Хабар ё дурӯғи ороёфта? Чӣ гуна тариқи ВАО моро фиреб медиҳанд?

Охири моҳи март чанде аз расонаҳои Русия (1 (бойгонӣ), 2 (бойгонӣ)) хабарҳое паҳн карданд, ки гӯё барои муҳоҷирон бидуни патент кор кардан имконпазир гардид, ба шарте ки онҳо аз ташхиси изи ангушт, муоинаи тиббии маводи мухаддир ва бемориҳои хатарноки сироятӣ гузаранд. Ба навиштаи расонаҳо гӯё ин тарҳ дар асоси як фармони Президенти Русия Владимир Путин рӯи даст гирифта шудааст.

Намогирифт аз сомонаи interfax

Паҳни хабари мазкур дар ҳолест, ки бино ба иттилои (бойгонӣ) мақомоти Русия соли 2024 ҳудуди 1,7 миллион нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба ин кишвар рафтаанд, ки аз ин як қисми аъзамеро муҳоҷирони корӣ ташкил медиҳад. Ин хабар ба кору рӯзгори муҳоҷирони кории тоҷик ҳам таъсир дошт. Агар як гурӯҳ воқеияти ин хабарро зери суол гузоштанд, вале бо ин вуҷуд гурӯҳе ба ин бовар кардаанд ва баъзеҳо ҳатто навиштаанд, ки баъди хондани ин хабар маблағи патентро пардохт накарданд.  
Аммо алорағми хабарҳое, ки дар расонаҳои болозикр паҳн гардид, воқеият дигар буд. Тибқи Фармони президенти Федератсияи Русия аз 20.03.2025 № 159 “Дар бораи мушаххасоти вазъи ҳуқуқии категорияҳои алоҳидаи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Федератсияи Русия, тағйирот ва беэътибор донистани баъзе фармонҳои президенти Федератсияи Русия” шаҳрвандони хориҷӣ дар Луганск, Донетск, Запорожйе ва вилояти Херсони Украина, ки айни замон зери тасарруфи Русия мебошанд, метавонанд бо иҷрои як қатор шартҳо бидуни патент кор кунанд. Ва ин шартҳо ончуноне, ки дар боло зикр шуд, гузаштан аз ташхиси изи ангушт, муоинаи тиббии маводи мухаддир ва бемориҳои хатарноки сироятӣ буданд. 

  • Намогирифт аз шарҳи корбарон дар Instagram
  • Намогирифт аз шарҳи корбарон дар Instagram
  • Намогирифт аз шарҳи корбарон
  • Намогирифт аз шарҳи корбарон дар Instagram

Яъне хабари паҳнкардаи расонаҳои Русия носаҳеҳ буд ва хонандагонро гумроҳ кард. 
Пӯшиши ин мавзӯъ дар расонаҳоро баррасӣ намуда, ҷоиз ба таъкид аст, ки агар як қатор ВАО-и Русия дар ин масъала ахбори таҳрифшуда паҳн карда бошанд, аз тарафи дигар бархе аз расонаҳои тарғибгари идеологияи Кремл имкони кор бидуни патент дар минтақаҳои Луганск, Донетск, Запорожйе ва вилояти Херсонро, ки ин кишвар дар пайи “амалиёти махсус” муваққатан забт кардааст, тарғиб (бойгонӣ) намуда, бо ин васила мехоҳанд муҳоҷиронро барои кор дар ин минтақаҳо ташвиқ кунанд. 
Ин шеваи ҷалби муҳоҷирон ба минтақаҳои баҳсӣ таҷрибаи нав набуда, Русия баъди ишғоли ин минтақаҳо бо пешниҳоди “сабукиҳо” (бойгонӣ) талоши ҷалби муҳоҷирон ба ин заминҳоро дорад. Ин яке аз навъҳои равшани корбурди расонаҳо барои дасткорӣ (манипуляция) кардани мардум бо истифода аз усулҳои бардурӯғ (дезинформация) бо мақсади пиёдасозии ҳадафи муайян аст. 
Иттилооти бардурӯғ ё ба истилоҳ “Дезинформатсия” ин маълумоти носаҳеҳ ё бофта аст, ки маъмулан бо мақсади фиреби одамон ва ҳосил намудани афкори нодурусти иҷтимоӣ нисбати молу маҳсулот, хизматрасонӣ, ягон нафар ё гурӯҳ анҷом дода мешавад.
Ҳадаф аз паҳн кардани маълумоти бардурӯғ таъсиррасонӣ ба дигарон ва дар ниҳояти кор, расидан ба ягон мақсади муайян мебошад.
Инчунин мафҳуми “дезинформатсия” ҷараёни коркарди таҳрифи иттилоотро низ ифода мекунад. Масалан: Як ширкати дорусозие бо номи шартии “У” мехоҳанд рақиби худро дар бозор заиф кунад. Онҳо хабари бардурӯғ паҳн мекунанд, ки: «Доруи ширкати “Х” барои саломатӣ хатарнок аст ва боиси беморӣ мешавад».

Ин хабар асос надорад, аммо одамон ба он бовар мекунанд ва дигар доруи ширкати “Х”-ро намехаранд. Ширкати аввал бо ҳамин роҳ ба обрӯи ширкати рақиб таъсири манфӣ расонида, мизоҷонро ба тарафи худ ҷалб мекунад.
Дасткорӣ (манипуляция) – таъсири пинҳонӣ ба шахс, ки ғояҳо ва хоҳишҳои худи ҳамон нафарро поймол карда, талоши таҳмили ғоя ва хосторҳои нафари дасткорикунандаро ба миён мегузорад. Дар ин ҳолат манифатҳои “объекти” дасткорӣ зери по мешавад.
Яке аз усулҳои дасткорӣ ин танҳо худро ҳомӣ ва ғамхори халқ тарошидан ва дигаронро бадном кардан аст. Дар раванди дасткорӣ маъмулан ба эҳсоси динӣ, иҷтимоӣ ва ниёзҳои иқтисодии мардум бозӣ мекунанд. Ҳангоми пахши хабарҳо, масъаларо яктарафа инъикос кардан ҳам аз навъҳои маъмули дасткорӣ аст. Ҳамаи ин усулҳоро дар расонаҳои Русия, хусусан пас аз забти Крим ва Севастопол, бараъло мушоҳида намудан мумкин аст.

Манбаи беном: ҳимоят аз сарчашма ё усули бор кардани ақидаҳои шахсӣ?
Як шахси масъул дар Душанбе, ки нахост номаш зикр шавад:
Аз кор мондани Радиои Озодӣ як сабабе мешавад ба рушди беҷазоии мақомот. Дигар ҷабрдидае аз беадолатии судӣ ва ё аз ягон рафтори ноодилонаи мақомот наметавонад ба Радиои Озодӣ ҳамчун ба марҳилаи охирини адолатҷӯӣ муроҷиат кунад. Дигар зане, ки аз ҷабру ситами шавҳар ба дод омадааст, наметавонад ӯро тарс диҳад, ки “агар бас накунӣ, ба Озодӣ шикоят хоҳам кард” ва ба ин васила ҷони худро халос кунад. Аз кор мондани Радиои Озодӣ баробар мешавад ба хондани ҷанозаи озодии баён ва ба хок супоридани арзишҳои демократӣ ва волоияти қонун дар Тоҷикистон.” – ин иқтибос  (бойгонӣ) аз маводи Радиои Озодӣ аст, ки таҳти унвони “”Бояд баста нашавад!”: Ҳимояти баъзе аз сокинону чеҳраҳои шинохта аз Радиои Озодӣ” нашр шудааст. Аз ҳувияти мусоҳибе, ки ин нуктаҳоро гуфтааст, чизе гуфта нашуда, танҳо “Як шахси масъул дар Душанбе, ки нахост номаш зикр шавад”, ёдоварӣ шудаасту халос. Аммо инҷо дар сари хонанда суоле ба миён омаданаш мумкин аст, ки оё ин “Як шахси масъул дар Душанбе” нафари воқеӣ аст ё бофтаи худи муаллиф?
Усули монанд ба мисоли боло дар маводе, ки хабаргузории АМИТ “Ховар” нашр (бойгонӣ) кардааст дида мешавад. “Як нафар ҷавонписари сокини Душанбе, ки зимни суҳбат  номашро ифшо накард, иброз дошт, ки ӯ  чанде пеш аз муҳоҷирати меҳнатӣ ба Ватан баргашт. Волидайн ӯро  хонадор карданӣ шуданд, вале ҳангоми гузаштани ташхиси пеш аз никоҳ маълум гардид, ки ӯ ба ин вирус мубтало гардидааст.” 
Албатта дар ҳолати мазкур шояд бо далелҳои ахлоқӣ шахсияти қаҳрамон ошкор нашудааст. Вале бо ин вуҷуд эҳтимоли бофта будани қаҳрамон ҳам вуҷуд дорад. 
Таҳлили маводи расонаҳо собит месозад, ки дар маводи онҳо гоҳо маълумот бобати сарчашмаи хабар ё мусоҳиб зикр намешавад. Ҳифзи амнияти манбаъ далели ошкор накардани маълумот дар бораи мусоҳиб гуфта мешавад. Аммо расонаҳо бо истифодаи ибораҳое чун “як манбае, ки нахост номаш зикр шавад” ё “як манбаи мӯътамад аз фалон ниҳод”, мехоҳанд мардумро мутмаин ба ин ё он далел ё ақида созанд. Барои тасдиқи ин гуфтаҳо, мо чанд далели истифода шудани сарчашмаҳои иттилооти “беном”-ро меорем 1 (бойгонӣ), 2 (бойгонӣ), 3 (бойгонӣ), 4 (бойгонӣ). Ҳарчанд дар раванди иттилоотонӣ гоҳо барои зарурат ҳувияти сарчашма ҳифз карда мешавад, бо ин вуҷуд муаллифон метавонанд, бо ишора ба “як манбаи мӯътамад”-и ноаён фикри худро бор кунанд. 
Ҳолатҳои истифодаи “коршиносони сохта”(бойгонӣ) дар маводи ВАО борҳо ошкор шудааст, ки ҳатто журналистон солҳо каҳрамони мақолаҳои худро хаёлбофӣ мекарданд ё ба мутахассисони қалбакӣ (фейкӣ) муроҷиат мекарданд.

Чӣ гуна расонаҳо ҳамчун воситаи паҳнкунандаи дурӯғ ва дасткорӣ истифода мешавад?
Зебо Тоҷибоева мутахассиси соҳаи ВАО, ки дар самти тарғибот (пропаганда) дар расонаҳо таҳқиқот анҷом додааст, бар он назар аст, тарғибот аксар вақт иттилооти интихобӣ аст, ки танҳо як тарафро нишон медиҳад. Ба таъкиди вай, дар шароити Тоҷикистон баъзан расонаҳо худ нафаҳмида ба тарғибот машғул мешаванд. Номбурда бобати сабабҳои дар расонаҳо паҳн шудани тарғибот мегӯяд, “Расонаҳое ҳастанд, ки барои тарғибот маблағ мегиранд, аммо қисми зиёд аз сатҳи муқаррарии дараҷаи касбияти пасти журналистон баремояд”. Хонум Тоҷибоева бар он аст, ки дар фазои иттилоотии Тоҷикистон тарғиби идеологияи Русияву Чин бештар мушоҳида мешавад.
Дар пойгоҳи mediasavod.tj истилоҳи тарғибот чунин шарҳ дода шудааст:  “Тарғибот (лот. рropaganda – бояд паҳн карда шавад), яъне паҳн кардани ҳама гуна ғоя бо мақсади ҷалби тарафдорон аст”. Муаллифони ин тарҳ навиштаанд, ки тарғибот – иттилоотест, ки воқеӣ нест ва пеш аз ҳама барои таъсир расонидан ба одамон ва рафтору амалҳои онҳо истифода мешавад. Дар тарғибот усули махсус аксар вақт тавассути ба таври интихобӣ пешниҳод кардани далелҳо барои ҳавасмандӣ ва ё бовар кунонидани мухотабон корбаст мешавад.
Гоҳо барои амалигардонии маъракаҳои тарғиботӣ ботҳо ё “фабрикаи троллҳо” истифода мешавад. Дар Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон барои маъракаҳои тарғиботӣ ва дифоъ аз мавқеи мақомот “фабрикаи троллҳо” истифода мешавад.

Манбаи акс: plus.obozrevatel

Оҷонсии иттилоотии Asia-Plus аз ин гурӯҳ “Фермаи ҷавоб” ном бурда, навиштааст (бойгонӣ), ки “Акнун дар Тоҷикистон ботҳо дар ҳимоят аз мавқеи мақомот дар Интернет шарҳу паём менависанд, аммо дар муқоиса бо дигар кишварҳо, ин кор дар ин ҷо ҳатмӣ ва бепул аст. Донишҷӯён ва кормандони мақомоти ҳукуматӣ аксар вақт ба ин кор ҷалб карда мешаванд”. Радиои Озодӣ ҳам дар як таҳқиқоти худ исбот намуда буд, ки чӣ гуна низоми фаъолияти “Фабрикаи ҷавоб” (бойгонӣ) аз ҳисоби намояндагони соҳаи маориф ба роҳ монда шуда, дастурҳоро барои ҳимоят аз ягон шахсият ё вокунишнависӣ алайҳи ягон падидаву изҳорот ё гуфтори касе амалӣ мекунанд. 
Таҳлили маводи шабакаҳои иҷтимоӣ нишон медиҳад, ки тариқи минбари ин платформаҳо баъзе корбарон ин ё он идеологияро тарғиб мекунанд. Масалан, мо дар шабакаи Tik-Tok саҳифаеро пайдо намудем, ки ба Олим Ширинов тааллуқ дорад ва мудом аз сиёсати Кремл ҳимоя карда, талош менамояд, таъсири Русияро дар рушди Тоҷикистон “муассир” нишон диҳад. Масалан, Олим Ширинов агар дар як мавод бобати “Кӯмаки  Русия барои мубориза бо гардиши маводи мухаддир” ҳарф зада бошад, дар матлаби дигараш дар бораи “Кӯмаки Русия ва Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастҷамъӣ (ОДКБ) ба Тоҷикистон барои мустаҳкамсозии сарҳади Тоҷикистону Афғонистон” гуфтааст. Дар як навори дигараш перомуни афзалиятҳои пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё таъкид намуда, ғояи пайвастани Тоҷикистон ба ин созмони таъсискарда Русияро тарғиб намудааст. Аз таҳлили саҳифаи мазкур ба хулоса омадан мумкин аст, ки ин “афсари Русия дар майдони маҷозӣ” талош дорад, ки таъсири Русияро барои Тоҷикистон ҳалкунанда нишон диҳад. Оё мавсуф барои ин аз куҷо чӣ манфиат мегирад, барои мо равшан нест ва исботи “омили ҳавасмандии” ӯ як таҳқиқоти мукаммал ва вақти бештарро тақозо мекунад. Аммо аз таҳлили мӯҳтавои саҳифааш дар Tik-Tok бармеояд, ки ба таври пайваста ба пропагандаи сиёсати Маскав машғул аст. 

Намогирифт аз саҳифаи Олим Ширинов дар Tik-Tok

Ҳуқуқшиноси тоҷик Наврӯз Одинаев дар саҳифаи Facebook–иаш (бойгонӣ) аз амалкарди Олим Ширинов дар робита бо нигоҳҳои ӯ дар масъалаи ҷанги Русия бо Украина интиқод намуда, гуфтааст “Имрӯз ӯ дар Тоҷикистон ба ҳайси сухангӯи таблиғотии (РУПОР) ҷангии Русия бар зидди Украина баромад мекунад”. Ба навиштаи ин ҳуқуқшинос Ширинов ошкоро даъват мекунад, ки Киев аз ҳисоби қурбониён забт карда шавад. Одинаев ин кори Шириновро хилофи муқаррароти қонунҳои Тоҷикистон мешуморад. “Бисёре аз изҳороти оммавии Ширинов дорои аломатҳои ҷиноят мебошанд, тибқи моддаи 396-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон: «даъватҳои оммавӣ барои оғоз кардани ҷанги таҷовузкорона», навиштааст Одинаев.

Аз Амрико то Маскав: Қимати тарғибот дар асри иттилоот чанд аст?
Дар манбаҳои боз бобати он ки Тоҷикистон барои пропаганда чӣ қадар маблағ ҷудо мекунад, маълумот нест. Вале мамлакатҳои олам барои тарғиб ё ба истилоҳ “пропаганда”-и ин ё он идеология ҳамасола вобаста ба имконоти молӣ маблағҳои махсус ҷудо мекунад. Дар ин раванд Русия аз кишварҳое дониста мешавад, ки маблағи калоне барои тарғиби идеологияи худ дар дохил ва хориҷ аз кишвар ихтисос медиҳад. Ба иттилои (бойгонӣ) расонаҳои Русия дар соли 2024 Маскав барои дастгирии расонаҳои давлатӣ ва тарғибот 1,3 млрд доллари ИМА ҷудо кардааст. Ин маблағҳо қисман барои дастгирии расонаҳое чун RT, Sputnik, ВГТРК ва созмонҳое чун «Россотрудничество» сарф шудааст. 

Чин: Ба иттилои (бойгонӣ) расонаҳо гуфта мешавад, ки Чин соле аз 6 то 8 миллиард доллар барои талошҳои таблиғотии ҷаҳонӣ, аз ҷумла маблағгузории расонаҳои давлатӣ, паҳн кардани маълумоти бардурӯғ ва таблиғи имиҷи мусбати кишвар дар хориҷа сарф мекунад.
ИМА: Оҷонсии ИМА оид ба ВАО (USAGM) дар соли 2024 буҷаи 886 миллион долларро ташкил (бойгонӣ)дод, бо шумули маблағгузорӣ барои созмонҳо ба мисли Садои Амрико ва Радиои Озодӣ.
Эрон: Эрон бо вуҷуди мушкилоти иқтисодии кишвар барои соли 2024 барои фаъолиятҳои таблиғотӣ ҳудуди 600 миллион доллар ҷудо (бойгонӣ) кардааст.
Британияи Кабир: Ҳукумати Британияи Кабир дар соли 2024 барои маъракаҳои иртиботӣ-иттилоотонӣ, аз ҷумла барои ВАО ва барномаҳои иттилоотӣ 570 миллион доллар ихтисос (бойгонӣ) додааст.
Украина: Украина: Соли 2024 Украина ба бахши фарҳанг ва ВАО ҳудуди 290 миллион доллар ҷудо (бойгонӣ) кард, аз ҷумла маблағгузорӣ барои расонаҳои давлатӣ ва барномаҳои иттилоотӣ.
Ҳиндустон: Ҳукумати Ҳиндустон барои маъракаҳои огоҳӣ ва таблиғотӣ дар соли 2024 130 миллион доллар ҷудо (бойгонӣ) кардааст.
Олмон: Дар соли 2024 ҳукумати федералии Олмон барои огоҳ кардани шаҳрвандон 98 млн доллар сарф (бойгонӣ) кардааст, ки нисбат ба соли қаблӣ сеяк зиёд аст.
Туркия: Буҷаи ниҳоди коммуникатсияи Туркия дар соли 2024 117,8 миллион долларро ташкил (бойгонӣ) дод, ки нисбат ба соли пеш 49% афзоиш ёфтааст.
Дар Тоҷикистон чанд расонае фаъолият дорад, ки аз тарафи кишварҳои хориҷа дастгирӣ меёбад. Масалан, хабаргузории Sputnik.tj аз тарафи ҳукумати Русия дастгирӣ ёбад, Радиои Озодӣ бахши тоҷикии Radio Free Europe/Radio Liberty (RFE/RL) мебошад, ки аз ҷониби Конгресси ИМА маблағгузорӣ мешавад. 
Дар ҳамин ҳол таҳлилгарон бар он назаранд, ки қисми аъзами тоҷикистониён аз ахбори бардурӯғ ё дасткорӣ осебпазир буда, бофтаро аз воқеият ҷудо карда наметавонанд. Дар пурсиши мо, ки дар захираи Google анҷом дода шуд, 68 нафар ширкат намуда, 54%-и иштирокчиён гуфтанд, ки манбаи дарёфти иттилоот барояшон расонаҳои расмӣ аст. Бо такя ба ин назарсанҷӣ метавон гуфт, ки қисми аъзами истеъмолкунандагони иттилоот дар Тоҷикистон тафовути байни тарғибот, реклама, дасткорӣ ва иттилооти бардурӯғро дақиқан намедонанд. Ҳудудӣ 80%-и ширкаткунандагони назарсанҷӣ дар бораи дасткорӣ маълумот надоранд ва ё маълумоти нодуруст доранд. Бо суоли “Тарғибот ё пропаганда чист?” ҳамагӣ 25% ҷавоби дуруст доданд. Аксари иштироккунандагони ин пурсиш гуфтаанд, ки ба воқеияти иттилооти расонаҳо бовар мекунанд.
Дар ин замина баъзе коршиносон иддао доранд, ки тоҷикистониён зудбовар ҳастанд. Ба андешаи журналисти собиқадори тоҷик Ҷовид Муқим, омили аслии зудбоварии мардум аз замони Шӯравӣ сарчашма мегирад ва дар ин самт то ҳоло тафаккури мардум дигар нашудааст. Ба нақли мусоҳиби мо, “Дар даврони шӯравӣ, ҳама воситаҳои ахбори омма барои ҳизби коммунистӣ хизмат мекарданд ва мардум эътимод дошт, ки он чӣ ки дар расонаҳо гуфта мешавад, воқеият аст. Имрӯз аксари калонсолон ба расонаҳо эътимод доранд”.

Ҷовид Муқим, журналисти собиқадор / манбаи акс: саҳифаи Facebook

Ба андешаи ин ҳамсӯҳбати мо, танҳо ҳамон нафароне ба маводи расонаҳо бо шубҳа назар мекунанд, ки саводи расонаӣ доранд. “На ҳама мефаҳмад, ки дар расонаҳо ҳам дурӯғ мегӯянд“, таъкид мекунад, Ҷовид Муқим.
Фариштамоҳ Гулова, коршиноси расонаӣ ва мутахассис дар самти технологияи навин бар он назар аст, ки ҳадаф аз паҳни иттилооти бардурӯғ ва тарғибот метавонад гуногун бошад ва ин вобаста аз паҳнкунандаи он аст. Ба андешаи вай барои гурӯҳҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, ё ягон ҳаракатҳо ҳадафи асосӣ метавонад, бадном кардани рақибон (дар баъзе маврид метавонад дӯст низ бошад), дарёфти пуштибонӣ аз ҷониби мардум, фиреб кардани интихобкунандагон ва таҳрифи воқеият бошад. “Масалан, дар давраи пандемияи COVID-19 (соли 2020), дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва миёни мардум иттилооти бардурӯғ хеле зиёд паҳн мешуд, ки гӯё вирус вуҷуд надорад ё бо усулҳои анъанавӣ (монанди хӯрдани пиёз, сирпиёз ё дуд кардани арча ва ҳазориспанд) метавонед аз он муҳофизат ёбед. Ин овозаҳо ба фикри ман метавонад аз ҷониби ашахсе ё гурӯҳҳое паҳн гардиданд, ки ба илм ва иттилои мақомоти расмӣ бовар надоранд, ё мехоҳанд тарс, нофаҳмӣ ва беэътимодиро миёни мардум паҳн кунанд”. Ба андешаи хонум Гулова таҷрибаҳо нишон дод, ки паҳни иттилооти бардурӯғ метавонад, саломатии ҷамъиятро зери хатар гузорад ва барои мубориза мушкилиҳо пеш оварад.

Фариштамоҳ Гулова, коршиноси расонаӣ / манбаи акс сомонаи БРСММ

Мусоҳиби мо мегӯяд, имрӯз дар расонаҳо Тоҷикистон дар баробари дезинформатсия баъзе усулҳои дигаре истифода мешаванд. Ба гуфтаи вай маъмулан мавзӯъ якҷониба инъикос мешавад ва баъзе ҷузъиёти масъала гуфта намешавад. Яъне мавзӯъ танҳо аз як тараф таҳлил карда мешавад. Ин боис ба он мешавад, ки фаҳмиши воқеӣ дар бораи ҳодиса ба вуҷуд намеояд. Хонум Гулова илова мекунад, ки дар расонаҳо “хабарро тавре пешниҳод мекунанд, ки назар ва хулосаи дилхоҳи худро ба хонанда бор кунанд ва бештари корбарон ба ин гуна расонаҳо бовар мекунанд”.

Чӣ бояд кард?
Коршиносон бар он назаранд, ки паҳни ахбори бардурӯғ ва дасткорӣ дар расонаҳо метавонад таваҷҷӯҳи мардумро аз масоили муҳим дур гардонида, омили пайдоиши беэътимодӣ ба расонаҳо ва маълумоти расмӣ гардад. Коршинос Фариштамоҳ Гулова мегӯяд, баланд бардоштани сатҳи саводи расонаии мардум яке аз роҳҳои муассири мубориза бо ахбори бардурӯғ, дасткорӣ ва тарғибот ба шумор меравад. Дар ин замина Ҷовид Муқим мегӯяд барои коҳиши таъсири ахбори бардурӯғ ҳам хонанда ва ҳам расонаҳо масъулият доранд. Ба қавли ҳамсӯҳбати мо барои мубориза бо ахбори бардурӯғ, дасткорӣ ё пропаганда худи хонанда ба ҳар он чизе ки мехонанду, гӯш мекунанду мебинанд аҳамият дода, ҳар як иттилоотро бояд аз якчанд сарчашма тафтиш намоянд. Аз ҷониби дигар расонаҳои маҳаллиро зарур мешуморад, ки воқеаҳои дар Тоҷикистон рухдодаро, воқеъбинона ва беғаразона инъикос намоянд. “Мо дар бораи худамон, дар бораи Тоҷикистон мехоҳем иттилои нав бифаҳмем. Ин иттилоъ дар расонаҳои Тоҷикистон гуфта намешавад. Агар расонаҳои Тоҷикистон воқеаҳое, ки шудааст пурра, воқеъбинона ва беғаразона инъикос намоянд, ҳеҷ зарурат барои тамошо, хондан ва гӯш кардан телевизион, радио ва сомонаҳои хориҷӣ нест. Ин чиз аз байн меравад”-мегӯяд мавсуф. Ин ҳамсӯҳбати мо илова мекунад, ки баландбардории саводи расонаии мардум, аз чораҳои муҳим дар самти мубориза бо ахбори носаҳеҳ маҳсуб мешавад.

Factcheck.tj
Factcheck.tj
Нахустин платформаи далелсанҷӣ дар Точикистон. Ҳадаф аз роҳандозии ин тарҳ мусоидат ба ҷилавгирӣ аз паҳншавии хабарҳои бардурӯғ дар фазои иттилоотии Тоҷикистон тавассути таъсис ва рушди ниҳоди далелсанҷӣ (фактчекинг) мебошад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь