Далелсанҷӣ | Нӯшем ё не: чӣ гуна пластик ба об таъсир мерасонад?

Чӣ санҷида шуд?

Тобистони гарм, танбашави роҳ, ташна ҳастед ва мехоҳед об нӯшед.  Дар бағоҷ як зарфи панҷлитрии об. Пас аз чанд соат об гарм мешавад, ва ҳатман касе мегӯяд: «Нанӯш, ин пластик аст, он боиси саратон мешавад!»

Аммо оё дар ҳақиқат зарфҳои пластикӣ метавонанд зарар расонанд?
Нигоҳ доштани об дар зарфҳои пластикӣ як амали серистифода аст. Бобати ба саломатӣ зарар доштан ё надоштани истифодаи зарфҳои пластикӣ матолиби зиёде (1 (бойгонӣ), 2 (бойгонӣ), 3 (бойгонӣ))  вуҷуд дорад ва гоҳо маълумотҳо ба ҳам зиддунақз ҳастанд. Аммо фаҳмидани воқеияти хавфҳои эҳтимолӣ аз истифодаи зарфҳои пластикӣ ва роҳҳои кам кардани онҳо хеле муҳим мебошад.

Дар ин матлаб мо ба чанд суоле дар робита ба истифодаи зарфҳои пластикӣ посух меҷӯем. 

Чӣ гуна санҷида шуд?

Агар аз зарфҳои пластикӣ об нӯши организми ту бо моддаҳои кимёвӣ олуда мешавад? Месанҷем, ки оё ин ҳақиқат аст ё боз як афсона.
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) эътироф мекунад: дар об микропластик вуҷуд дорад, аммо то ҳол исбот нашудааст, ки он воқеан ба инсон зарар мерасонад.

СҶТ дар гузориши вижае бо номи «Microplastics in drinking-water»(бойгонӣ) мавҷудияти микропластик дар оби нӯшокӣ (аз ҷумла оби қубурӣ ва оби дар зарфҳо нигоҳдоришуда) ва таъсири эҳтимолии он ба саломатии инсон баррасӣ кардааст.

СҶТ таъкид мекунад, ки барои баҳодиҳии дақиқтари хавфҳои эҳтимолӣ ба саломатӣ, ки бо микропластик дар об вобастаанд, гузаронидани таҳқиқоти иловагӣ зарур аст. 

Дар робита ба нигоҳдории об дар зарфҳои пластикӣ, СҶТ ишора мекунад, хавфҳое, ки бо зарфҳои пластикӣ барои нигоҳдории об вобастаанд, пеш аз ҳама аз сифати худи зарф, гигиена ва шароити нигоҳдорӣ вобастаанд. СҶТ тавсия медиҳад, ки микропластик ва пластик дар муҳити зист, аз ҷумла дар оби нӯшокӣ, мунтазам назорат ва идора карда шаванд, то хавфҳои эҳтимолӣ ба саломатӣ коҳиш ёбанд.

Аз натиҷаи таҳқиқоти мазкур гуфтан мумкин аст, СҶТ хулосаи қатъӣ дар бораи хатарнок будани нигаҳдории об дар зарфҳои пластикӣ надодааст, вале зарурати риояи меъёрҳои гигиенӣ, тарзи нигаҳдорӣ ва идомаи таҳқиқотро дар бораи микропластик дар оби нӯшокӣ таъкид менамояд.

Барои боз ҳам рӯшантар шудани масъала мо мавзӯи мазкурро аз таҳқиқотҳои дигари илмӣ ва лабораторӣ чуқуртар омӯхтем ва бо ишора ба манбаъҳо ба чанд суоле дар робита ба ин масъала посух медиҳем:

Таъсири ҳарорат ва рӯшноии офтоб

Дар чанд таҳқиқоте (1 (бойгонӣ), 2 (бойгонӣ), 3 (бойгонӣ)), ки ҷиҳати омӯзиши ин нукта анҷом ёфтааст, ишора бар он доранд, ки оби нӯшоки дар зарфи пластикӣ нигоҳдоршаванда бояд дар ҷои соя ва салқин бошад.  Ҳарорати баланд, нури мустақими офтоб ва нигоҳдории тӯлонӣ пиршавии пластикро метезонанд ва ба зиёд шудани муҳоҷирати моддаҳои зараррасон мусоидат мекунанд. Зарфҳое бо оби нӯшокӣ, ки дар зери офтоб ё дохили мошин дар гармӣ мондаанд, хавфи бештар барои саломатӣ доранд. Нигоҳдорӣ дар ҷои хунук ва сояафкан ба кам кардани ин таъсирҳо кӯмак мекунад.

Истифодаи такрории зарфҳои яккарата

Аз омӯзишу таҳлили таҳқиқоте, ки дар пойгоҳи илмии ScienceDirect (бойгонӣ) ҷой дода шудааст, бармеояд ки зарфҳои яккарата аз полиэтилентерефталат (PET, нишона «1») танҳо барои як маротиба истифода бурдан пешбинӣ шудаанд. Вақте ки чунин зарфҳо борҳо истифода мешаванд, онҳо фарсуда мешаванд: дар деворҳоашон рахҳо пайдо мешаванд, ки метавонанд ҷойи афзоиши бактерияҳо гарданд. Илова бар ин, кӯҳнашавии пластик метавонад, сабаби зиёд шудани гузариши моддаҳои кимиёвӣ ба об гардад. Дар таҳқиқотҳои илмӣ гуфта мешавад, ки дар истифодаи кӯтоҳмуддат хавф ночиз аст, аммо дар истифодаи дарозмуддат хавфҳо ба саломатӣ меафзояд.

Нишонаҳо ва рамзгузорӣ

Тибқи маълумоти чанд манбаъ (1 (бойгонӣ), 2(бойгонӣ), 3 (бойгонӣ))  дар зарфҳои пластикӣ рамзҳои махсус мавҷуданд — resin identification codes (R-кодҳо), ки аз 1 то 7 рақам доранд. Барои оби нӯшокӣ одатан рақами «1» (PET/PETE) истифода мешавад ва ин рамз маънии онро ифода мекунад, ки зарфи мазкур барои истифодаи яккарата пешбинӣ шудааст. 

Ҳамчунин барои нигоҳдории об зарфҳо бо нишонаҳо HDPE (2), PP (5) рамзгузорӣ шудаанд. Зарфҳое, ки бо ин нишона рамзгузорӣ шудаанд ба ҳарорат нисбатан устувор ҳастанд. Барои истифодаи чандкарата беҳтар аст аз зарфҳои HDPE (2), PP (5) ё зарфҳои махсуси сертификатдор истифода бурда шавад.

methodrecycling.com

Мӯҳлати нигоҳдорӣ ва таъсири он ба сифати об

Бино ба тадқиқотҳо (1 (бойгонӣ), 2 (бойгонӣ)) нигоҳдории тӯлонӣ (моҳҳо ё солҳо), махсусан дар шароити нодуруст (гармӣ, нур), метавонад таъми обро тағйир диҳад, миқдори гази ҳалшударо кам кунад ва инчунин сатҳи баъзе моддаҳои кимиёвиро (масалан, сурб — Sb) зиёд намояд.

Тавсияҳои расмӣ оид ба муҳлати нигоҳдорӣ гуногунанд: худи об дар зарфи маҳкамбаста зуд «вайрон» намешавад, аммо истеҳсолкунандагон ва таъминкунандагон одатан тавсия медиҳанд, ки онро ҳангоми истеъмоли оби дар зарфҳои пластики нигаҳдоришуда ба санаи истеҳсолот таваҷҷӯҳ кунанд.

Кадом моддаҳо метавонанд ҷудо шаванд

Дар тадқиқотҳо (1 (бойгонӣ), 2 (бойгонӣ)) нишон дода шудааст, ки дар суръати риояи шудани талаботи вақт ва тарзи нигаҳдории зарфҳо бо нишонаи PET вай моддаҳои зарарноки кимёвӣ ҷудо намекунад. Аммо ба рағми ин ҳангоми истеъмоли обе, ки дар зарфҳои пластикӣ нодуруст нигаҳдорӣ шудаанд, он метавонад барои саломатии истеъмолгар хавфҳои микробиологӣ (пайдоиши: бактерияҳо, биоплёнкаҳо, аломатҳои сифати пасти обро метавонанд эҷод кунанд), хавфи кимиёвӣ (пайдоиши моддаҳои: антимоний (бойгонӣ), фталаты (бойгонӣ), бисфенолҳо (бойгонӣ)) дошта бошад.  

Барои кӯдакон ва шахсони заиф

Кӯдакон ва одамони дорои системаи иммунии заиф ба таъсирҳои микробӣ ва кимиёвӣ ҳассостаранд. Барои онҳо тавсия дода мешавад, ки аз истифодаи такрории зарфҳои кӯҳнаи яккарата худдорӣ кунанд ва зарфҳои махсуси бе бисфенол ё аз шиша ва пӯлоди зангногирро истифода баранд.

Пизишки бачагонаи Cleveland Clinic – У. Кайл Мадд ба тавсия (бойгонӣ) додааст, ки ҳангоми ғизодиҳӣ ба кӯдак шир ё дигар ғизои гармро дар зарфҳои пластикӣ нигоҳ надоранд. 

Тавсияҳои мутахассисон

То ба имрӯз чандин кишварҳои олам тасмимҳо (бойгонӣ) барои маҳдуд ё ман кардани истифодаи ин ё он маводи пластикиро рӯйи даст гирифтаанд. 

Созмонҳои тандурустӣ тавсия медиҳанд:(1 (бойгонӣ) 2 (бойгонӣ))

  • зарфҳои PET-и яккарата танҳо як маротиба ё барои муддати кӯтоҳ истифода шаванд;
  • зарфҳоро дар гармӣ ё зери офтоб нагузоранд;
  • зарфҳои бисёркарата мунтазам шуста ва безарар гардонда шаванд;
  • барои кӯдакон ва шахсони дорои сисстемаи имумунии заиф — зарфҳои сертификатдори бе BPA, ё зарфҳои шишагӣ ё аз пӯлоди зангногир интихоб шаванд.

Хулоса

Ҳоло ягон хулосаи мутлақ бобати зарар собитшуда ба саломатӣ доштани истеъмоли оби дар зарфҳои пластикӣ нигаҳдоришуда ҳосил нашудааст. 

Бо такя ба натиҷаи таҳқиқотҳои боло ҷоиз ба зикр аст, ки нигоҳ доштани об дар зарфҳои пластикӣ дар шароити дуруст бехатар аст: истифодаи якдафъаина, маҳкам будани сарпӯш, нигоҳдорӣ дар ҷои хунук ва соя. Аммо истифодаи такрории зарфҳои PET/PETЕ, нигоҳдорӣ дар офтоб ё гармӣ ё истифодаи тӯлонӣ хавфро зиёд мекунад — ҳам аз ҷиҳати микробӣ ва ҳам кимиёвӣ. 

Барои кӯдакон ва шахсони дорои иммунитети заиф беҳтар аст аз зарфҳои махсус ё шишагӣ истифода бурда шавад. 

Ҳангоми истифодаи зарфҳои пластикӣ ҳамеша ба нишонаҳо ва шароити нигоҳдорӣ аҳамият диҳед.

Муфассалтар бо ҳукмномаҳои мо ва тафсироти онҳо метавонед, дар бахши «Ҷадвали ҳукмномаҳо» шинос шавед. Дар ҳолати норизоӣ бо ҳукмномаҳои баровардаамон нисбат ба ягон муҳтаво ё изҳороти санҷидашуда метавонед, бо мо дар тамос шуда, исботи нодурустии онро пешкаш намоед. Дар ҳолати зарурӣ имконияти бозбинии ҳукмномаҳо вуҷуд дорад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь