Далелсанҷӣ | Писар ё духтар: ҷинси кӯдак аз модар вобаста аст?

Чӣ санҷида шуд?

Дар ҷомеаи суннатии Тоҷикистон дар пайи таваллуди пайдарҳами духтарон дар хонаводаҳо бисёриҳо занро айбор медонанд ва гоҳо мардон аз ҳамсару фарзандони худ даст мекашанд. Зеро баъзе хонаводаҳо таваллуди духтарро гӯё як ҷурме мешуморанд барои зан ва бо маломати “писар таваллуд карда натавонистан”, гоҳо зан мавриди фишору хушунат ё маломат қарор мегирад. Чун бисёри хонаводаҳо назар ба таваллуд ёфтани духтар ба тавлиди писар дар оила афзалият медиҳанд ва умеди бештаре ба доштани писар доранд. 

Оё дарвоқеъ ҷинси кӯдак аз зан вобаста аст?

Дар матлаби мазкур оид ба ин ва чанд суоли дигаре доир ба ин масъала посух меҷӯем.

Ҳукмнома: Дурӯғ 

Зан танҳо тухмҳуҷайра бо X-хромосома истеҳсол мекунад.

Танҳо мард сперматозоидҳои дорои X ё Y истеҳсол менамояд.

Маҳз хромосомаи овардаи мард ҷинси кӯдакро муайян мекунад. Ҳеҷ як тадқиқоти илмӣ таъсири зан ба интихоби ҷинсро тасдиқ накардааст.

Чӣ гуна санҷида шуд? 

Далелҳои илмӣ дар ин маврид  

Баъзе аз фарзияҳо таъсири модар ба ҷинси кӯдакро аз интихоби тухмҳуҷайра ё шароити муҳити нутфа пешбинӣ мекунанд, аммо далелҳои дақиқ ва механизми равшан дар ин бора вуҷуд надорад. Қоидаи асосӣ ҳамоно генетикӣ мемонад, ки нутфа аз падар вобаста аст (бойгонӣ).

Дар ин маврид тадқиқотҳои (1 (бойгонӣ), 2 (бойгонӣ)) зиёди илмие вуҷуд доранд ва онҳо нишон медиҳанд, ки таваллуд шудани духтар ё писар танҳо аз мард вобастагӣ дорад, на зан.  

Аз ҷумла, тибқи маълумоти Пойгоҳи иттилоотии миллӣ тиббии ИМА (NIH), (бойгонӣ) ҷинси инсон тавассути хромосомаҳо муайян карда мешавад. Ба иттилои манбаъ, зан дорои ду хромосомаи X (XX) аст. Мард бошад, дорои як хромосомаи X ва як хромосомаи Y (XY) мебошад. Тухмдони зан ҳамеша танҳо хромосомаи X дорад. Сперматозоиди мард бошад метавонад ду навъ бошад X ё Y.

Агар сперматозоиди дорои хромосомаи X тухмдонро бордор кунад, фарзанд духтар (XX) ба дунё меояд. Агар сперматозоиди дорои хромосомаи Y бордор кунад, фарзанд писар (XY) мешавад. Ин маънои онро дорад, ки маҳз мард бо навъи хромосомае, ки ба тухм мерасад, ҷинси фарзандро муайян менамояд.

Мутахассисони соҳаи генетика ва биология низ исбот (бойгонӣ) кардаанд, ки зан ба муайян кардани ҷинси кӯдак таъсир надорад. Ин масъулият танҳо аз мард вобастагӣ дорад.  

Генетика ба ҷинси кӯдак рабт надорад 

Ҳамзамон, дар тадқиқоте, (бойгонӣ)  ки соли 2020 (Омӯзиши умумии аҳолӣ, ки беш аз 4,7 миллион таваллудро дарбар мегирад, нишон дод, ки омили генетикӣ дар тағйирёбии нисбати ҷинси фарзандон дар инсон муайян карда нашудааст.) аз ҷониби як гурӯҳ олимони шветсиягӣ анҷом шудааст, маълум гардид, ки ҷинси кӯдак ба омили генетикӣ рабте надорад.  

Аз ҷумла, дар тадқиқот маълумотҳои тамоми аҳолии Шветсияро, ки соли 1932 ё баъд аз он таваллуд шудаанд, истифода шудааст. Дар таҳқиқот 3 543 243 нафар ва 4 753 269 фарзандони аҳолии ин кишвар шомиланд.  

Ин гуруҳи муҳаққиқон Бо мақсади муайян кардани он, ки оё тағйирёбии генетикӣ ба таносуби ҷинсӣ дар насл таъсир мерасонад ё не, робитаро байни ҷинси фарзандони як шахс ва ҷинси фарзандони бародарону хоҳарони ӯ (шумораи ҷуфтҳо = 14 015 421) мавриди санҷиш қарор дода шудааст. 

“Мо ҳисоб кардем, ки меъёри ирсӣ барои таносуби ҷинсӣ дар насл баробар ба сифр аст ва ҳудуди болоии 95%-и эътимод танҳо 0,002 мебошад. Ин натиҷаҳо принсипи Фишер ва як қатор фарзияҳои мавҷударо беасос мегардонанд ҳамчун асос барои фаҳмидани таносуби ҷинсии насл дар инсон”,-омадааст дар тадқиқот. 

Аз куҷо маншаъ мегирад? 

Дар ҷомеаҳои суннатие ба мисли Тоҷикистон, писарро аксаран ҳамчун идомадиҳандаи насл, “ворис” ва такягоҳи оила меҳисобанд. Аз ҳамин сабаб, ба волидон чунин мешуморанд, ки масъулияти “писар таваллуд кардан” пеш аз ҳама бар дӯши зан аст – “ӯ бояд писар таваллуд кунад”. Ин фишори иҷтимоиро ба вуҷуд меорад ва метавонад боиси ташаккули стереотипҳо гардад.

Тадқиқотҳо (1 (бойгонӣ), 2 (бойгонӣ)) нишон медиҳанд, ки дар бештаре аз кишварҳо “тарҷеҳ додани писар” бо паёмадҳои ҷойдошта аст ва аз омилҳои фарҳангӣ – иҷтимоӣ маншаъ мегирад.

Хулоса

Ҷинси кӯдак танҳо дар натиҷаи омезиши хромосомаҳои ҷинсии мард ва зан муайян мешавад. Тухмҳуҷайраи зан ҳамеша X аст, ва маҳз сперматозоиди мард, ки метавонад X ё Y бошад, ҷинси кӯдакро муайян мекунад. Аз ин рӯ, гунаҳкор донистани зан барои таваллуди духтар ё писар асоси илмӣ надорад. Масъалаи ҷинс  натиҷаи равандҳои биологӣ ва генетикии табиӣ аст, ки амали инсон ё иродаи зан вобастагӣ надорад.

Муфассалтар бо ҳукмномаҳои мо ва тафсироти онҳо метавонед, дар бахши «Ҷадвали ҳукмномаҳо» шинос шавед. Дар ҳолати норизоӣ бо ҳукмномаҳои баровардаамон нисбат ба ягон муҳтаво ё изҳороти санҷидашуда метавонед, бо мо дар тамос шуда, исботи нодурустии онро пешкаш намоед. Дар ҳолати зарурӣ имконияти бозбинии ҳукмномаҳо вуҷуд дорад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь