Далелсанҷӣ | Оё шалғамча (редис) метавонад санги гурдаҳоро аз байн барад?

Вақтҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ корбароне афзоиш меёбанд, ки ба маслиҳату тавсияҳо ва машвараҳои тиббӣ барои табобати ин ё он беморӣ сарукор доранд. Яке аз чунин «табибиони интернетӣ», ки дар шабакаи иҷтимоии Tik-Tok ҳамчун блогер шинохта шудааст, бо номи Ғуломҷон 93 аст. Пайгиронаш ба тавсияҳои «табибӣ»-и ӯ бовар доранд, вале ин ҳама тавсияҳо аз лиҳози илмӣ то куҷо исбот шудаанд, ноаёнанд.

Ғуломҷон 93 дар яке аз наворҳояш ба мардум муроҷиат карда, мегӯяд, ки барои афтонидани санги гурда истеъмоли «редиска» (шалғамча) ҳар саҳар дар шиками холӣ фоидаовар буда, метавонад сангҳои гурдаро ҳамагӣ дар муддати 7 рӯз аз байн барад. Ӯ дар навор (бойгонӣ) мегӯяд: «Як рӯзба се маротиба шиками гурусна ба редиска хӯрда гардед. Чор-панҷ дона редискаро гирифта, боло ва тагашро мегиред, пӯст намекунед, бо пӯсти сурхаш чор-панҷ адад саҳар, вақти обед чор-панҷ дона ва бегоҳӣ чор-панҷ дона пеш аз хӯрок истеъмол мекунед. Худо хоҳад се рӯз пас «банка» ба пешоб карда, бо чашмони худатон қумҳоро мебинед, ки мебароянд…».

Ӯ инчунин иддао дорад, ки дар ноҳияи Зафаробод ду нафар чунин усулро озмудаанд ва шифо ёфтаанд, аммо ин гуфта низ ҳеч санади тиббӣ надорад.

Иддао дар бораи он ки истеъмоли шалғамча (редис) метавонад сангҳои гурдаро дар 7 рӯз аз байн барад, асоси воқеӣ надорад. Чун ҳеч далели илмӣ ё тиббӣ барои чунин тавсия мавҷуд нест.

Маълумоти расмӣ ва тадқиқоти илмие, ки аз ҷониби мутахассисон анҷом дода шудаанд, нишон медиҳанд, ки истеъмоли шалғамча (редис) барои аз байн бурдани сангҳои гурда на танҳо кӯмакрасон нест, балки аз меъёр зиёд истифода бурдани он бе тавсияи табиб баръакс метавонад таъсири манфӣ расонад. Аз ҷумла, тадқиқоти илмие («Таъсири истеъмоли шалғамча (редис) ба ихроҷи оксалати калсий бо пешоб»), ки соли 2004 дар Ҳиндустон анҷом шудааст, омадааст (бойгонӣ), ки истеъмоли шалғамча (редис) метавонад ихроҷи калсий-оксалатро бо пешоб зиёд кунад, ки ин метавонад дар баъзе намудҳои сангҳо муҳим бошад.

Чӣ тавр гузаронида шуд:

Дар тадқиқот 36 нафар иштирок карданд: 21 нафаре, ки санги гурда доштанд ва 15 нафар бе мушкилоти санги гурда. Дар давоми ду ҳафта аз онҳо ҳар саҳар намунаи пешоб гирифта шуд. Ҳафтаи аввал онҳо бо реҷаи одии худ ғизо мехӯрданд, ҳафтаи дуюм – ҳамон ғизо, вале бо иловаи шалғамча (редис). Пас аз хӯрдани шалғамча (редис), дар пешоби одамон миқдори кристаллҳои оксалати калсий (моддае, ки сабаби асосии сангҳои гурда мегардад) зиёдтар шуд. Ин тағйирот дар мардон ва занон тақрибан яксон буд, чун ҷинс таъсир надорад. Яъне, дар тадқиқот омадааст, хӯрдани шалғамча (редис) метавонад ихроҷи оксалати калтсийро зиёд кунад, ки ин хатари ташаккули сангҳои гурдаро боло барад.

Дар як тадқиқоти дигаре, ки дар ин самт («Таъсири парҳезҳои бо миқдори баланд ва камтари калсий ба хатари ташаккули сангҳо ҳангоми истеъмоли миёнаи оксалатҳо») соли 2006 анҷом шудааст, гуфта мешавад, ки ҳангоми аз ҳад зиёд истеъмоли шалғамча (редис), он метавонад хатари пайдоиши сангҳои оксалатиро баръакс зиёд (бойгонӣ) кунад. Ҳамзамон, тадқиқоти дигари илмие («Тадқиқоти клиникӣ оид ба растаниҳои доруворӣ дар заминаи таъсири зидди ташаккули сангҳо: баррасии систематикӣ»), ки соли 2022 дар Покистон оид ба  растаниҳои гуногун, аз ҷумла шалғамча (редис) гузаронида шудааст, гуфта мешавад, ки таъсири эҳтимолии онҳо ба ташаккули сангҳо дар гурда муҳокима (бойгонӣ) гардидааст.

Дар ин росто, Созмони ҷаҳонии тандурустӣ таъкид менамояд, ки усулҳои худтабобаткунӣ метавонад хатари пойбарҷо мондани микробҳоро зиёд (бойгонӣ) гардонад.

Пас аз муқоисаи иддао бо манбаъҳои илмӣ, натиҷа чунин аст: тавсия дар бораи он ки истеъмоли шалғамча (редис) санги гурдаро нест мекунад, ягон исботи дақиқи илмӣ надошта, баръакс дар тадқиқот омадааст, ки истеъмоли аз ҳад зиёди он метавонад, хатарҳои дигаре дар пай дошта бошад.


Муфассалтар бо ҳукмномаҳои мо ва тафсироти онҳо метавонед, дар бахши «Ҷадвали ҳукмномаҳо» шинос шавед. Дар ҳолати норизоӣ бо ҳукмномаҳои баровардаамон нисбат ба ягон муҳтаво ё изҳороти санҷидашуда метавонед, бо мо дар тамос шуда, исботи нодурустии онро пешкаш намоед. Дар ҳолати зарурӣ имконияти бозбинии ҳукмномаҳо вуҷуд дорад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь