Дурӯғ | Дар Русия бе патент кор кардан имконпазир шуд

Чӣ санҷида шуд?

Таи рӯзҳои ахир дар расонаҳо хабарҳое бобати он ки гӯё “Дар Русия бе “патент” кор кардан имконпазир шуд” паҳн (бойгонӣ) гардид. Дар хабар гуфта мешавад, Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия қонунеро имзо кардааст, ки бар асоси он муҳоҷирон дар ин кишвар бидуни “патент” кор карда метавонанд. Аммо кор кардан бе “патент” дар асоси фармони Путин чанд шарт дорад. “Ин шартҳо иборат аз онанд, ки муҳоҷирон бояд аз ташхиси изи ангушт, муоинаи тиббии маводи мухаддир ва бемориҳои хатарноки сироятӣ гузаранд”. Дар ин бора чанд (1 (бойгонӣ), 2 (бойгонӣ))  расонаҳои Русия ҳам хабар додаанд. 

Дар пасманзари паҳни ин хабар баъзеҳо навиштанд (бойгонӣ), ки қарори нави Путин танҳо ба минтақаҳои Донетск, Луганск, Херсон ва Запарожйе дахл дорад. 

Ҳукмнома: Дурӯғ

Тибқи Фармони Президенти Федератсияи Русия аз 20.03.2025 № 159 “Дар бораи мушаххасоти вазъи ҳуқуқии категорияҳои алоҳидаи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Федератсияи Русия, тағирот ва беэътибор донистани баъзе фармонҳои Президенти Федератсияи Русия” шаҳрвандони хориҷӣ дар Луганск, Донетск, Запорожйе ва вилояти Херсон метавонанд, бо иҷрои як қатор шартҳо бидуни патент кор кунанд. 

Чӣ гуна санҷида шуд?

Аз нусхаи фармони мазкур, ки дар сомонаи расмии Президенти Русия kremlin.ru (бойгонӣ) ва портали расмии санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ дар Русия – pravo.gov.ru (бойгонӣ) ҷой дода шудааст, бармеояд, ки раисиҷумҳури Русия Владимир Путин рӯзи 20-уми март таҳти №159 фармонеро имзо кард, ки ба шаҳрвандони хориҷӣ ва афроди бешаҳрванд иҷоза медиҳад дар минтақаҳои Луганск, Донетск, Запорожйе ва вилояти Херсон бидуни гирифтани патент кор кунанд. Аммо, барои ин, бояд якчанд шартҳои риоя карда шаванд. Аз ҷумла: 

  • Дар мақомоти ҳудудии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия аз қайди изи ангуштон (дактилоскопия) гузаранд.
  • Барои муайян кардани мавҷудият ё набудани гирифторӣ ба истеъмоли воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бе тавсияи духтур, инчунин бемориҳои сироятӣ, ки барои атрофиён хатар доранд, аз ҷумла сирояти ВНМО аз муоинаи тиббӣ гузаранд.
  • Нусхаи фармон
  • Нусхаи фармон
  • Нусхаи фармон
  • Нусхаи фармон
  • Нусхаи фармон
  • Нусхаи фармон

Аз тарафи дигар, ҳарчанд аз 2 октябри соли 2022 Русия эълон намудааст, ки гӯё ба ном “ҷумҳуриҳои халқии” Донетску Луганск, вилоятҳои Запорожйе ва Херсонро ба ҳайати минтақаҳои Русия дохил (бойгонӣ) кард, вале дар ҳоли ҳозир аксари кишварҳои узви СММ (ба истиснои Белорусия, Ҷумҳурии халқии демократии Корея, Никарагуа ва Сурия) шомилгардонии ин минтақаҳоро ба феҳристи минтақаҳои Федератсияи Русия расман эътироф накардааст (бойгонӣ).

Манбаи акс: саҳифаи UN News дар шабакаи Х

Хулоса

Ба таври умумӣ “Дар Русия бе патент кор кардан имконпазир шуд” гуфтан, таҳрифи ҳақиқат аст. Чунин имтиёз танҳо ба минтақаҳои Луганск, Донетск, Запорожйе ва Херсон пешбинӣ шудааст, ки аз ҷониби Русия дар натиҷаи ҷанги мусаллаҳона ғасб гаштаанд, на ин ки “ҳамроҳ”.

Ҷоиз ба зикр аст, ки сабаби паҳни ахбори нодуруст роҷеъ ба ин масъала расонаҳои Русия амсоли INTERFAX (бойгонӣ) ва газета.ru (бойгонӣ) шудаанд, ки фармони мазкурро нодуруст маънидод кардаанд. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь