Чӣ санҷида шуд?
Дар фазои интернет маводи таблиғотие аз тариқи як вебсайти монанд ба оҷонсии хабарии “Asia-Plus” паҳн шуда истодааст, ки дар он гуфта мешавад, гӯё ба Таҳмина Раҷабова пас аз изҳороти баҳсбарангезаш зиндон таҳдид мекунад. “Бонки Миллии Тоҷикистон пас аз изҳороти баҳсбарангезаш ӯро ба додгоҳ мекашад. “Бо ин усул касе бекор намемонад ва ҳар сокини Тоҷикистон дар фаровонӣ ба сар мебарад””, -омадааст дар мавод.

Дар матлаб зикр шудааст, гӯё ҳунарпеша Таҳмина Раҷабова дар як сӯҳбати ҳазфшудае бобати нақшаи зуд пул кор карданаш гуфтааст ва ӯ ҳамроҳ бо мизбон Ёдгор Исломбеков бо сармоягузорӣ ҳамагӣ 100 доллар сарватманд шуданро нишон медиҳанд. Дар ин мавод платформае бо ном Immediate Fortune тарғиб шудаст.
Аммо то куҷо ин воқеият дорад?
Ҳукмнома: Фейк
Вебсайте, ки матлаби мазкурро паҳн карда истодааст, қаллобӣ аст ва ба оҷонсии хабарии “Asia-Plus” рабт надорад.
Чӣ гуна санҷида шуд?
Дар мавод чанд нуктаи шубҳанок вуҷуд дорад:
- Набудани сарчашмаҳои воқеӣ – ҳарчанд дар сарлавҳаи мавод дар бораи мусоҳибаи Таҳмина Раҷабова таъкид шудааст вале на худи мусоҳиба оварда шудааст ва на линки мусоҳиба ҷой дода шудааст.
- Ба додгоҳ кашида шудани Таҳмина Раҷабоваро Бонки миллии Тоҷикистон ё ҳеҷ манобеи расмии дигар тасдиқ намекунанд.
- Ваъдаҳои ғайривоқеӣ – дар мавод гуфта шудааст, ки “ҳар кас метавонад, бой шавад” ва шумо метавонед, дар як ҳафта 100 доллар маблағгузорӣ карда ба 2,456 доллар табдил диҳед. Ин методи низомҳои қаллобиро монанд аст.
Мо пайванд ё линки маводи мазкурро тариқи портали Scamadviser, ки ба санҷиши эътимодбахшии вебсайтҳои интернетӣ сарукор дорад, санҷидем (бойгонӣ). Портали мазкур сатҳи эътимодбахшии сайтро хеле паст арзёбӣ карда, маълум намуд, ки ин вебсайт ҳамагӣ чанд ҳафта қабл сохта шудааст.

Акси Таҳмина Раҷабова ва ровӣ Ёдгор Исламбеков, ки дар маводи мазкур истифода шудааст, баргирифта аз як мусоҳибаи байни байни онҳо аст, ки дар саҳифаи Youtube-и “KING I” санаи 14 октябри соли 2021 нашр шудааст.

Дар ягон қиcмати мусоҳибаи аслӣ, ки инҷон нашр шудааст, он нуктаҳое, ки дар маводи мавриди санҷиши мо аз забони Таҳмина Раҷабова оварда шудааст, мушоҳида намешавад.
Оҷонсии хабарии “Asia-Plus” низ бо нашри (бойгонӣ) изҳороти расмӣ ҳушдор додааст, ки “Қаллобон аз номи “Asia-Plus” иттилооти бардурӯғ паҳн кардаанд”. “Хонандагони азиз!
Дар интернет саҳифаи қалбакӣ пайдо шуд, ки бо намои хабаргузории мо «Азия-Плюс» паёмҳои бардурӯғ паҳн карда, хидматҳои шубҳанок пешниҳод мекунад. Ба самъи шумо мерасонем, ки ин сайт ба мо рабте надорад ва қалбакӣ аст.”

Сомонаи factcheck.tj дар гузашта чанд матлаби (1, 2, 3) аз лиҳози сохтор ба ин монандро санҷида исбот намуда буд, ки ҳамаи онҳо фейк ҳастанд.
Хулоса
Маводи мазкур дар вебсайти сохтаи зоҳиран монанд ба Asia-Plus паҳн шудааст. Ин дар ҳолест, ки мудирияти оҷонсии иттилоотии “Asia-Plus” расман саҳифаи мазкурро “фейкӣ” гуфта, навиштааст он ба “Asia-Plus” ҳеҷ иртиботе надорад.