Чӣ санҷида шуд?
“Пагоҳ дар WhatsApp наворе бо номи MARTINELLI паҳн мешавад. Онро накушоед, он телефони шуморо рахна(взламывает) мекунад ва ҳеҷ чора онро ислоҳ карда наметавонад…”, – ин иқтибос аз паёмаке аст, ки байни корбарони паёмрасони WhatsApp акси он ба таври васеъ паҳн шуда истодааст. Дар паёмак аз вирусҳое ҳушдор дода мешавад, ки гӯё дар шакли навор паҳн мешавад ва дар суръати кушодани навор дастгоҳи корбар олудаи вирус мешавад. Дар поёни паёмак омадааст, “Навореро бо унвони “РАҚСИ ПОП”- (“DANCE OF THE POPE”) накушоед. Ин вирус телефони мобилии шуморо тоза мекунад. Огоҳ бошед, он хеле хатарнок аст”.
Дар ниҳоят гуфта шудааст, ки дар сурати дарёфти огоҳӣ бобати навсози кардани барномаи WhatsApp ба WhatsApp Gold ҳаргиз ин навсозиро фаъол накунед, чун гӯё хатар дорад.
Бо хоҳиши чанде аз хонандагон, мо ин паёмакро мавриди санҷиш қарор додем.
Ҳукмнома:Фейк
Ин паёмак зомбӣ-фейк аст. Дар гузашта он бо чанд забон паҳн шуда буд ва ахиран дубора ба гардиш омада, бо забони тоҷикӣ низ паҳн гардид.

Чӣ гуна санҷида шуд?
Аввалин нуктаи шубҳабарнгез дар паёмак ин аст, ки дар матни он ишора ба ягон сарчашма ё ниҳод нашудааст.
Агар паёмакро таҳлил кунем, он аз се қисмат иборат аст:
- навори зараровари MARTINELLI
- навори зараровари “РАҚСИ ПОП”- (“DANCE OF THE POPE”)
- барномаи хатарноки WhatsApp Gold
Ҷустуҷӯи мо нишон медиҳад, ки матни пурраи паёмаки мавриди санҷиш, шакли ба ҳам омехташудаи 3 фейк аст, ки дар давраҳои гуногун паҳн шудааст.
Аввалин мавод дар бораи “видеои зараровари MARTINELLI”, дар Италия соли 2017 пайдо шуданд. Баъдан полиси маҳаллии ин кишвар паёмаки мазкурро рад карда (бойгонӣ), гуфтааст ки чунин навор вуҷуд надорад ва аз ин рӯ, он наметавонад, телефонро олуда кунад.

Фейк дар бораи “Рақси Поп” бошад, ҳанӯз соли 2015 расонаӣ гашта, пойгоҳи Snopes (бойгонӣ) онро рад карда буд.
Бобати барномаи WhatsApp Gold базъе расонаҳо навиштааст (бойгонӣ), ки он воқеан вуҷуд дорад ва як қатор дигаргуниҳо назар ба шаклҳои дигари ин мессенҷер дорад.
Вале худи ширкати WhatsApp дар сомонаи расмиаш навиштааст (бойгонӣ), ки “Мо тавсия медиҳем, ки шумо ҳамеша танҳо барномаи расмии WhatsApp-ро истифода баред. Пеш аз зеркашии барномаи расмии мо, мо тавсия медиҳем, ки таърихи чат, файлҳои медиавӣ ва ҳуҷҷатҳои худро захира кунед. Танҳо таърихи чат, ки бо истифода аз барномаи расмӣ сохта шудааст, дастгирӣ ва бехатар нусхабардорӣ карда мешавад. Замимаи ғайрирасмӣ-ро нест кунед ва ба вебсайти мо равед, то барномаи WhatsApp ё WhatsApp Businessро зеркашӣ кунед ва рақами телефони худро дубора сабт кунед…”
Ҳангоми дар браузерҳо навиштани вожаи “WhatsApp Gold” вебсайтҳои мухталиф пайдо мешаванд. Аммо ҳеҷ яке аз онҳо ба сомонаи расмии WhatsApp роҳнамоӣ намекунад. Аз ин лиҳоз бо назардошти тавсияҳои расмии худи ширкати WhatsApp насби ҳама гуна барномаи тавъамро аз сомонаҳо ва манобеи ғайрирасмӣ тавсия намедиҳем.
Ҷустуҷӯи мо нишон дод, ки ин паёмакро дар гузашта як қатор пойгоҳии далелсанҷӣ ба мисоли Full Fact (бойгонӣ), Newchecker.in (бойгонӣ), Factly (бойгонӣ), Factcheck.kz (бойгонӣ), stopfake.kz (бойгонӣ) мавриди омӯзишу санҷиш қарор дода, фейк будани онро собит намудаанд.
Оё бо тамошои навор дастгоҳи мобилӣ олудаи вирус мешавад?
Далелсанҷони пойгоҳи FullFact бо истинод ба Sophos қайд мекунанд, ки аз ҷиҳати назариявӣ файлҳои видеоии қасдан сироятшуда метавонанд, боиси сирояти дастгоҳи мобилӣ ба зараррасонҳо шаванд, агар дар дастгоҳ осебпазирӣ мавҷуд бошад. Аммо бо ин вуҷуди ин, чунин осебпазириҳо хеле каманд ва зуд ислоҳ карда мешаванд. Яъне эҳтимолияти аз тамошои видео дар WhatsApp, ба вирус сироят ёфтани дастгоҳ ва тоза шудани маълумоти дохили он хеле паст аст. Дар ин матлаб гуфта мешавад, ки таҳдидҳои асосӣ на аз тамошои навор, балки аз зеркашӣ ва насби файлҳои зараровар вобаста ҳастанд.
Асела Вайдяланкара – мутахассис оид ба амнияти рақамӣ ба пойгоҳи далелсанҷии AFP гуфтааст, ки шеваҳои паҳнсозии вирусҳо тариқи наворҳо вуҷуд доранд, аммо то кунун мутахассисони соҳаи амнияти рақамӣ бо вирусҳои зикршудае бо ном Martinelli ва “DANCE OF THE POPE” дучор наомадаанд.
Хулоса
Ягон манбаъ ё пойгоҳи расмӣ тасдиқ намекунад, ки ваҷҳҳои дар паёмак овардашуда воқеият дорад.