Чӣ санҷида шуд?
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори суханронии ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон Каримҷон Ёров давр мезанад (бойгонӣ), ки ӯ мегӯяд, сар аз 30-уми июни соли 2025 то 30-уми июни соли 2026 қоидаи вуруд ба Русия нав мешавад. “Як навоварӣ ин мешавад, ки шумо бояд дар муддати то 72 соати пеш аз сарҳад гузаштан, худро дар як сомонае, ки ба мисли ГосУслуги бо номи Руайди кушода мешавад, ба қайд гиред. Шумо бояд ному насаб, соли таваллуд, шаҳрвандӣ ва шояд расми шуморо ҳам пурсанд, пешниҳод кунед. Дар муддати 72 соат ба шумо ҷавоб мегардонанд, ки оё ВКД Русия бо шумо даъво дорад ё роҳи шумо баста шудааст…”
Ин гуфтаҳо то куҷо асос дорад, муайян хоҳем кард.
Ҳукмнома: Ҳақиқат
Воқеан, дар асоси қарори ҳукумати Русия сар аз 30-уми июни соли 2025 дар тамоми нуқтаҳои сарҳадии Русия қоидаҳои вуруд ба ин кишвар иваз мешавад.
Чӣ гуна санҷида шуд?
Навори мазкур бори нахуст рӯзи 15-уми апрели соли 2025 дар саҳифаи расмии Каримҷон Ёров дар Tik-Tok (бойгонӣ) ва Facebook (бойгонӣ) нашр шудааст.
Дар Портали расмии санадҳои ҳуқуқӣ (бойгонӣ) нусхаи Қарори Ҳукумати Федератсияи Русия аз 07.11.2024 № 1510 “Дар бораи гузаронидани таҷриба оид ба санҷиши қоидаҳо ва шартҳои вуруд ба Федератсияи Русия ва хуруҷи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ аз Федератсияи Русия” нашр шудааст.

Дар матни қарори мазкур гуфта мешавад, ки мақсад аз ин таҷриба — сохтани «Профили рақамии шаҳрванди хориҷӣ» мебошад. Ин профил – як намуди базаи электронӣ аст, ки дар он тамоми маълумотҳои шахсии муҳоҷирон ҷамъ карда мешавад. Озмоиши мазкур аз ду марҳила иборат буда, марҳилаи аввал аз 1-уми декабри 2024 то 30-уми июни 2025 дар фурудгоҳҳои Маскав (Шереметево, Домодедово, Внуково, Жуковский) ва дар гузаргоҳи сарҳадӣ дар Маштаково (Оренбург) гузаронида мешавад. Дар марҳилави аввал аз хориҷиён маълумоти инфиродии биометрӣ, изи ангушт ва акс ба қайд гирифта мешавад.
Марҳилаи дуюм: аз 30-уми июни 2025 то 30-уми июни 2026 идома меёбад.
Дар ин марҳила, ҳамаи талаботи марҳилаи аввал боқӣ мемонад, ва илова бар ин, ҳар шаҳрванди хориҷие, ки бе раводид ба Русия омада истодааст, бояд:
– Пешакӣ (ҳанӯз дар кишвари худ) дар системаи ягонаи давлатӣ сабти ном кунад;
– Ба воситаи барномаи мобилии портали хизматрасониҳои давлатӣ дархост (заявка) супорад, ки барои чӣ ба Русия меояд, чанд рӯз мемонад ва дар куҷо зиндагӣ мекунад.
Ин талаботҳо дар раванди амалишавии тарҳи мазкур нисбати киҳо татбиқ намешавад:
– Шаҳрвандони Ҷумҳурии Беларус;
– Кӯдакони то 6-сола;
– Дипломатҳо ва аъзои оилаи онҳо;
– Намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ ва аъзои оилаи онҳо;
– Шахсоне, ки бо шиносномаи дипломатӣ ё хизматӣ бо сафарҳои расмӣ меоянд.
Хулоса
Хабарҳо бобати иваз шудани қоидаи вуруд ба Русия воқеият доранд. Ин тағйиротҳо барои давраи аз 30-уми июни соли 2025 то 30-уми июни соли 2026 дар назар гирифта шудааст. Баъди он чӣ тағйирот дар ин самт ҷорӣ мешавад, ҳанӯз номаълум аст.