ҚАТЪИ ФАЪОЛИЯТИ USAID БА ИҚТИСОДИ ТОҶИКИСТОН ЗАРБА МЕЗАНАД?

Доналд Трамп, президенти тозатаъини Амрико рӯзи 20-уми январ пас аз расман ба курсии президентӣ нишастан, кори Оҷонси Рушди Байнулмилалии Амрико ё USAID-як ниҳоди кӯмакрасон ба кишварҳои гуногун, аз ҷумла ба Тоҷикистонро “муваққатан ба муддати 90 шабонарӯз” қатъ кард (бойгонӣ). 

Далели қатъи фаъолияти ин ташкилот коҳиши хароҷоти ҳукумати ИМА гуфта мешавад. Илон Маск, роҳбари Департаменти коромадии ҳукумат (DOGE), ки аз ҷумлаи ҷонибдорони бастшавии ин созмон аст, онро “созмони ҷиноӣ” номида (бойгонӣ), гуфт, “вақти марги он расидааст”.

Гуфтугузорҳо дар бораи ба пуррагӣ бастани ин оҷонсӣ низ расонаӣ мешавад ва аллакай, ҳудуди 2 ҳазор коргари он аз кор озод ва ё ба нафақаи бемузд гусел карда шудаанд. 

Ҳукумати Амрико давоми солҳои истиқлолият ба Тоҷикистон ҳудуди 2 миллиард доллар кӯмак расонидааст(бойгонӣ). Қисми зиёди ин кӯмакҳо тариқи USAID амалӣ мешуд ва ин созмон дар Тоҷикистон тарҳҳои зиёдеро маблағгузорӣ кардааст. Қатъи (муваққатӣ)-и фаъолияти ин созмон, кормандони як қатор ташкилотҳо ва тарҳҳо дар Тоҷикистонро нигарон кардааст. Хабари қатъи муваққатии ин созмон тавассути сафорати ИМА дар Тоҷикистон расман ба ҳама шариконаш ирсол (бойгонӣ) шуд.

Сомонаи расмии USAID, рӯзи 3-юми феврал дастнорас шуд.

Намогирифт аз сомонаи USAID

USAID дар Тоҷикистон кадом тарҳҳоро маблағгузорӣ мекард? Бастшавии ин ташкилот ба иқтисоди Тоҷикистон чӣ таъсир мерасонад? Тақдири кормандони ташкилотҳое, ки барномаи мазкур манбаи асосии маблағгузорӣ ва фаъолияти онҳо буд, чӣ мешавад? Барои кам кардани таъсири басташавии USAID ба Тоҷикистон чӣ бояд кард? Кӯшиш кардем, ба ин саволҳо посух ҷӯем.

USAID чӣ гуна ташкилот аст?

USAID (Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ) — ҳукумати ИМА таъсис додааст ва асосан бо рушди байналмилалӣ ва кӯмакҳои башардӯстона машғул аст. Он соли 1961 бо пешниҳоди Президенти вақтии Амрико Ҷон Кеннеди таъсис ёфта, ҳамасола барои мубориза бо камбизоатӣ, табобати бемориҳо, рафъи оқибатҳои гуруснагӣ ва офатҳои табиӣ миллиардҳо доллар ҷудо мекунад. Илова бар ин, USAID тавассути дастгирии созмонҳои ғайриҳукуматӣ, васоити ахбори омма ва ташаббусҳои иҷтимоӣ “ба бунёди демократия ва рушди иҷтимоӣ” мусоидат мекунад.

Тибқи маълумоти СММ, ҳиссаи USAID тақрибан 40% кӯмаки башардӯстонаи ҷаҳонро ташкил медиҳад. Ба иттилои (бойгонӣ) расонаҳо, дар соли 2023 ин созмон барои кӯмак дар саросари ҷаҳон беш аз 38 миллиард доллари ИМА сарф кардааст. 

Илова бар ин, яке аз самтҳои асосии фаъолияти ин ташкилот мубориза бо Вируси норасоии масъунияти одам (ВНМО) дар тамоми дунё аст. Бино ба оморҳои(бойгонӣ) давлатии ИМА бо табобати ВНМО (PEPFAR), ки яке аз муҳимтарин барномаҳои USAID аст, ҷони 25 миллион нафарро наҷот додааст. Коршиносон тахмин мезананд, ки агар Амрико ин барномаро қатъ кунад, то соли 2029 метавонад боз 6,3 миллион нафар аз бемории СПИД бимиранд (бойгонӣ).

Намогирифт аз сомонаи unaids.org

Ин оморҳо далели он аст, ки то кадом андоза тақдири миллионҳо одамон ба фаъолияти ин созмон вобаста буд. 

Осиёи Миёна: USAID бештар ба кадом давлат кӯмак мекунад?

Ин созмон мегӯяд (бойгонӣ), соли 2024 дар байни кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҳама бештар ба Тоҷикистону Қирғизистон кӯмак ихтисос додааст. Ҳаҷми умумии кӯмакҳо дар Тоҷикистон ҳудуди 58,5 млн ва дар Қирғизистон 45,8 млн доллари ИМА гуфта мешавад. 

Аз ҳаҷми умумии кӯмакҳои созмон ба Тоҷикистон дар соли гузашта қисми зиёди  он барои рушди иқтисод ($22,4 млн) ва ҳифзи саломатии аҳолӣ ($19,39 млн) пешбинӣ шудаанд. Аз ин ҳисоб 8,233 млн барои дастгирии барномаҳои гуногуни иҷтимоӣ, 5,499 млн барои дастгирии соҳаи маориф, 2,82 млн барои дастгирии ғояҳо ҷиҳати таҳқими демократия, ҳуқуқи инсон ва идоракунӣ ва 150 ҳазор доллари ИМА барои таҳкими чораҳои мудофиавӣ ва амниятӣ равона шудааст. 

USAID ба Тоҷикистон боз чӣ гуна кӯмакҳо расонидааст?

Бино ба оморҳои (бойгонӣ) USAID,  он аз соли 2002 то соли 2024 ба воситаи лоиҳаҳои мухталиф ҳудуди 820 млн доллари ИМА кӯмак ҷудо кардааст. Кӯмакҳои созмони мазкур вобаста ба солҳои мутаносибан афзоиш ва кам шудааст.

Ҳаҷми кӯмакҳои USAID ба Тоҷикистон (барои солҳои 2002-202

Аз сарчашмаҳои боз ва маводи расонаҳо чанде аз тарҳҳои азими созмонро ҷамъоварӣ кардем. Бино ба маълумоте, ки дар сомонаи сафорати Амрико дар Тоҷикистон нашр (бойгонӣ) шудааст, ин ташкилот барои рушди иқтисод, тандурустӣ, маориф саҳм гузошта, инчунин дар соҳаҳои энергетика, муҳоҷират ва экология тарҳҳои бузургеро дастгирӣ намудааст: 

Кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ

Тавассути барномаи «Озуқаворӣ ба хотири оянда» USAID ба деҳқонон дар баланд бардоштани ҳосили онҳо ва гузаштан ба ғизои солим кӯмак (бойгонӣ) кардааст. Ба шарофати ин созмон кишоварзони тоҷик ба 39 навъи нави мева аз Амрико дастрасӣ пайдо карданд, ки ба эҳёи боғҳои худ ва ворид шудан ба бозорҳои фоидаовар кумак кард. Якҷоя бо ҳукумати Тоҷикистон USAID беш аз 120 000 деҳқононро бо дастрасии бехатар ба замин ва об таъмин кардааст.

Манбаи акс: саҳифаи Facebook-и USAID Tajikistan 

Дар соли 2020 USAID лоиҳаи панҷсоларо ба маблағи 36 миллион доллар оғоз кард (бойгонӣ), ки ҳадафаш беҳбуди амнияти озуқаворӣ ва коҳиши камғизоӣ дар кишвар мебошад. 

Тарҳи дигаре, ки ин созмон дастгирӣ кардааст(бойгонӣ), барои баланд бардоштани рақобатпазирии тиҷорати аграрӣ дар Тоҷикистон (ACAT) бо буҷаи 18,6 миллион доллари ИМА аз соли 2018 то соли 2023 амалӣ шудааст.

Соли 2024 дар Тоҷикистон истеҳсол ва истифодаи биогаз(бойгонӣ) дар хонаводаҳо бо дастгирии барнома USAID роҳандозӣ шуд, ки мушкилоти харидори маводи сӯхт ва таъминот бо гармиро ҳал мекунад. 

Энергетика ва экология

Соли 2024 USAID лоиҳаи “Минтақаҳои энергияи барқароршаванда”-ро оғоз кард, ки ба рушди энергияи офтоб ва шамол нигаронида шудааст.

Лоиҳа барои сохтмони нерӯгоҳҳои барқи офтобӣ бо иқтидори умумии 10000 МВт 22 майдон, инчунин 5 минтақаи нерӯгоҳҳои шамол, ки тавлиди умумии онҳо 3000 МВт мебошад, ҷудо карда шудааст. Ин рақам аз иқтидори энергетикии мамлакат ду баробар зиёд аст.

Манбаи акс: саҳифаи Facebook-и USAID Tajikistan 

Дар ҳамкорӣ бо ҳукумат дар Мурғоб як нерӯгоҳи офтобии 200 киловатт бо анбори аккумулятор насб шуд(бойгонӣ), ки маҳаллаҳои дурдастро бо нерӯи барқ ​​таъмин мекунад. Ин созмон ҳамчунин аз ташаббусҳои истифодаи оқилонаи манобеъи об пуштибонӣ мекунад ва бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳалли масоили мудирияти обҳои фаромарзӣ ҳамкорӣ мекунад.

Ҳифзи тандурустӣ

Мубориза бо ВИЧ/СПИД: Аз соли 2003 Тоҷикистон дар чаҳорчӯби барномаи PEPFAR (ибтикори ҷаҳонии ҳукумати ИМА) барои мубориза бо эпидемияи ВИЧ/СПИД 38 миллион доллари ИМА дарёфт кардааст.

Назорати сил: Дар соли 2023 USAID як лоиҳаи панҷсолаи 20 миллион доллари ИМА-ро оғоз кард, ки мақсади он аз байн бурдани бемории сил дар кишвар мебошад. Ҳадафи лоиҳа такмили ташхис, табобати саривақтӣ ва пешгирии паҳншавии сироят буд. Ҳоло тақдири он чӣ мешавад, маълум нест.

Манбаи акс: саҳифаи Facebook-и USAID Tajikistan 

Аз моҳи августи соли 2022, дар доираи лоиҳаи «Ҷомеаи ман бидуни сил”(бойгонӣ), USAID ба ҷорӣ намудани видеотерапевт барои бемории сил дар низоми тандурустӣ – усули инноватсионии табобат, ки дар он беморон метавонистанд дар ҷои муносиб барои онҳо таҳти назорати доимии мутахассис тавассути алоқаи видеоӣ табобат гиранд, оғоз намуд. Ин технология имкон дод, ки табобати амбулаторӣ бомуваффақият анҷом дода шавад.

Тибқи иттилои расмӣ, дар тӯли беш аз ду сол 113 нафар аз бемории сил комилан шифо ёфта, 85 нафар беморон табобатро идома додаанд.

Тандурустии модару кӯдак: Тавассути лоиҳаи панҷсолаи “Модари солим, кӯдаки солим”(бойгонӣ), ки соли 2021 оғоз шуда буд, ба маблағи 17,3 миллион доллари ИМА, USAID дар коҳиши марги модару кӯдак дар 12 ноҳияи вилояти Хатлон кумак кард.

Таъминоти аҳолӣ бо оби ошомиданӣ

Дар соли 2020 ин ташкилот як тарҳи панҷсолаи 12 миллион доллари ИМА-ро эълом(бойгонӣ) кард, ки ҳадафаш таъмини дастрасии ҳудуди 300 ҳазор нафар дар ҷамоатҳои деҳот ва атрофи шаҳрҳои Тоҷикистон ба оби ошомиданӣ мебошад.

Ба истифода додани нуктаи обуи нушоки лар яке аз минтақаҳои Тоҷикистон / Манбаи акс:USAID Tajikistan

Маориф

Аз соли 2002 инҷониб USAID барои рушди маориф дар Тоҷикистон 60 миллион доллар ҷудо кардааст(бойгонӣ). Дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илм ин созмон қариб 80 фоизи мактабҳои мамлакатро бо 1,3 миллион дона китоб таъмин намуд, 1560 китоб бо алифбои “Брайл” чоп карда ва 61 китоби аудиоӣ барои кӯдакони сустбин таҳия кардаааст.

Муҳоҷират

USAID тавассути барномаҳои радиоӣ ва дарсҳои видеоӣ ба ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар бораи муҳоҷирати бехатар кӯмак мерасонад. Дар чаҳорчӯби хадамот 62 ҳазору 650 шаҳрванди Тоҷикистон машваратҳои ҳуқуқӣ ва равонӣ гирифтанд. Ба 400 муҳоҷире, ки ҳаққи вуруд ба Русияро надоштанд, барои ворид шудан ба ҷомеаи худ кӯмакҳои иҷтимоӣ ва молӣ дарёфт карданд.

COVID – 19

Аз моҳи марти соли 2020 USAID барои мубориза бо пандемия дар Тоҷикистон 10,2 миллион доллари ИМА ҷудо кардааст(бойгонӣ). Дар доираи кӯмак ба кишвар беш аз 1,8 миллион воксинҳои “Модерна” ва “Пфайзер” дарёфт карда шуд. Ташкилот инчунин санҷиш, омӯзиши кормандони соҳаи тиб ва таъмини лавозимоти тиббиро дастгирӣ кард.

Манбаи акс: саҳифаи Facebook-и Маркази матбуотии Вазорати тандурустии Тоҷикистон

Қатъи фаъолияти USAID ба Тоҷикистон чӣ таъсир мерасонад?
Бо дарназардошти ҳаҷми кӯмакҳои созмони USAID коршиносон мегӯянд, ки ин тасмими роҳбарияти феълии Амрико ба баъзе аз соҳаҳо ва ё тарҳҳои вобаста аз мабалағгузори ин созмон дар кишварҳои кӯмакрасон, махсусан Тоҷикистон таъсири чашмрас хоҳад дошт. 

Вале Султон Раҳимзода, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ рӯзи 11-уми феврал дар ҳузури хабарнигорон гуфт(бойгонӣ), қатъи кӯмакҳои Оҷонсии рушди байналмилалии Амрико ё USAID “барои Тоҷикистон таъсири бузурге намерасонад”.

Султон Раҳимзода / Манбаи акс: сомонаи Asia Plus

Ба гуфтаи Раҳимзода, он кӯмакҳои техникие, ки ташкилоти мазкур мерасонад, на он қадар калон буда, мустақиман ба вазорату идораҳо ва мақомоти маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ равона мешавад.

“Мо бо USAID дар самти татабиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ иртибот ва ҳамкорие надорем. Масалан, дар 90 лоиҳаи сармоягузории давлатие, ки мо дорем, саҳми ин ташкилот умуман нест. Аз ин рӯ, мо гуфта наметавонем, ки басташавии ин ташкилот барои мо таъсирпазирии зиёде дошта бошад”, – таъкид намудааст, номбурда. 

Дар ҳамин ҳол, Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии ҷумҳурӣ рӯзи 10-уми феврал дар нишасти хабарӣ гуфт, ки ин ниҳод роҳҳои дигари идомаи корро ҷустуҷӯ хоҳад кард, то дар ин соҳаҳо мушкилот пеш наояд.

«USAID дар самтҳои мубориза бар зидди бемории сил, ВНМО, вараҷа, инчунин дар соҳаи ҳифзи саломатии модару кӯдак ва ҳифзи иҷтимоӣ кор мекунад. То муайян шудани низоми фаъолияти ояндаи USAID, мо роҳҳои дигари идомаи кори худро ҷустуҷӯ хоҳем кард», – гуфт ӯ.

Ҷамолиддин Абдуллозода / Манбаи акс: саҳифаи Facebook-и Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ 

Ба нақли Абдуллозода Вазорат баҳри ҳалли масоили маблағгузорӣ дар ин самтҳо тасмими ҳамкорӣ бо Фонди глобалии мубориза бо сил, ВИЧ/СПИД ва вараҷаро амалӣ кардан мехоҳад. 

Тибқи маълумоти USAID соли 2024 ин созмон барои ҳифзи беҳдошти аҳолӣ дар Тоҷикистон 19,39 млн доллари ИМА ҷудо кардааст. 

Вале Темур Умаров, таҳлилгарои Осиёи Марказӣ ва корманди илмии Бунёди Карнеги иддао дорад, ки ҳарчанд, қатъи фаъолияти созмони мазкур низ ба иқтисоди минтақа таъсири калон нахоҳад дошт ,вале бо ин вуҷуд дар баъзе аз соҳаҳо таъсири қатъи фаъолияти созмон эҳсос хоҳад шуд. Ин коршинос ба хабаргузории минтақавии Fergana(бойгонӣ) гуфтааст, ки «Дар баъзе соҳаҳо, масалан, кишоварзӣ, маориф, мубориза бо гуруснагӣ, ки USAID дар лоиҳаҳои зиёд иштирок кардааст, албатта коҳиш хоҳад ёфт. Аммо, ҳолате, ки ММД-и Қирғизистон ё Тоҷикистон сахт ба кумакҳои беруна вобаста буд, дигар чунин нест. Ҳарчанд баъзе «ҷабрдидагон» хоҳанд буд: Ман метарсам, ба баъзе созмонҳои ғайридавлатие, ки аз ИМА маблағ мегирифтанд, зарурати басташавӣ пеш меояд», – шарҳ додааст Умаров.

Темур Умаров / Манбаи акс: саҳифаи коршинос дар Telegram

Ба гумони ин коршинос тасмими мазкури Трамп аз байни кишварҳои минтақа, бештар ба Тоҷикистон ва Қирғизистон таъсир хоҳад дошт. 

Муҳаммад Шамсуддинов сиёсатишиноси тоҷик мегӯяд(бойгонӣ), ки қатъи фаъолияти USAID ва умуман кумаки Амрико ба ҳалли мушкилоте, ки кишварҳое мисли Тоҷикистон бо онҳо рӯбарӯ ҳастанд, таъсири ҷиддие хоҳад дошт. 

Муҳаммад Шамсуддинов / Манбаи акс: саҳифаи коршинос дар Facebook

Қатъи фаъолияти ин созмон метавонад, ба зиндагии ҳазорон хонаводаҳое, ки аз ин оҷонсӣ кӯмак мегиранд, зарба занад; барои тиҷоратҳое, ки дар рушди худ аз ин ташкилот дастгирӣ мегиранд; ба фаъолияти деҳқононе, ки иқтисодиёт ва некӯаҳволии ҷомеа ба онҳо вобаста аст.

Қатъи кӯмак ба саломатии аҳолӣ зарар мерасонад, ба сифати таҳсилот, рушди нерӯи энергетикӣ ва гузариш ба иқтисоди сабз таъсир мерасонад.” – навиштааст ин сиёсатшинос дар матлаби вижае, ки ба паёмадҳои эҳтимолии басташавии USAID ихтисос дода шудаст. 

Ин гуфтаҳои Шамсуддинов дар ҳолест, ки вазорати тандурустии Тоҷикистон дар нишасти ҷамъбастии солонаи худ бобати қатъшавии кӯмакҳои USAID изҳори назар карда, қайд намуд(бойгонӣ), ки ин созмон дар самтҳои мубориза бо сил, ВИЧ/СПИД ва вараҷа маблағгузорӣ мекунад.

Чӣ бояд кард?

Додгоҳи федеролии округи Колумбия рӯзи 13 феврал маъмурияти Доналд Трампро муваззаф кард, ки барномаҳои кӯмакҳои хориҷиро, ки барои 90 рӯз боздошта буданд, барқарор кунад. Дар ин бора расонаи  Politico(бойгонӣ) иттилоъ додааст. 

Ба навиштаи ин расона, Додгоҳи федералӣ Амир Алӣ амр додаст, ки маблағгузорӣ ба садҳо пудратчиёни кӯмаки хориҷӣ барқарор карда шавад. 

Ин додгоҳ гуфтааст, ки маъмурияти Трамп натавонист зарари фавқулодаеро, ки дар натиҷаи қатъи густурдаи кумакҳои хориҷӣ ба вуҷуд омадааст, баррасӣ кунад. 

Иддае аз мансабдорони баландпояи Амрико ҳам иҷроиши ин тасмими Трапмро зери суол кашида гуфтаанд(бойгонӣ), ин иқдом метавонад, мавқеи Амрикоро дар самтҳи ҷаҳонӣ коҳиш диҳад. 

Поёни ин баҳсҳо бо чӣ меанҷомад, ҳанӯз норӯшан аст. Вале ба давлатҳое чун Тоҷикистон, ки амалисозии як қатор тарҳҳои муҳими иҷтимоӣ ба маблағгузории USAID вобаста шудааст, омодабошӣ ба вазъи гуногун аз манфиат холӣ нест.  

Дар робита ба ин масъала коршиноси тоҷик Муҳаммад Шамсуддинов мегӯяд, Тоҷикистон метавонад, холигии USAID-ро тавассути ҷустуҷӯи манбаъҳои дигаре чун Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои узви он, ки ҷои ин оҷонсиро иваз карда метавонанд, пур кунад.

Factcheck.tj
Factcheck.tj
Нахустин платформаи далелсанҷӣ дар Точикистон. Ҳадаф аз роҳандозии ин тарҳ мусоидат ба ҷилавгирӣ аз паҳншавии хабарҳои бардурӯғ дар фазои иттилоотии Тоҷикистон тавассути таъсис ва рушди ниҳоди далелсанҷӣ (фактчекинг) мебошад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь