Чӣ санҷида шуд?
Дар шумо ё яке аз наздиконатон бемории сил (туберкулёз) муайян карданд. Табиист, ки ба таҳлука мефатед ва дар пайи табобат мешавед. Касе тавсия медиҳад, “Гӯшти саг бихур, истеъмоли равған ва гӯшти саг бемории силро табобат мекунад”. Чӣ кор мекунед, пайи дарёфти гӯшти саг ва истеъмоли он мешавед?
Байни Тоҷикистониён хусусиятҳои зиддисилӣ доштани гӯшти саг зиёд баррасӣ (1 (бойгонӣ), 2 (бойгонӣ)) мешавад ва байни мардум баъзеҳо дарвоқеъ бовар доранд, ки гӯшти саг бемории силро табобат мекунад.
Чунин боварҳо дар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ҳам вуҷуд (бойгонӣ) дорад. Дар фазои интернӣ ҳам навиштаҳое (бойгонӣ) мавҷуд аст, ки ишора ба бемории силро табобат кардани гӯшти саг мекунад.
Аммо оё дарвоқеъ гӯшти саг бемории силро табобат мекунад?
Ҳукмнома: Дурӯғ
Ҳеҷ як пойгоҳу ташхисгоҳҳои муосири илмӣ ё ниҳодҳои дигари ҳафзи саломатӣ истифодаи гӯшти сагро ҳамчун воситаи зиддисилӣ нaмепазирад ва истеъмоли онро барои табобати сил тавсия намедиҳад.
Чӣ гуна санҷида шуд?
Сил чӣ гуна беморӣ аст?
Сил (бойгонӣ) — бемории сироятии хавфноки роҳҳои нафас аст, ки онро бактерияҳои Mycobacterium tuberculosis ба вуҷуд меоранд; ин микроб асосан тавассути қатраҳои ҳавоӣ ҳангоми сулфа, атса ё нафаскашии наздик паҳн мешавад. Сироят бештар дар шароити танг, ҳавосозии суст, системаи масунияти заиф ва ғизои нокифоя инкишоф меёбад. Ба иттилои Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ (СҶТ), сил танҳо бо исботи лабораторӣ ташхис мешавад ва барои табобат ҳатман курси пурраи антибиотикҳои махсус лозим аст.
Оё тадқиқоте вуҷуд дорад, ки таъсири «вижаи» гӯшти сагро алайҳи сил тасдиқ кунад?
Ҳеҷ гуна таҳқиқоти клиникӣ ё лабораторӣ ёфт нашудааст, ки нишон диҳад истеъмоли гӯшт ё равғани саг микобактерияҳоро бевосита нобуд мекунад, суръати покшавии шуш аз бактерияҳоро тез менамояд ё сатҳи маргро аз сил нисбат ба муолиҷаи стандартӣ ё нисбат ба дигар манбаи ғизо кам мекунад. Дар сарчашмаҳои илмӣ (бойгонӣ), тавсифҳои таърихӣ (бойгонӣ) ва этнографӣ истифодаи равғани саг ҳамчун воситаи халқӣ мавҷуданд, аммо ин ҳама исботшуда ва илман асоснок нест.
СҶТ дар як матлаби (бойгонӣ) расмие (Executive Summary) шеваи дурусти ғизодиҳӣ ҳангоми муолиҷаи силро шарҳ дода, тавсияҳо оид ба ғизодиҳии умумӣ (сафедаҳо, микроэлементҳо ва ғайра) нишон дода шудаанд, аммо ҳеҷ ишорае ба «маҳсулоти табобатии» ғайримаъмули махсус, мисли гӯшти саг, вуҷуд надорад.
Як таҳқиқоти (бойгонӣ), гурӯҳи олимон дар шаҳри Линии Чин бо иштироки 2261 бемор нишон додааст, ки ки гӯшт (дар бори гӯшти саг сухан намеравад) манбаи сафеда, оҳан ва витаминҳои гурӯҳи B мебошад — моддаҳое, ки ба низоми масуният барои мубориза бо сироятҳо кӯмак мекунанд. Таҳқиқот исбот намекунад, ки кадом навъи муайяни гӯшт таъсири табобатӣ бар зидди сил дорад. Он танҳо нишон медиҳад, ки ғизодиҳии беҳтар натиҷаҳои умумии муолиҷаро беҳтар мекунад.
Яъне, дар раванди табобат ба ғизои бемори гирифтори сил аҳамият медиҳанд ва як қисми ғизоро маводи дорои сафеда ташкил медиҳад. Сафеда асосан дар таркиби маҳсулоти гӯштӣ (гӯшти мурғ/гов/моҳӣ), тухм лӯбиёгиҳо ва ғайра бисёр аст.
Олимони Хорватия моҳи июни соли 2025 зимни як таҳқиқот ҳолати аз саг ба инсон гузаштани бемории силро ошкор (бойгонӣ) намуда, таъкид намудаанд, ки агар ҳайвони хонагӣ дар мисоли саг гирифтори бемеории сил бошад, хатари гузаштани он ба соҳибони ҳайвон вуҷуд дорад.

Афкори иҷтимоӣ бобати табобати сил бо гӯшти саг аз куҷо пайдо шудааст?
Сабаби пайдоиши афкори нодуруст дар самти табобат, боварҳои беасоси халқӣ аст, ки дар марҳилаҳои таърихӣ ба вуҷуд омадааст.
Таҳқиқоти (бойгонӣ) сарчашмаҳои кӯҳнаи этнографии Испания нишон дод, ки бовар ба хосиятҳои шифобахши саг ва гӯшти саг — ин танҳо хурофоти мардумӣ аст, на тиб. Дар минтақаҳои гуногун мардум кӯшиш мекарданд сил, сулфаи коклуш, малярия ва ҳатто саратонро бо шӯрбои саг, шири саг, ё бо ҳар гуна анъанаҳои «гузаронидани беморӣ ба саг» табобат кунанд.
Ҳамаи ин усулҳо ягон асоси илмӣ надоранд. Онҳо танҳо нишон медиҳанд, ки чӣ гуна одамон дар гузашта бе дониш ва тиб роҳи табобат меҷустанд. Имрӯз илм ягон хосияти шифобахши гӯшти саг ё чунин амалҳоро эътироф намекунад.
Маҳз чунин тавсияҳои халқии беасос боис шудаанд, ки миёни мардум дар бораи табобати сил ақидаҳои нодуруст паҳн гардад.
Хулоса
Хусусияти зиддисилӣ доштани гӯшти саг дар ягон таҳқиқотҳои илмӣ исбот наёфтааст, аз ин лиҳоз чунин боварҳо беасос ҳастанд.
Чанд тавсияҳо дар поёни матлаб:
Агар шумо гумон доред, ки ба ба бемории сил гирифторед — фавран ба табиб муроҷиат кунед ва ба табобати халқӣ даст назанед. Агар ба худтабобати машғул шаведу он нодуруст бошад, ин ҳолати шуморо вазнин мекунад. Муолиҷаи сил истифодаи ҳатмии схемаи антибиотикҳоро талаб мекунад .
Ғизодиҳии дуруст қисми муҳими нигоҳубин аст: бояд парҳези пурра дошта бошед (калория, сафеда ва микроэлементҳои кофӣ). Инро метавон бо маҳсулоти оддӣ таъмин кард (гӯшти мурғ/гов/моҳӣ, тухм, лӯбиёгиҳо ва ғайра); истеъмоли махсуси гӯшти саг асоснок нест.
Аз истеъмоли маҳсулот, ба вижа гӯште, ки метавонанд ба ҳайвоноти эҳтимолан бемор бастагӣ дошта бошанд, эҳтиёткор бошед: хатари сироятҳои зоонозӣ вуҷуд дорад.
Муфассалтар бо ҳукмномаҳои мо ва тафсироти онҳо метавонед, дар бахши «Ҷадвали ҳукмномаҳо» шинос шавед. Дар ҳолати норизоӣ бо ҳукмномаҳои баровардаамон нисбат ба ягон муҳтаво ё изҳороти санҷидашуда метавонед, бо мо дар тамос шуда, исботи нодурустии онро пешкаш намоед. Дар ҳолати зарурӣ имконияти бозбинии ҳукмномаҳо вуҷуд дорад.

