Фейк | Ваъда аз номи ВКД барои баргардонии маблағҳои азхуднамудаи қаллобони интернетӣ

Чӣ санҷида шуд?

Як хонандаи сомонаи мо бо ирсоли намогирифт (скриншот)-и эълоне (бойгонӣ) аз саҳифаи Instagram аз мо ҳоҳиш намуд, ки эътимодбахшии онро муайян кунем. Дар эълон акси як корманди мақомоти Тоҷикистон ҷой дода шуда, гуфта мешавад, ки “Агар маблағҳои шуморо каллобони интернетӣ дуздиданд, ба ВКД муроҷиат кунед ва мо барои баргардонидани ҳамаи маблағҳои аздастдодаи шумо бо Шумо тамос мегирем”. 
Барои муроҷиат ба Вазорати корҳои дохилӣ (ВКД) пур кардани як дархост талаб шудааст. Бо ин вуҷуд дар эълони мазкур рақами телефон барои тамос ва ё суроғаи электронии Вазорати корҳои дохилӣ нишон дода нашудааст. 
Мо дурустии ин эълонро мавриди санҷиш қарор додем. 

Ҳукмнома: Фейк
Эълони мазкур ҳеҷ робитае бо Вазорати корҳои дохилӣ надорад. 

Чӣ гуна санҷида шуд?
Саҳифае, ки матлаби мазкурро паҳн кардааст, Back My Capital унвон дорад ва ҳангоми дар болои он пахш кардан, корбаронро ба сомонаи дигари берун аз платформаи Instagram равона мекунад. Онҷо ворид кардани чанд маълумоти шахсии корбар талаб карда мешавад.
Мо тариқи захираи scamadviser сомонаи Back My Capital-ро мавриди ташхис(бойгонӣ) қарор додем. Захираи мазкур сомонаи Back My Capital-ро хатарнок баҳогузорӣ намуд. 

Намогирифт аз натиҷати ташхиси захираи scamadviser

Дар матлаби мавриди санҷиши мо набудани рақами телефон ва суроғаи электронӣ барои муроҷиат, далели шубҳанок будани он аст. Чун, маъмулан мақомоти корҳои дохилӣ дар чунин ҳолатҳо барои муроҷиати шаҳрвандон  рақами телефон, мессенҷер ва суроғаи электронии худро барои тамос пешниҳод(бойгонӣ) мекунад. 
Дар сомонаи расмии ВКД ин эълон мавҷуд нест. 

Нафари дар эълонбуда кист?
Ҷустуҷӯи мо маълум кард, ки дар эълони паҳншуда, акси ровии барномаи криманалии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон Ҷамшед Мавлонзода истифода шудааст. Ин акс баргирифта аз рӯи навор аст. 

Ҷамшед Мавлонзода, акс баргирифта аз рӯи навор аст

Барои тасдиқи ин гуфтаҳо мо линки чанде (1, 2, 3) аз барномаҳои ин ниҳодро, ки муҷрии он Ҷамшед Мавлонзода аст, пешниҳод мекунем. 
Тими Factcheck.tj дар гузашта фейк будани матлаби ҳамсонеро собит намуда буд, ки дар он аз номи Президент ваъдаи кӯмак ба қурбониёни қаллобиҳои интернетӣ шуда буд. 
Вақтҳои охир баъзе аз шахсиятҳои маъруф аз истифода шудани аксу наворҳояшон аз ҷониби қаллобон дар интернет нигаронӣ карда, бархе аз онҳо ҳатто вокунишҳое (бойгонӣ) ҳам нашр намуда, корбаронро огоҳ кардаанд, ки ба фиребгарон бовар накунанд. Бо ин вуҷуд шаклҳои нави қаллобӣ дар интернет дар ҳоли афзоиш аст.
Мубориза бо ҷиноятҳои қалобӣ, минҷумла қаллобиҳои интернетӣ яке аз самтҳои кори ВКД аст. Аммо, эълони мавриди санҷиши мо ба ин мақомот иртибот надорад ва аз ҷониби қаллобон паҳн шудааст. 

Хулоса
Эълон мазкур, ки дар он баргардонидани маблағҳои аз ҷониби қаллобони интернетӣ азхудшуда ваъда мешавад, ба Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рабт надорад ва бофта аст. 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь