Чӣ санҷида шуд?
Дар саҳифаи иҷтимоии Instagram хабаре зери сарлавҳаи “Муҳоҷирон дар Русия метавонанд, барои идораи воситаи нақлиётӣ ҷарима шаванд” паҳн (бойгонӣ) шудааст. Дар матни мавод дақиқан оид ба омилҳо ё сабабҳое, ки боиси ҷарима шудани муҳоҷирон мегардад, гуфта нашудааст.
Оё ин воқеият дорад? Аввалин саволест, ки аз хондани сарлавҳаи маводи мазкур ба миён меояд.
Барои равшани андохтан ба ин масъала мо маводи мазкурро мавриди санҷиш қарор додем.
Ҳукмнома: Ҳақиқат
Дарвоқеъ, сар аз 1-уми апрели соли 2024 муҳоҷирон баъди гирифтани шаҳрвандӣ ё иҷозатномаи иқомати Русия дар давоми 1 сол бояд шаҳодатномаи ронандагии худро ба шаҳодатномаи ронандагии Русия иваз намоянд.
Чӣ гуна санҷида шуд?
Ҷустуҷӯ нишон медиҳад, ки қонуни Федералии Русия «Дар бораи бехатарии ҳаракат дар роҳ» нав нест. Расонаҳои Русия соли 2024 навиштаанд, (1 (бойгонӣ), 2 (бойгонӣ), 3 (бойгонӣ)) ки аз аввали моҳи апрели соли 2024 ба ин қонун чанд тағйирот ворид шуд.
Матни қонуни мазкур дар сомонаи kremlin.ru (бойгонӣ) ва pravo.gov.ru (бойгонӣ) нашр шудааст.
Бар асоси ин қонун аз аввали моҳи апрел дар Русия қоидаҳои нав барои ронандагон муқаррар шудааст. Тибқи тағйирот ба моддаҳои 25 ва 26 Қонуни федералии «Дар бораи бехатарии ҳаракат дар роҳ» (Қонуни Федералии № 196 аз 10.12.1995) категорияҳои муайяни ронандагоне, ки шаҳодатномаҳои ронандагии хориҷӣ ва байналмилалӣ доранд, бояд шаҳодатномаи ронандагии Русияро гиранд.
Навовариҳо ба онҳое дахл доранд, ки иҷозатномаи иқомат (вид на жительство) ё шаҳрвандии Русияро гирифтаанд. Онҳо бояд дар давоми як соли шаҳрванди эътироф шудан ё гирифтани иҷозатномаи иқомат шаҳодатномаи ронандагии худро ба шаҳодатномаи Русия иваз кунанд. Яъне барои иваз намудани ҳуҷҷати ронандагии нафарони бо ини мақом як сол мӯҳлат дода мешавад.

Яъне дар матни қонуни мазкур дақиқан муайян шудааст, ки дар кадом ҳолатҳо аз ҷониби муҳоҷирон ин қонун нақз мешавад.
Хулоса
Хабари мавриди санҷиши мо воеқият дорад. Ҳамакнун муҳоҷироне, ки талаботи моддаҳои 25 ва 26 Қонуни Федералии Русия «Дар бораи бехатарии ҳаракат дар роҳ»-ро риоя намекунанд, метавонанд ҷарима шаванд.