Чӣ санҷида шуд?
Дар саҳифаи инстаграми Oilatj матлабе нашр шудааст (бойгонӣ), ки гӯиё истеъмоли гулкарам бонувонро аз фарбеҳӣ халос карда, саратони узвҳои занонаро пешгирӣ менамояд.
Иқтибос:
«Гулкарам бо бисёр касалиҳо, махсусан бо бемориҳои занона фаъолона мубориза бурда, хатари гирифтор шудан ба саратони гарданаи бачадон, саратони сина ва дигар омосҳоро пешгирӣ менамояд».
Дар маводи паҳншуда ба ягон тадқиқоти илмӣ ё таҷрибаву санҷиш ва ё дидгоҳи табибе ишора нашудааст. Аз ин дидгоҳ иддао бобати он ки истеъмоли гулкарам саратони узвҳои занонаро пешгирӣ мекунад, дар такя ба кадом манбаъ ба миён омадааст, норӯшан аст.
Ҳукмнома: Дасткорӣ
Ҳарчанд дар баъзе тадқиқот таъсири гулкарам барои кам кардани хатари саратони узвҳои занона омӯхта шудааст, вале хусусияти пешгирикунандаи ин маҳсулот ҳанӯз ба таври қатъӣ исбот нашудааст.

Чӣ гуна санҷида шуд?
Гулкарам ба оилаи сабзавоти салибгул (cruciferous vegetables) шомил аст. Дар тадқиқоти илмӣ омадааст, ки ин гурӯҳи сабзавот бой аз моддаҳои ғизоӣ мебошанд, аз ҷумла якчанд каротиноидҳо (бета-каротин, лютеин, зеаксантин), витаминҳои C, E ва K, кислотаи фолий ва минералҳо.
Дар раванди пухтан, ҷаббидан ва ҳазми ғизо, глюкозинолатҳо ба моддаҳои фаъолонаи биологӣ табдил меёбанд, аз ҷумла: индолҳо, нитрилҳо, тиосионатҳо ва изотиосионатҳо. Ду моддаи машҳуртарине, ки бештар мавриди омӯзиш (бойгонӣ) қарор гирифтаанд – индол-3-карбинол (индол) ва сулфорафан (изотиосионат) мебошанд. Ҳамин моддаҳо барои хосиятҳои зиддисаратонӣ омӯхта шудаанд.
Чанд тадқиқоте (1 (бойгонӣ), 2 (бойгонӣ)), ки бо ҳайвонҳо гузаронида шудааст нишон медиҳад, ки индолҳо ва изотиосионатҳо метавонанд, рушди саратонро дар якчанд узвҳои калламушҳо ва мушҳо боздоранд, аз ҷумла дар масона, ғадуди шир, рӯдаи ғафс, ҷигар, шуш ва меъда.
Бо вуҷуди ин, тадқиқоти мазкур дар инсон натиҷаҳои зиддунақз додаанд.
Оё далели мукаммал ҳаст, ки сабзавоти салибгул метавонанд, хатари гирифторӣ ба саратонро дар одамон коҳиш диҳанд?
Олимон муносибати эҳтимолиро миёни истеъмоли сабзавоти салибгул, аз ҷумла гулкарам ва хатари рушди саратонро тадқиқ кардаанд. Дар зер натиҷаҳои асосии тадқиқот оид ба чанд намуди маъмултарини саратон оварда шудаанд:
Саратони простата (ғадуди пешоб):
Тадқиқоти когортӣ дар Нидерландия (бойгонӣ), ИМА (бойгонӣ) ва Аврупо (бойгонӣ) нишон доданд, ки ҳеч гуна алоқамандие миёни истеъмоли сабзавоти салибгул ва хатари саратони простата вуҷуд надорад. Аммо баъзе тадқиқоти дигар (1 (бойгонӣ), 2 (бойгонӣ)) нишон доданд, ки шахсоне, ки бештар сабзавоти салибгул истеъмол мекарданд, хатари камтари гирифторӣ ба саратони простата доштанд.
Саратони колоректалӣ (рӯдаи рост ва ғафс):
Як қатор тадқиқоти когортӣ (1 (бойгонӣ), 2 (бойгонӣ), 3 (бойгонӣ)) дар ИМА ва Нидерландия одатан ҳеч гуна робитае байни истеъмоли сабзавоти салибранг ва хатари саратони колоректалӣ нишон надодаанд. Вале як тадқиқоти когортӣ (бойгонӣ) дар Нидерландия нишон дод, ки дар заноне, ки миқдори зиёди ин сабзавотро мехӯранд, хатари саратони рӯдаи ғафс коҳиш ёфтааст (аммо на саратони рӯдаи рост).
Саратони шуш ва ғадуди шир (сина):
Дар Аврупо, Нидерландия ва ИМА як қатор тадқиқот (1 (бойгонӣ), 2 (бойгонӣ), 3 (бойгонӣ)), ки дар робита ба ин масъала анҷом ёфтааст, натиҷаҳои гуногун додаанд. Аксари тадқиқот робитаи назарраc дар масъалаи истеъмоли гулкарам ва пешгирӣ аз саратон байни занонро собит накардаанд. Вале чанд тадқиқоти лабораторӣ (1 (бойгонӣ), 2 (бойгонӣ) нишон дод, ки заноне, ки бештар сабзавоти салибранг мехӯранд, хатари пасттари саратони шуш ва ғадуди шир доштаанд. Аммо бояд таъкид намуд, ки ин ҳаргиз маънои пурра пешгирӣ аз гирифтори ба саратони узвҳои занонаро надорад.
Хулоса
Иддаое, ки истеъмоли гулкарам пешгирии саратонҳои узвҳои занонро таъмин мекунад, бо далелҳои илмии қавӣ тасдиқ намешавад. Гарчанде ки сабзавоти салибгул, аз ҷумла гулкарам, дорои моддаҳои муфид мебошанд ва дар як қатор тадқиқотҳо робитаи эҳтимоли он барои кам кардани хатари баъзе намудҳои саратон мушоҳида шудааст, вале дар ин самт баъзе тадқиқотҳои дигар натиҷаҳои зиддунақз доранд ва аз ин лиҳоз дар бораи таъсири мукаммали пешгирикунанда аз саратон доштани ин сабазавот иддао кардан чандон дуруст нест. Аз ин рӯ, матлаби дар Instagram нашрнамудаи Oilatj муболиға аст ва метавонад, хонандагонро гумроҳ созад.
Муфассалтар бо ҳукмномаҳои мо ва тафсироти онҳо метавонед, дар бахши «Ҷадвали ҳукмномаҳо» шинос шавед. Дар ҳолати норизоӣ бо ҳукмномаҳои баровардаамон нисбат ба ягон муҳтаво ё изҳороти санҷидашуда метавонед, бо мо дар тамос шуда, исботи нодурустии онро пешкаш намоед. Дар ҳолати зарурӣ имконияти бозбинии ҳукмномаҳо вуҷуд дорад.

