Чӣ санҷида шуд?
5 июн Телеграм-канали “Эксплойт” хабареро нашр (бойгонӣ) кард, ки дар он гуфта мешавад, дар Русия пешниҳод шудааст, “ҳуқуқи крепостноӣ” дигарбора, аммо нисбати танҳо муҳоҷирони меҳнатӣ барқарор карда шавад.
Дар хабари мазкур гуфта мешавад, ки роҳбари ширкати сохмонии “ФСК Девелопмент” Дмитрий Трубинков пешниҳод кардааст, ки муҳоҷиронро ба корфармоҳои муайян “пойбанд” кунанд ва онҳоро аз иваз кардани озодонаи ҷои кор маҳрум созанд.
– Мантиқист, ки коргар ба он корфармое вобаста карда шавад, ки омадани ӯро ташкил кардааст, на ба як минтақаи мушаххас, чӣ гуне ки айни замон ҳаст”- гуфта мешавад дар хабар.

Ҳамзамон, Трубников, илова намудааст, ки дар ҳудуди Маскав коргари хориҷӣ метавонад аз назди сохтмон ба кор дар “Яндекс” ҳамчун боркашон (курер) гузарад, баъдан ба Wildberries биравад ва баъд дубора ба назди корфармо баргардад. Ӯ илова кардааст, ки чунин ҳолат ба корфармоён имкон намедиҳад, ки ба кадрҳо бо эътимоди устувор сармоягузорӣ кунанд.
Ҳукмнома: Дасткорӣ
Дар маводи аслие, ки ҳамаи хабарҳо ба он истинод меоранд, ибораи “ҳуқуқи крепостноӣ” ё мавҳумҳои ҳаммаъно истифода нашуда, балки гап сари маҳдудиятҳои эҳтимолии иловагӣ нисбати муҳоҷирони меҳнатӣ меравад. Ин мафҳумро дигар расонаҳо барои додани тобиши эҳсосотӣ ба бознашрҳои худ истифода бурда, хонандаро то андозае гумроҳ мекунанд.
Чӣ гуна санҷида шуд?
Воқеан ҳам дар ин бора Дмитрий Трубинков дар суҳбат бо хабаргузории РБК-и Русия пешниҳод (бойгонӣ) намудааст. Ин хабарро як қатор расонаҳо, аз ҷумла, “Капитал страны” (бойгонӣ), “Обозреватель” (бойгонӣ), “Newsme” (бойгонӣ) низ нашр кардаанд. Ҳарчанд худи мусоҳиб ин мафҳумро истифода набурдааст, вале расонаҳое, ки ин ақидаи Трубниковро дар маводҳои худ нашр кардаанд, барои додани тобиши зиёдтари эҳсосӣ аз ибораи “ҳуқуқи крепостноӣ” истифода бурдаанд. Дар баробари ин, пешниҳоди побанд кардани муҳоҷирони меҳнатӣ ба ширкатҳои алоҳида танҳо фикру ақидаи шахсии Трубников буда, то ҳол ягон санад ё пешниҳоди ба расмият даровардани он дар мақомоти давлатии Русия қайд нашудааст.
Ҷоизи қайд аст, ки таҳлилгарон чунин мешуморанд (бойгонӣ), ки мушкилоти камбуди кадрҳо бояд бо беҳтар кардани шароити кор, омӯзиш ва усулҳои қонунӣ барои нигоҳ доштани коргар, мисли шартномаҳо ва ҳавасмандгардонӣ ҳал шавад, на бо маҳдудиятҳо.
Хулоса
Ҳарчанд пешниҳоди маҳдуд кардани озодии муҳоҷирони корӣ ба корфармо бо баъзе унсурҳои ба ном “ҳуқуқи крепостноӣ” пешниҳод шудааст, аммо он ҳанӯз мақоми расмӣ нагирифтааст ва ин ибора аз ҷониби расонаҳо бештар барои додани тобиши эҳсосӣ истифода мешавад, на ин ки мафҳуми расмӣ. Дар миёни ҷомеа низ ин мавзӯъ баҳсбарангез буда, дар ин маврид тасмими ниҳоӣ гирифта нашудааст.