Чӣ санҷида шуд?
Аз тариқи паёмрасонҳо байни корбарони тоҷик паёмҳое паҳн шуда истодааст, ки аз ин ба баъд шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон бидуни шиносномаи хориҷӣ метавонанд, сарҳади ин ду кишварро убур намоянд. Чунин паёмакҳо дар байни сокинон овозаҳоеро ба миён овардааст.
Ин овоза дар ҳоле паҳн мешавад, ки санаи 31 марти соли 2025 раисҷумҳурони Ӯзбекистону Қирғизистон Шавкат Мирзиёев ва Содир Ҷабборов ба Тоҷикистон сафар карданд ва дар шаҳри Хуҷанд бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидор (бойгонӣ) доштанд.
Ҳумнома: Дурӯғ
Хабарҳо бобати он ки ҳамакнун сокинони Тоҷикистону Ӯзбекистон сарҳади ин ду кишварро метавонанд, бидуни шиносномаи хориҷӣ убур кунанд, тасдиқи худро наёфтанд.
Чӣ гуна санҷида шуд?
Дар Осиёи Марказӣ таҷрибаи бидуни шиносномаи хориҷӣ убур кардани марз барои осон кардани рафтуомади шаҳрвандон аз соли 2023 байни Ӯзбекистону Қирғизистон амалӣ мешавад. Сар аз 1 сентябри соли 2023 сокинони ин ду кишвар метавонанд (бойгонӣ) бе доштани шиносномаи хориҷӣ (тавассути корти ID) барои сафар, ҳаракат ва будубош дар ҳарду кишвар сарҳадро убур намоянд.
Баъдан, тасмими ҷорӣ намудани кортҳои ID ба ҷои шиносномаи хориҷӣ барои рафтуомади сокинони Осиёи Марказӣ аз ҷониби Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар як вохӯрии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ моҳи августи соли 2024 пешбарӣ (бойгонӣ) шудааст. Сипас, Мирзиёев рӯзи 20-ноябр ҳам дар баромади худ дар Маҷлиси Олии Ӯзбекистон хостори андешидани чораҳо ҷиҳати пиёдасозии ин иқдом (бойгонӣ) шуд.
Вале дар сомонаҳои расмии Тоҷикистону Ӯзбекистон то ба имрӯз (02.04.2025) бобати имзо шудани ягон санади тавофуқ дар робита ба ин иқдом мавҷуд нест.
Ин овоза кай пайдо шуд?
Рӯзи 31 марти соли 2025 раисҷумҳурони Ӯзбекистону Қирғизистон Шавкат Мирзиёев ва Содир Ҷабборов ба Тоҷикистон сафар карданд ва дар шаҳри Хуҷанд бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дидор (бойгонӣ) доштанд.
Баъди ин вохӯрӣ овозаҳо дар самти тағйир ёфтани тартиби убури марз пайдо шуд.

Дар сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз натиҷаи сафари ахири раисҷумҳури Ӯзбекистон ба Тоҷикистон бобати имзои Протоколи мубодилаи Тасдиқномаҳои Аҳднома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ ва санадҳои сеҷонибаи Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон хабар дода шудааст.
Вале дар ҳеҷ яке аз ин санадҳо, масоили тавофуқ байни Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки ба шаҳрвандон имкони убури марзро бе шиносномаи хориҷӣ фароҳам орад, гуфта нашудааст (бойгонӣ).
Дар сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳам ягон хабари тақдиқкунандаи қоидаҳои нав барои убури марзи ду кишвар нашр накардааст.
Хулоса
То ба санаи 02 апрели соли 2025 ягон санади расмӣ байни Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки ба шаҳрвандони ду кишвар имкони убури марзро бе шиносномаи хориҷӣ фароҳам меорад, қабул нашудааст ва овозаҳо дар робита ба ин масъала асос надоранд.