Чӣ санҷида шуд?
Хабаргузории pressa.tj рӯзи 11-уми май дар саҳифааш дар шабакаи Instagram иттилооте таҳти унвони “Мӯъҷиза: Гӯсолаи 6-поя дар ноҳияи Панҷ” (бойгонӣ) нашр кардааст. Дар хабари мазкур гуфта мешавад, гӯё дар деҳаи Тошбақакӯтали ноҳияи Панҷ ду моҳ пеш гови яке аз сокинони ин деҳа гӯсолае таваллуд кард, ки 6 пой дорад… “Ин гӯсола айни замон солим ба воя мерасад ва аз гӯсолаҳои маъмулӣ ҳеҷ фарқе надорад. Фарқ дар он аст, ки аз болои қисмати гардани гӯсола як пойи дигар сабзидааст, ки дар идома он ба ду пойи дигар тақсим мешавад” омадааст, дар хабар.
Мо воқеияти ин хабарро мавриди санҷиш қарор додем.
Ҳукмнома: Ҳақиқат
Давоқеъ, дар ноҳияи Панҷ гӯсола бо узвҳои иловагӣ, аз ҷумла пойҳои зиёдатӣ таваллуд шудааст ва ин аз нигоҳи илмӣ ҳолати имконпазир аст.
Чӣ гуна санҷида шуд?
Ҷустуҷӯи акси мазкур собит кард, ки хабарҳо роҷеъ ба ин мавзӯъ баъди як гузориши рӯзноманигор Шамсулло Фозилов паҳн шудааст. Фозилов санаи 15-уми апрел дар саҳифаи Instagram-иаш навори (бойгонӣ) сабти ин гӯсоларо пешниҳод кардааст, ки дар он дида мешавад, дарвоқеъ аз болои қисмати гардани гӯсола як пойи дигар сабзидааст, ки дар идома он ба ду пойи дигар тақсим мешавад.
Оё аз нигоҳи илмӣ шаш пой доштани ҳайвонҳо мумкин аст?
Мо якчанд таҳқиқотҳоеро пайдо намудем, ки дар онҳо омилҳои бо узвҳои зиёдати таваллуд шудани ҳайвон муайян шудааст:
– Нуқсонҳои рушд (Congenital anomalies)
Мумкин аст, ҳайвон дар натиҷаи нуқсонҳои генетикӣ ё рушдии ҷанин, ки дар давраи эмбрионалӣ ба вуҷуд меоянд, бо аъзои зиёдатӣ таваллуд шавад.

Дар таҳқиқоти мазкур гуфта шудааст, ки агар ҳангоми рушди ҷанин равандҳои тақсим ва ташаккули ҷанин ба таври ғайримуқаррарӣ сурат гиранд имконияти бо узвҳои зиёд таваллуд шудани ҳайвонҳо вуҷуд дорад.
– Pygomelia or supernumerary limbs in a crossbred calf (бойгонӣ) – як таҳқиқоти дигаре, ки дар портали National Library of Medicine нашр шудааст, ҳолати узвҳои иловагиро дар гӯсолае бо полимелия баррасӣ мекунад. Ин таҳқиқот як ҳолати нодири аномалияи модарзодиро дар як гӯсола (насли омехта аз зоти Синдӣ ва маҳаллӣ) тавсиф мекунад, ки дар 12-рӯзагӣ бо ду пои иловагӣ дар қисмати косиаш ба беморхонаи омӯзишии байтории Коллеҷи байтории Ҳукумати Читтагонги Бангладеш оварда шудааст. Ин аномалия бо номи пигомелия (pygomelia) маълум аст ва бо муваффақият тавассути ҷарроҳӣ ислоҳ карда шуд.
Тибқи таҳқиқотҳои дигаре, мумкин аст, ки ҳайвонҳо аз Омилҳои муҳити зист ва таъсири онҳо ба аномалияҳо (бойгонӣ) ё бемориҳои генетикӣ ва ирсӣ (бойгонӣ) бо узвҳои иловагӣ таваллуд ёбанд.
Хулоса
Таваллуди гӯсола дар ноҳияи Панҷ бо шаш пой тасдиқ шуд. Аз нигоҳи илмӣ низ ин чиз имконпазир аст.