Чӣ санҷида шуд?
Дар шабакаи иҷтимоии Instagram навори (бойгонӣ) латукӯби сарбозон аз ҷониби як қатор сарбозони дигаре давр мезанад. Дар навор дида мешавад, ки як гурӯҳ сарбозон қатор истодаанду гурӯҳи дигар онҳоро бо мушту лагад латукӯб мекунанд.
Қисмате аз корбарон зери навор навиштанд, ки ин артиши Тоҷикистон аст.
Дар гузашта ҳолати таҳқири сарбозон аз ҷониби сарбозони дигар дар қисмҳои артиши Тоҷикистон аз ҷониби мақомот таҳқиқ шуда буд.
Мо муайян мекунам, ки ин навори латукӯки сарбозон аз ҷониби сарбозони дигар оё дарвоқеъ дар қисмҳои ҳарбии Тоҷикистон сабт шудааст?
Ҳукмнома: Дурӯғ
Навори мазкур дар Қисмҳои ҳарбии Ӯзбекистон сабт шудааст, на Тоҷикистон.
Чӣ гуна санҷида шуд?
Аз сифати навор ва ҷузъиёти қиёфаи сарбозон муайян кардан душвор аст, ки онҳо аз кадом кишвар ҳастанд.

Аммо агар ба сару либоси яке аз сарбозоне, ки ба камера наздиктарин аст, бодиққат таваҷҷуҳ кунем, дар либоси ӯ парчами давлатии Ӯзбекистон насб шудааст.
Ин айнан ба либоси расмии сарбозони Ӯзбекистон мувофиқ аст, ки дар сари китфашон парчами кишварашонро мечаспонанд. Инро дар либосҳои сарбозон дидан мумкин аст.


Хулоса
Дар навори мавриди санҷиши мо дида мешавад, ки сарбозони дар наворбуда дар Қувваҳои мусаллаҳи Ӯзбекистон хизмат мекунанд ва он ба муносибатҳои ғайниоинномавӣ дар Тоҷикистон ягон рабт надорад. Ҳарчанд ҷоизи қайд аст, ки мутаассифона ин гуна ҳолатҳо дар қисмҳои ҳарбии Тоҷикистон низ дида мешаванд. Дар бораи яке аз онҳо мо қаблан далелсанҷиро анҷом дода будем.