталиф сурат мегирад. Ҳамчун санаи умумӣ 1 январ ҷашн гирифтани он одати нисбатан нав аст, аммо новобаста аз ин, азбаски ин анъана дар асоси анъанаву одатҳои куҳтанатар сохта шудааст, баъзе мифҳои онҳоро ба худ ҷалб намудааст. Ин 5 мифе, ки дар бораашон мо ба шумо маълумот додем, танҳо аз қабили мифҳои паҳншудатаринанд. Дар тӯли солҳои зиёд мардум боз дигар боварҳову иштибоҳи дигар низ доранд, ки ягон асосе надоранд. Аз ин рӯ, ба ин гуна суханон бояд бе ягон ҷиддият нигарист ва доимо дар назар дошт, ки аксарияти он ё аз сабаби набудани маълумоти кофӣ, ё аз сабаби надоштани тафаккури интиқодӣ пайдо шуда, дар зеҳни мо ҷо гирифтаанд. Барои ҳамин, набояд ба онҳо иҷозат диҳем, ки дар сурати иҷро нашуданашон малоли хотири мову наздиконамон гарданд.
Соли наватон муборак!