Дурӯғ | Хурӯҷи вируси нави хатарноки марговар дар Чин

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ, хабаре бо унвони “Дар Чин хурӯҷи вируси хатарноки нави марговар ба қайд гирифта шудааст” нашру (бойгонӣ) паҳн шудааст. Аз ин вирус ҳамчун “метапневмовируси одам” ном бурда шуда, гуфта мешавад он ҳамсон бо вируси COVID-19 аст. Дар навори хабар анбӯҳи одамони зиёде, ки аксар ниқоби тиббӣ доранд дохили биное дида мешавад ва дар матни хабар таъкид шудааст, беморхонаҳо махсусан беморхонаҳои бачагона пур аз сироятёфтагон аст. 

Хонандагони сомонаи factcheck.tj бо ирсоли ин хабар аз мо хоҳиш намуданд, ки дурустии онро муайян намоем. Оё дарвоқеъ метапневмовируси одам вируси нави хатарноки марговар аст, мо инро мавриди санҷиш қарор додем. 

Ҳукмнома: Дурӯғ

Метапневмовируси одам вируси нав нест. Гузашта аз ин, овозаҳо оид ба “вируси хатарноки марговар” будани он асоси илмӣ надорад.

Чӣ гуна санҷида шуд?

Метапневмовируси инсон (Human metapneumovirus ё HMPV) ба оилаи вирусҳои Pneumoviridae дохил мешавад ва бори аввал соли 2001 ошкор (бойгонӣ) шудааст. Бино ба навиштаи (бойгонӣ) пойгоҳи илмии Nature, олимон исбот кардаанд, ки ин вирус қабл аз он ҳадди ақал 50 сол дар гардиш будааст. 

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) дар ёддоште рӯзи 7 январ қайд кард (бойгонӣ), ки HMPV барои аксари одамон он қадар хатарнок нест. Дар ин матлаби  СҶТ гуфта мешавад, ки HMPV метавонад боиси бемориҳои роҳҳои нафас ба монанди бронхит ё илтиҳоби шуш дар гурӯҳҳои осебпазир (ба монанди кӯдакони хурдсол, пиронсолон ё одамони дорои масунияти заиф) шавад. Гуфта мешавад аксари сироятҳо ба нишонаҳои сабуки роҳҳои болоии нафас оварда мерасонанд. СҶТ инчунин қайд мекунад, ки вирус дар бисёр кишварҳо дар мавсими зимистон паҳн мешавад, аммо на ҳама кишварҳо барои HMPV озмоиш анҷом медиҳанд ва маълумоти аниқ роҷеъ ба он нашр мекунанд.

Чанд тадқиқоти дигари тиббӣ (1 (бойгонӣ), 2 (бойгонӣ), 3 (бойгонӣ)) низ собит намудааст, ки HMPV ба сироятҳои шадиди вирусии респираторӣ шабоҳат доранд ва сулфа, оби бинӣ, дарди гулӯ ва табларзаро дар бар мегиранд. Сироят дар аксари ҳолатҳо сабук мегузарад, аммо кӯдакони то 5-сола, калонсолони аз 65-сола боло ва одамони дорои системаи масунияти заиф давраи гирифтори нисбатан вазнин мегузарад. 

Дар аксари тадқиқотҳои илмии болозикр, бобати хатари ғайричашмдошт ё “марговар”-и HMPV гуфта нашудааст.

Аломатҳо 

Аломатҳои (бойгонӣ) асосии марбут ба HMPV одам дар намуди сулфа, табларза, басташавии бинӣ ва кӯтоҳ шудани нафаскашӣ, дарди гулӯ,  зоҳир мешавад. 

Паҳншавӣ

HMPV бо роҳи қатрагӣ-ҳавоӣ ва тавассути тамоси мустақим бо шахси сироятшуда, сулфа ва атса задан, даст фишурдан, оғӯш кардан ё бӯсидан, даст расонидан ба ашёи олудашуда, аз ҷумла телефонҳо, дастаки дарҳо, клавиатураҳо ё бозичаҳо ва ғайра сироят меёбад.

Ҳифозат

Шумо метавонед, хатари сироятёбӣ ба метапневмовируси одамро кам кунед, агар:

  • Дастҳои худро зуд-зуд бо собун бишӯед. Ва ё ҳадди ақал аз антисептик ё воситаҳои безараркунанда истифода баред;
  • Ҳангоми атса кардан ё сулфидан бинӣ ва даҳони худро бо оринҷ пӯшед;
  • Аз ҳузур дар ҷойҳои серодам, ки эҳтимоли сироятёбӣ баланд аст, худдорӣ кунед;
  • Агар шумо сироят ёфтед, аз тамос бо одамони дигар худдорӣ кунед;
  • Аз тамос бо нафароне, ки гирифтори бемориҳои сироятӣ ҳастанд, худдорӣ кунед;
  • Бо дастони худ ба рӯй, чашм, бинӣ ва даҳони худ нарасед;
  • Хӯрок ва табақҳои худро (коса, қошуқ, пиёла ва ғайра)-ро ба дигарон надиҳед;

Хулоса

Санҷиш муайян намуд, ки метапневмовируси инсон ҳадди ақал аз солҳои 50-уми асри гузашта дар гардиш аст. Овозаҳо дар бораи “вируси нави хатарноки марговар” будани метапневмовируси инсон беасос ҳастанд ва аслан ҳеҷ сабаб барои ба таҳлука афтодан нест.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь