Чӣ санҷида шуд?
Рӯзҳои охир дар шабакаи иҷтимоии Facebook хабаре паҳн (бойгонӣ) шудааст, ки гӯё дар таркиби ширинии маъруф бо номи “шоколади Дубай” (дубайский шоколад) наҷосати уштур муайян карда шудааст. Дар матолиби паҳншуда гуфта мешавад, ки олимони як ниҳоди ташхисии кимёвӣ ва бойторие дар Олмон бо ном CVUA таркиби ин маҳсулотро омӯхта, мавҷудияти моддаҳоеро аниқ намудаанд, ки гӯё уштур онро ҳазм кардааст.
Паҳни ин хабар дар ҳолест, ки мавзӯи “шоклодаи Дубай” солҳои охир дар фазои маҷозӣ аз ҷумла байни корбарони тоҷик ҳам мавзӯи пуртаваҷҷӯҳ (бойгонӣ) гардид. Аз ин лиҳоз мо тасмим гирифтем то муайян намоем, ки аслан ин хабар аз куҷо паҳн шуд ва то куҷо асоснок аст?
Ҳукмнома: Фейк
Далелҳо бобати ошкор шудани наҷосати уштур дар таркиби шоколади истеҳсоли Дубай, беасос ҳастанд. Аммо зимни таҳқиқотҳо дар Олмон дар таркиби ин маҳсулот чанд моддаи зараровар ошкор шудааст.

Чӣ гуна санҷида шуд?
Яке аз нафароне, ки ин хабарро паҳн кардасту, боиси баррасиҳои корбарон шудааст блогери Рус бо номи Alex Fine (бойгонӣ) аст. Alex Fine хулосаи ошкоршавии наҷосати уштур дар таркиби “шололади Дубай”-ро бо ишора ба тадқиқоти CVUA баровардааст.
Мо ҷузъиёти таҳқиқоти лаборатории CVUA-ро мавриди омӯзиш қарор додем.
Бюрои тафтишоти кимиёвӣ ва байторӣ (CVUA) дар Штутгарт дар ҳамкорӣ бо CVUA дар Фрайбург (лабораторияи аллергенӣ) ва Сигмаринген (лабораторияи микотоксин) моҳи декабри соли 2024 ҳашт намунаи “шоколади Дубай”-ро аз кишварҳои сеюм мавриди омӯзиш ва ташхис (бойгонӣ) қарор додааст. Дар як намунаи шоколади пур аз писта маълум шудааст, ки афлатоксинҳо, моддаҳои заҳролуд, ки аз занбӯруғҳои қолаб тавлид мешаванд, ҳангоми истеъмол боиси бемории вазнин мешаванд. Гузашта аз ин дар таҳқиқоти мазкур омадааст, ки аз ҳашт намуна дар панҷтои онҳо 3-MCPD ва эфирҳои глицидил, моддаҳое мавҷуданд, ки ҳангоми коркарди равғани растанӣ, бахусус равғани нахл (палма) ба вуҷуд меоянд. Ин пайвастагиҳо эҳтимолан канцероген ҳисобида мешаванд ва метавонанд ба саломатӣ хатар эҷод кунанд.

Якчанд намунаҳо дорои рангҳои сунъии эълоннашуда ва аллергенҳо ба монанди кунҷид, ки метавонанд барои одамони гирифтори аллергия хатарнок бошанд, ошкор карда шуданд.
Бунёди пешбари мустақили арзёбии молу хадамот дар Олмон – Stiftung Warentest ҳам моҳи марти соли 2025 дар як тадқиқоте (бойгонӣ) таркиби “шоколади Дубай”-ро омӯхта муайян кардаанд, ки дар таркиби он моддаҳои зараровар мавҷуд аст, ки аксар вақт дар равғани тозашудаи нахл (палма) мавҷуданд. “Аз истеъмоли шоколад ба саломатӣ ягон зарари ҷиддӣ намерасад. Аммо кашфи моддаҳои зараровар бо ваъдаи баландтарин сифат (ки аз тарафи истеҳсолкунандагон дода мешавад) мувофиқ нест“, – таъкид мекунанд коршиносон.
Дар ягонтои тадқиқотҳо болозикр бобати мавҷудияти наҷосати уштур дар таркиби “шоколади Дубай” зикр нашудааст.
Хулоса
Иддаоҳо дар бораи мавҷуд будани наҷосати уштур дар таркиби “шоколади Дубай” беасос ҳастанд. Паҳнкунандагони ин хабар натиҷаи ташхиси олимони олмониро таҳриф карда, пешниҳод намудаанд. Аммо дар таҳқиқотҳое, ки барои омӯзиши таркиби маҳсулоти мазкур анҷом дода шудааст, дар он моддаҳои зарарнок ошкор кардааст.