Фактчекnews | Аз ихтилоф то иттифоқ: Тоҷикистону Қирғизистон марзро муайян, гузаргоҳҳоро боз ва созишномаҳо имзо карданд

Чанд далели муҳим дар робита ба созишҳои ахири Тоҷикистону Қирғизистон:

  • Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 12-уми марти соли 2025, бо як сафари давлатии дурӯза ба Бишкек рафт. Содир Жапаров, раисҷумҳури Қирғизистон дар Фурудгоҳи байналмилалии “Манас” ҳамтои тоҷикашро пешвоз гирифт.
  • Дар таърихи 13-уми март дар доираи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон, ба Қирғизистон ва мулоқоти ӯ бо Содир Жапаров, созишномаро дар бораи таъини марзи давлатии ду кишвар имзо карданд. Бино ба маълумотҳо Тоҷикистон ва Қирғизистон беш аз ҳазор километр сарҳад доранд. То ба имзои созишнома беш аз 486 километри он номуайян буд ва дар гузашта гоҳо боиси баҳсу хунрезиҳо мешуд. 
  • Дар доираи вохӯрии сарони ду кишвар 16 санади нави ҳамкорӣ имзо гардид. Дар ин санадҳо асосан тақвияти равобити муштарак дар самти обу энергетика, гузаргоҳҳои сарҳадӣ, тиҷорат, гумрук, бехатарии озуқаворӣ ва ғайра пешбинӣ шудааст.
  • Санаи 13 март ду гузаргоҳро дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон боз карданд. “Гулистон” (Қизилбел) ва “Маданият” (Қайрағоч) аз соли 2021 ба инҷониб баста буд. Гуфта мешавад, ки дигар гузаргоҳҳои сарҳадӣ низ боз мегардад.
  • Сар аз 14-уми март хатсайрҳои ҳавоӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон барқарор шуданд. Ширкати “Сомон-Эйр”-и Тоҷикистон дар масири Душанбе-Бишкек-Душанбе баъди таваққуфи тӯълонӣ аз соли 2021 аввалин парвози худро анҷом дод.
  • Ҷомеаи байналмилалӣ аз тавофуқи байни Тоҷикистону Қирғизистон хуш пазироӣ карданд. Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш, созмонҳои Иттиҳоди Аврупо, Созмони Ҳамкории Шонгҳой, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва кишварҳои Русия, Қувайт, Арабистони Саудӣ, Қатар бо нашри изҳороти расмӣ аз созишҳои Тоҷикистону Қирғизистон истиқбол намуданд.  

Мо тими далелсанҷони factcheck.tj, ҳам дар марҳилаи муноқишаҳои ахири марзӣ ва ҳам баъд аз он алайҳи фейк, дурӯғ, дасткорӣ ва маводи популистонае, ки дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуда, ба муносибатҳои ду ҷониб асар мекард, мубориза мебурдем ва мебарем. Муфассал бо матолиби таҳиянамудаи мо, метавонед дар сомонаи factcheck.tj шинос шавед.

Тими мо аз ба созиш омадани Тоҷикистону Қирғизистон хуш истиқбол намуда, умедворем, ки ин заминаи хуб барои беҳтар шудани фазои иттилоотӣ ва такони ҷиддие барои мубориза бо ахбори нодуруст мешавад.

Factcheck.tj
Factcheck.tj
Нахустин платформаи далелсанҷӣ дар Точикистон. Ҳадаф аз роҳандозии ин тарҳ мусоидат ба ҷилавгирӣ аз паҳншавии хабарҳои бардурӯғ дар фазои иттилоотии Тоҷикистон тавассути таъсис ва рушди ниҳоди далелсанҷӣ (фактчекинг) мебошад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь