Чӣ санҷида шуд?
Корбарони тоҷикро паёмаки ҳушдоркунандае ба изтироб андохтааст, ки дар он гуфта мешавад гӯё террористони ДОИШ* худро аз “мактаби тиббӣ” муаррифи намуда, ба хонаҳои мардум гашта, бо пешниҳоди тафтиши ройгони диабети қанд ҳадафи олуда кардани хун бо вирусро доранд.
Иқтибос: “Ассалому алайкум илтимос то хадди имкон пахн кунед
Эълон
Мўхтарам ФУКАРО!
Агар касе ба хонаатон биёяд ва гӯяд, ки “мо аз мактаби тиббӣ ҳастем ва диабети қанди шуморо ройгон тафтиш мекунем”, фавран ба полис хабар диҳед. Онҳо террористони ДОИШ мебошанд. Ҳадафи онҳо фиристодани вирус ба хун аст.
Ҳамаро огоҳ кунед!”
Чанд нафар бо ирсоли паёмаки мазкур аз мо хоҳиш намуданд, ки дурустии онро мавриди санҷиш қарор диҳем.
Ҳукмнома: Фейк
Паёмаки мазкур зомбӣ-фейк аст, ки таи чанд соли охир борҳо паҳн шудааст.

Иддаоҳои дар паёмак овардашуда, на танҳо ғайриилмӣ, балки воҳиманок ва бидуни ҳеч далели расмӣ аст. На ягон манбаи тиббӣ ва на ягон мақомоти амниятӣ чунин иттилоъ пахш накардаанд.
Чӣ гуна санҷида шуд?
Паёмак аз чанд ҷиҳат шубҳабарангез аст ва унсурҳои умумии паёмакҳои бофтаро дорад:
- Нахуст ин ки дар паёмак манбаъ ё сарчашмаи паҳнкунандаи ин огоҳинома нишон дода нашудааст.
- Нуктаи дигари шубҳанок ин аст, ки дар матни паёмак бобати хабар додан ба полис гуфта шудааст, вале рақам барои муроҷиат, ки маъмулан дар ҳолатҳои изтирорӣ бояд нишон дода шавад, навишта нашудааст.
- Гузашта аз ин, матни мазкур пур аз иштибоҳ аст.
Ҷустуҷӯи ин паёмак маълум кард, ки он таи чанд сол бо забонҳои мухталиф дар чанд кишвар паҳн шудааст. Масалан, ҳанӯз соли 2018 дар Қазоқистон (бойгонӣ) пайдо шуда, мақомоти ин кишвар онро рад кардааст. Баъдан чандин расонаҳои русзабон (1 (бойгонӣ), 2 (бойгонӣ), 3 (бойгонӣ)) бобати паҳни ин паёмак ва бардурӯғ будани он навиштаанд.

Пойгоҳи далелсанҷии AFP Fact Check (бойгонӣ) ва сомонаҳои Тhe Guardian (бойгонӣ), The Philippine News Agency (бойгонӣ) дар гузашта ин паёмакро, ки бо забони англисӣ паҳн шуда буд, санҷида фейк будани онро дақиқ кардаанд.
Дар сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳеҷ иттилое дар ин бора мавҷуд нест(то санаи 09.04.2025).
Хулоса
Ҳамин тариқ, паёмак дар бораи террористон, ки худро мутахассиси тиб муаррифӣ мекунанд ва ташхиси ройгони диабети қандро пешниҳод намуда, ҳадафи олуда кардани хуни одам ба вирусро доранд “фейк” аст.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

