Чӣ санҷида шуд?
“Иқдоми WhatsApp ба ифтихори 15-солагӣ” –корбарони паёмрасони WhatsApp аз дӯстону шиносҳояшон бо ҳамин мазмун мактубҳо гирифтаанд. Дар паёмак гуфта мешавад, ки “мессенҷер 15-сола мешавад, бинобар ин шумо бояд ба 10 дӯсти худ ин паёмро фиристед”. Ба ивази иҷрои ин амал, барои истифодабарии ин барнома 900 смайлики нав ва галочкаи сабз ваъда карда мешавад.
Ин паёмак то куҷо воқеият дорад, муайян мекунем.
Ҳукмнома: Фейк
Ин паёмак сохта аст ва дар суръати иҷроиши шартҳои паёмак ҳеҷ тағйироте дар низоми кории WhatsApp ба вуҷуд намеояд.

Чӣ гуна санҷида шуд?
Ширкати WhatsApp аввали соли 2009 таъсис (бойгонӣ) ёфтааст. Бо назардошти ин 15-солагии ширкат дар соли 2024 иттифоқ афтодааст, на 2025.
Дар сомонаи расмии WhatsApp роҷеъ ба ин иқдоми ширкат ҳеҷ маводе нашр нашудааст. Дар ҳоле, ки ширкатҳои маъруф тасмиму иқдомҳои муҳими худро дар сомона ва саҳифаҳои расмии худ нашр мекунанд.
Ҷустуҷӯи мо тариқи калимаҳои калидии дар паёмакомада маълум намуд, ки дар гузашта ҳам паёмакҳои ба ин монанд бо забонҳои русӣ (бойгонӣ) ва англисӣ (бойгонӣ) паҳн шуда буд, ки ҳамаи онҳо бардурӯғ буданд.

Хулоса
Ин паём бардурӯғ аст ва ба ширкати расмии WhatsApp рабте надорад. Лутфан онро ба корбарони дигар нафиристед, то маълумоти бардурӯғ паҳн нашавад.
Муфассалтар бо ҳукмномаҳои мо ва тафсироти онҳо метавонед, дар бахши «Ҷадвали ҳукмномаҳо» шинос шавед. Дар ҳолати норизоӣ бо ҳукмномаҳои баровардаамон нисбат ба ягон муҳтаво ё изҳороти санҷидашуда метавонед, бо мо дар тамос шуда, исботи нодурустии онро пешкаш намоед. Дар ҳолати зарурӣ имконияти бозбинии ҳукмномаҳо вуҷуд дорад.