Фейк | “Муҳаммадсобир Файзов шартнома баста, ба ҷанги Украина меравад” (акс)

Чӣ санҷида шуд?

Рӯзҳои ахир дар фазои маҷози акси Муҳаммадсобир Файзов, яке аз гумонбарони ҳамлаи террористӣ ба “Крокус сити Ҳолл”-и Маскав, ки зоҳиран дар шароити берун аз маҳбас аст, паҳн (бойгонӣ) шудааст. Дар аксҳои паҳншуда, дида мешавад, ки номбурда бо риши дароз ва дар тан либоси низомӣ дорад. Вай рӯи мизе нишаста, дар паси ӯ либосу лавизомоти ҳарбӣ дида мешавад. Дар матни зери акс навишта шудааст, ки “Муҳаммадсобир Файзове, ки дар таркиши “Крокус” ширкат дошт, шартнома баста дар ҳайати гурӯҳи “Аҳмат” ба ҷанг меравад”.

Бо ҳадафи муайянсозии воқеият доштан ё надоштани ин хабар, мо акси мазкурро мавриди санҷиш қарор додем.

Ҳукмнома: Фейк

Аксҳое, ки мавриди санҷиш қарор ёфтанд, сохтакорӣ шуда, асоси воқеӣ надоранд.

Чӣ гуна санҷида шуд?

Агар ба акси мазкур, ки дар он чеҳраи Муҳаммадсобир Файзов дида мешавад, таваҷҷӯҳ кунем, номувофиқатӣ дар баъзе аз ҷузъиёт дида мешавад, ки он далели сохта будани акси мазкур аст. Масалан, дар пеши субъект дар рӯйи миз смартфон ба чашм мерасад. Ба рӯйи экрани смартфон таваҷҷуҳ кунед, дар он чеҳраи нафареро мебинед, ки дар сар сарпӯш надорад, ва ранги пӯсташ каме сиёҳтар аст. Ин дар ҳолест, ки Муҳаммадсобир Файзов дар сар сарпӯш дорад, шакли абрӯвонаш ҳам аз Муҳаммадсобир Файзов тамоман фарқ мекунад.

Ҷузъияти дигари шубҳабарнгез дар акси мазкур ин аст, ки дар тарафи чапи рӯйи Муҳаммадсобир Файзов рахи монанде ба натиҷаи захм мушоҳида мешавад. Аммо дар ҳамин ҳол дар аксҳое, ки расонаҳои Русия моҳи августи соли 2024 нашр (бойгонӣ) намуданд, дар тарафи чапи рӯйи Файзов пайи захм ё рахе дида намешавад.

Муқоисаи акси мавриди санҷиш бо акси расонаҳои Русия

Як нуктаи дигари номувофиқ дар акси мавриди санҷиши мо бо аксҳои кӯҳнаи Муҳаммадсобир Файзов ранги риши ӯст. Дар ҳамаи аксҳои куҳнаи ӯ ранги ришаш сиёҳ аст, вале бар хилофи ин дар акси мавриди санҷиши мо ранги риши ӯ дигар аст.

Акси мавриди санҷиши мо дар канали телеграмии “Adamyan & Nazarian Live” (бойгонӣ) 18 январ нашр шудааст. Сипас, дар каналҳои дигари ин пойгоҳ ҳам (1 (бойгонӣ), 2 (бойгонӣ) паҳн гардидааст.

Ҷустуҷӯи акси мазкур нишон дод, ки он дар якчанд саҳифаҳои шабакаи Х (пешина Twitter) низ нашр (1 (бойгонӣ), 2 (бойгонӣ)) шудааст. Минҷумла, акси мазкурро дар шабакаи Х саҳифае бо vaala номи пайдо (бойгонӣ) кардем.

Аз тафтиши саҳифаи мазкур аён гардид, ки ин саҳифа акси сохтаи гумонбари дигари ҳамла ба “Крокус сити Ҳолл” Фаридуни Шамсиддинро низ нашр (бойгонӣ) кардааст, ки дар назди ду кӯдаки мактабхоне дида мешавад.

Ин дар ҳолест, ки шакли оригиналии акси мазкур (инҷо (бойгонӣ), инҷо (бойгонӣ), инҷо (бойгонӣ)) нашр шудааст ва аз натиҷаи вохӯрии иштирочиёни ҷанги Русия дар Украина бо хонандагони мактабе дар Тюмен бардошта шудааст.

Ягон расонаҳои расмии Русия, ки ҳоло Муҳаммадсобир Файзов дар боздоштгоҳи онҷо қарор дорад, то ба шоми 15 феврал, соати 18:30 дар бораи бо артиши Русия шартнома бастани вай хабар нашр накардааст.

Ҳамчунин, бояд гуфт, ки тибқи қонунгузории Русия, шахсоне, ки дар боздоштанд ва алайҳашон парванда боз гардида, дар тафтиш қарор дорад, ҳуқуқи бастани шартнома бо Вазорати дифои ин кишварро надоранд.

Ин акси ягонае нест, ки дар он симои судшавандагони ҳамла ба “Крокус Сити Холл” истифода шудааст.

Хулоса

Аксе, ки гӯиё дар он Муҳаммадсобир Файзов бо либоси ҳарбӣ дида мешавад ва дар он гуфта мешавад, ки шартнома имзо карда, дар ҳайати гурӯҳи “Аҳмат” ба ҷанг меравад, воқеият надорад.

Ҳамчунин, акси гумонбари дигари ҳамла ба “Крокус” Фариддуни Шамсиддин, ки гӯиё дар иҳотаи хонандагон мактаб аст, сохта аст ва асоси воқеӣ надорад.

Factcheck.tj
Factcheck.tj
Нахустин платформаи далелсанҷӣ дар Точикистон. Ҳадаф аз роҳандозии ин тарҳ мусоидат ба ҷилавгирӣ аз паҳншавии хабарҳои бардурӯғ дар фазои иттилоотии Тоҷикистон тавассути таъсис ва рушди ниҳоди далелсанҷӣ (фактчекинг) мебошад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь