Чӣ санҷида шуд?
Аз тариқи паёмрасон (мессенҷер)-и WhatsApp тавассути чатҳо ва гурӯҳу саҳифаҳо паёмаке ба таври васеъ паҳн шуда истодааст. Дар он гуфта мешавад, ки ширкати Tcell ба ҳамаи муштариёни кӯҳнаи худ тӯҳфаҳо дар шакли бастаҳои интернетӣ пешниҳод мекунад.
Чанде аз корбарони тоҷик бо ирсоли ин паёмак бобати воқеият доштан ё надоштани он аз мо суол карданд.
Ҳукмнома
Паёмаки мазкур ягон асос надорад ва фейк аст.

Чӣ гуна санҷида шуд?
Матни паёмаки мазкур пур аз ғалатҳои имловию граматикӣ аст ва ин як далели шубҳанок будани он аст.
Далели дигаре, ки воқеият доштани паёмакро зери суол мегузорад, истифодаи линк ё ба истилоҳ “ссылка”-е дар паёмак аст, ки ба линки ширкати Tcell ҳеҷ шабоҳат ё пайвандие надорад.
Tcell ҳама гуна аксия ва иқдомҳоро танҳо дар сомонаи расмӣ ва саҳифаҳои тасдиқшудааш дар шабакаҳои иҷтимоӣ (Facebook, Instagram, Telegram) эълон мекунад. Ин дар ҳолест, ки ширкати мазкур бобати чунин як иқдом дар саҳифаҳои расмиаш ҳеҷ иттилое нашр накарда, баръакс дар саҳифаи расмиаш дар шабакаҳои Facebook (бойгонӣ) ва Instagram (бойгонӣ) бо нашри матлабе муштариёнашро огоҳ кард, ки ба ин паёмак бовар накунанд, чун он “Фейк” аст.

Хулоса
Ин паёмак аз ҷониби вебсайте паҳн шудааст, ки ҳеҷ робита бо ширкати Tcell надорад ва вебсайти хатарнок маҳсуб мешавад. Аз ин лиҳоз тавсия медиҳем, ки ба линки дар поёни паёмак овардашуда ворид нашавед. Чун қаллобон метавонанд, ба маълумоти шахсии шумо дастрасӣ пайдо кунанд.