Чӣ санҷида шуд?
Як навори суханронии президенти тозатаъини Амрико Доналд Трапм бобати талаби бекор кардани барномаи Корти сабз ё ба истилоҳи маъмули “Green Card” дар шабакаи иҷтимоии Instagram нашр (бойгонӣ) шуда, боиси баҳсу нигарониҳо гаштааст.
Дар навори мазкур, ки пас аз дар интихобот ба маснади Президентии Амрико ғолиб (бойгонӣ) омадани Доналд Трамп паҳн гаштааст, вай мегӯяд “Имрӯз ман ба раванди бекорсозии барномаи Diversity lottery оғоз кардам. Ман аз Конгресс хоҳиш мекунам, ки фавран барои бекорсозии барномаи Diversity lottery ба кор шуруъ кунад…”
Корти сабз барномаи сертаваҷҷӯҳи Амрико аст, ки ҳамасола садҳо ҳазор аз тамоми дунё дар он иштирок ва умед ба ғолибият мекунанд. Оё Трамп дарвоқеъ чунин гуфтааст? Мо инро муайян мекунем.
Ҳукмнома: Дурӯғ
Навори суханронии Трамп бобати пешниҳоди бекорсозии барномаи Green Card 6 сол муқаддам замоне сабт ва расонаӣ шудааст, ки вай давраи аввали вазифаи президентиро адо мекард.
Чӣ гуна санҷида шуд
Ҷустуҷӯи навор нишон дод, ки аслан шакли оригиналии навори мазкур аввали моҳи ноябри соли 2017 расонаӣ шудааст (1, 2, 3). Дар наворе, ки Youtube канали CBS News санаи 1 ноябри соли 2017 нашр намудааст, раисҷумҳури феълии Амрико доир ба тасмими хотима бахшидан ба лотареяи Green Card суханронӣ кардааст. Дар ин суханронӣ, ки пас аз ҳамлаи террористӣ (бойгонӣ) ва кушта шудани 8 нафар дар Ню Йорк баргузор шудааст, президент Трамп таъкид кардааст, ки мехоҳад “Diversity Visa Lottery Program” -ро қатъ кунад, зеро ҳамлагаре, ки ин ҷиноятро содир намудааст, ба ин кишвар тариқи ҳамин барнома ворид шудааст. Трамп дар суханронӣ гуфт: “Имрӯз ман ба раванди бекорсозии барномаи Diversity Lottery оғоз мекунам. Ман аз Конгресс хоҳиш мекунам, ки фавран бекор намудани барномаи, Diversity Lottery ба кор шурӯъ намоянд. Ин хуб садо медиҳад, вале хуб нест. Ин хуб нест. Ин хуб набуд. Мо бар зидди ин будем. Аз ин лиҳоз мо фавран бо Конгресс барои бекор кардани ин барнома кор мекунем. Мо барномаро дар асоси шоистагӣ мехоҳем, то одамон дар асоси хизматҳояшон ба кишвари мо биёянд ва мо мехоҳем, аз муҳоҷирати занҷирӣ халос шавем…”
Он замон Трамп ҳатто дар саҳифаи Twitter-и худаш ҳам дар бора изҳорот нашр (бойгонӣ) карда буд.
Вале Конгресси Амрико дар он вақт ин пешниҳоди Трампро рад (бойгонӣ) кардааст.

Яъне навори мазкур, беш аз 6 сол муқаддам паҳн шудааст. Ва ин танҳо як пешниҳоде буд, ки пазируфта нашуд.
Хулоса
Навори мавриди санҷиши мо на баьди ғолибияти Трамп дар интихоботи 5 ноябри соли 2024, балки соли 2017 сабт шудааст. Онро дубора паҳн карда, мехоҳанд таваҷҷӯҳ ба даст биёранд.