Далелсанҷӣ | Ботокс: зебоӣ ё хатар ба саломатӣ?

Чӣ санҷида шуд? 

“Сӯзандоруҳои зебоӣ” ё ба истилоҳ ботокс яке аз маъмултарин воситаи косметикӣ барои ҳамвор кардани чинҳо ва ҷавон кардани пӯст мебошанд. Аммо оё онҳо муддати дароз бехатар ҳастанд?

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ маводи зиёде паҳн (бойгонӣ) шудаанд, ки ба зарари ботокс ба саломатии инсон таъкид мекунанд. Аз ҷумла, дар як навори видеоие, ки дар YouTube давр (бойгонӣ) мезанад, гуфта мешавад, ки истифодаи ботокс инсонро ба саратон гирифтор мекунад. 

Илова бар ин дар расонаҳо мифҳое чун: “Ботокс аз бадан намебарояд”,  “Ботокс заҳр аст, бинобар ин ҳатман хатарнок мебошад”, “Ботокс ба системаи асаб зарар мерасонад”, “Ботокс метавонад ба вобастагии доимӣ оварда расонад” вуҷуд  (бойгонӣ) доранд.

Воқеият доштан ё надоштани ин ҳама фикрҳо дар робита бо ботоксро мавриди санҷиш қарор медиҳем.

Ҳукмнома: дасткорӣ

Иддаоҳо бобати он ки ботокс боиси саратон ё дигар бемориҳои вазнин мешавад нодуруст аст. Аммо истифодаи воситаҳои бесертификат ва ба амалиёти ботокс машғул шудани корманди бетахассус метавонад, оқибатҳои нохуш дошта бошад.  

Чӣ гуна санҷида шуд?

Нахуст мо афкори дар робита ба ботокс паҳншударо ба қисматҳо ҷудо карда, дар алоҳидагӣ ҳар яки онро санҷидем:

Миф 1: Ботокс боиси саратон мешавад

Дар асоси таҳқиқоти байналмилалӣ то имрӯз ягон далели (бойгонӣ) илмӣ вуҷуд надорад, ки истифодаи ботулотоксини тиббӣ ё косметикӣ боиси бемории саратон шуда бошад.

Инчунин дар баррасиҳои илмӣ эҳтимоли робитаи байни ботулинотоксин ва пайдоиши саратонро таҳқиқ (бойгонӣ) кардаанд ва ягон далеле пайдо накардаанд, ки нишон диҳад боток боиси саратон мешавад.

Як қатор тадқиқотҳо (1 (бойгонӣ), 2 (бойгонӣ), 3 (бойгонӣ)) нишон медиҳанд, ки хатарҳо асосан дар ҳолатҳои мутахассиси соҳа набудани ҷарроҳ, истифодаи доруҳои бидуни сертификат ё қалбакӣ ва дар ҳолати нодуруст ворид кардани маҳлул ба вуҷуд меоянд.

Миф 2. Ботокс дар организм боқӣ мемонад

Ба иттилои Ҷамъияти амрикоии ҷарроҳӣ – дерматологӣ, ботулотоксин дар мушак таъсири муваққатӣ (бойгонӣ) дорад ва аз ҷониби организм пурра шикаста, дар давоми 3 то 6 моҳ пурра аз бадан хориҷ мешавад. Ягон далел дар бораи боқи мондани асарҳои он дар бадани инсон вуҷуд надорад.

Аммо манбаъҳои клиникӣ нишон медиҳанд, ки дар ҳолати нодуруст гузаронидани инъексия эҳтимол аст, мушакҳои рӯй муваққатан (бойгонӣ) суст шаванд, пилки чашм паст гардад ё асимметрия (нобаробарӣ ё фарқияти шакл, андоза ё ҷойгиршавии ду қисми як узв, узви бадан ё сохтори он) пайдо шавад. Ин ҳолатҳо муваққатӣ ҳастанд, вале бештар он дар натиҷаи кори нодурусти мутахассиси бетаҷриба ё бесалоҳият мушоҳида карда мешавад. 

Миф 3: Ботокс фаъолияти системаи асабро вайрон мекунад ё вобастагӣ ба вуҷуд меорад

Дастурҳои расмии FDA (бойгонӣ) (Идораи озуқаворӣ ва дорусозии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико) қайд мекунанд, ки ягон далел дар бораи таъсири доимӣ ба системаи асаб вуҷуд надорад. Гуфта мешавад, ки ботулотоксин таъсири маҳдуд ва муваққатӣ дорад, он танҳо кори мушакҳои муайянро муваққатан бозмедорад. Вобастагӣ низ ба вуҷуд намеорад. Танҳо нафароне, ки аз натиҷаҳои косметикӣ қаноатманд мешаванд, такроран анҷом медиҳанд.

Як омӯзиши клиникӣ оид ба 86 ҳолати ботулизм баъди ботокс (аз ҷиҳати косметикӣ) собит кардааст, ки дар ҳолатҳои нодуруст гузаронидани инъексия метавонад дарди сар, мушкилоти нутқ, овезон шудани чашм, душворӣ ҳангоми ҳазм ва баъзе оризаҳои дигарро ба вуҷуд орад. Чунин нишонаҳо пас аз гузашти чанд рӯз, ҳатто пас аз ҳафтаҳо пайдо (бойгонӣ) мешаванд. Дар аксари ҳолатҳо ин мушкилиҳо аз истифодаи маводи бе сертификат ба вуҷуд меоянд.

Дар соли 2025, Оҷонсии Амнияти Тандурустии Британия (UKHSA) хабар дод, ки 41 ҳолати ботулизми эатрогенӣ (iatrogenic botulism) сабт (бойгонӣ) кардааст, ки ҳамаи онҳо бо инъексияҳои ғайриқонунӣ ё маводи бе иҷозатнома марбут буданд. Ин ҳолатҳо нишон медиҳанд, ки сабаби асосии хатар на худи ботокс, балки бозори пинҳонӣ ва сатҳи пасти хизматрасонии мутахассисони бетаҷриба бармеояд.

Вазъ дар Тоҷикистон чӣ гуна аст?

Дар Тоҷикистон низ солҳои охир хизматрасониҳои косметологӣ афзоиш ёфтаанд. Аз ҷумла, дар шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд саҳифаҳо (1 (бойгонӣ) 2 (бойгонӣ)) ҳастанд ва аз бонувон даъват мекунанд, ки “барои ҷавон ва зебо мондан” аз хизматрасонии онҳо истифода баранд.

То ҳол мақомот аз истифодаи нодуруст ва омори дақиқи ҳолатҳое, ки аз ботокс рексияи баръакс дода бошад, иттилое надодааст. Аммо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ҳамеша таъкид мекунад, ки ҳама гуна хизматрасонии тиббӣ бояд танҳо дар муассисаҳои расмӣ ва аз ҷониби мутахассисони соҳавӣ анҷом дода шавад.

Вазорат пайваста огоҳ мекунад, ки хизматрасониҳои тиббӣ ва косметикӣ бояд танҳо дар муассисаҳои дорои иҷозатнома анҷом дода шаванд.

Дар ҳамин ҳол расонаҳои кишвари ҳамсоя Ӯзбекистон хабар (бойгонӣ) медиҳанд, ки  шумораи оқибатҳои нохуш баъди амалҳои косметологҳо зиёд шуда истодааст ва гуфта мешавад, аксари шикоятҳо аз кормандоне мерасанд, ки таҳсилоти тиббӣ надоранд ва доруҳои бесертификатро истифода мебаранд.

Намогирифт аз сомонаи kun.uz

Хулоса

Ботокс худ хатарнок набуда, танҳо дар ҳолати истифодаи нодуруст, аз ҷониби мутахассиси бетаҷриба анҷом додани амалиёт, фурӯши маводи қалбакӣ ва инъексияҳои ғайриқонунӣ хатарҳо ба вуҷуд меоянд. Яъне барои пешгирии оқибатҳои нохуш бояд донист, ки дору сертификат дорад, мутахассис ботаҷриба аст ва хизматрасонӣ танҳо дар муассисаҳои тиббии расман ба қайд гирифташуда анҷом мешавад.

Муфассалтар бо ҳукмномаҳои мо ва тафсироти онҳо метавонед, дар бахши «Ҷадвали ҳукмномаҳо» шинос шавед. Дар ҳолати норизоӣ бо ҳукмномаҳои баровардаамон нисбат ба ягон муҳтаво ё изҳороти санҷидашуда метавонед, бо мо дар тамос шуда, исботи нодурустии онро пешкаш намоед. Дар ҳолати зарурӣ имконияти бозбинии ҳукмномаҳо вуҷуд дорад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь