Рухшона Ҳакимова – рӯзноманигори 31-солаи тоҷик, 5-уми феврали соли равон аз сӯйи Додгоҳи олии Тоҷикистон ба 8 соли зиндон маҳкум шудааст. Ӯ ду тифли хурдсол дошт, ки яке дунимсола ва дигаре даҳмоҳа.
Гуфта мешавад, мақомот ӯро тибқи моддаи 305-и КҶ ҶТ «Хиёнат ба давлат» гунаҳкор донистаанд, ҳарчанд худаш ин иттиҳомро рад кардааст. Рухшона Ҳакимова бо далели доштани ду тифли хурдсол дар озодӣ буд, вале ҳамаи аснодаш мусодира шуда буданд. Қаблан, додситон барои ӯ 17 сол маҳрумӣ аз озодӣ хоста буд.
Ҳакимова, ки беш аз даҳ сол дар расонаҳои гуногуни кишвар фаъолият намудааст, пас аз эълони ҳукм дар толори додгоҳ бошдошт шудааст. Мутобиқи қарори додгоҳ, ду кӯдаки хурдсоли ӯ – яке дунимсола ва дигаре даҳмоҳа, ба парастории хешовандонаш супорида шудаанд.
Ба иттилои радиои «Озодӣ», парвандаи ҷиноӣ нисбати ин рӯзноманигор ҳанӯз моҳи июни соли 2024 оғоз ёфта, тибқи як манбаъ, ба таҳқиқоти ӯ дар бораи «нуфузи Чин дар Тоҷикистон» иртибот дорад. Аммо бо сабаби махфӣ будани парванда ва баргузории мурофиаи пӯшида, ҷузъиёти бештари он номаълум боқӣ мондааст.
Созмони байналмилалии Human Rights Watch қаблан аз мақомоти Тоҷикистон даъват ба амал оварда буд, ки парвандаро қатъ намоянд. Вакили мудофеи Ҳакимова изҳор дошт, ки нисбати ин ҳукм ба зинаи болоии додгоҳ шикоят хоҳад кард.
Рухшона Ҳакимова, ки барандаи якчанд ҷоизаҳои журналистӣ мебошад, дар қатори нуҳ рӯзноманигор ва блогнависони дигари тоҷик қарор гирифт, ки дар ду соли охир ба муҳлатҳои тӯлонии зиндон маҳкум шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки Рухшона Ҳакимова хатмкардаи бахши рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, фаъолияти худро соли 2013 дар Маркази таҳқиқоти журналистӣ оғоз кардааст. Корманди нашрияҳои «Самак», «Фараж» ва «Ҷавонони Тоҷикистон» буд. Матолиби таҳлилияш дар сомонаҳои «CABAR.asia» ва «Factcheck.tj» низ нашр шудаанд. Барандаи ҷоизаи ба номи Воҳид Асрорӣ, ҷоизаҳои Кумитаи ҷавонон, Эътилофи бонувони журналист ва «Медиа-Алянс»-и Тоҷикистон аст.