Далелсанҷӣ | Чиро нафас мекашем? То чӣ андоза ҳавои Тоҷикистон хатарнок аст, месанҷем

Чӣ санҷида шуд?

Ҳавои ифлос ба «қотили ноаён» дар Осиёи Марказӣ табдил ёфтааст. Тибқи маълумоти Бонки Ҷаҳонӣ, дар ин минтақа ҳамасола беш аз 65 ҳазор нафар бар асари бемориҳое, ки ба заррачаҳои PM2.5 вобастаанд, пеш аз муҳлат ҷони худро аз даст медиҳанд.

Воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон (1 (бойгонӣ), 2 (бойгонӣ)) дар як қатор маводҳо ба хатарнок будани ҳавои атмосфераи Душанбе барои саломатӣ ва ҳаёти аҳолӣ ишора мекунанд. Гуфта мешавад, ки пойтахт ба феҳристи шаҳрҳои серғубори минтақа дохил мешавад.

Истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ низ аз ифлосии ҳавои пойтахт интиқод (бойгонӣ) мекунанд.

Мо месанҷем, ки оё воқеан ҳавои Тоҷикистон ифлос ва барои саломатӣ хатарнок аст ва меъёри сифати ҳаво бояд чӣ гуна бошад.

Ҳукмнома: Ҳақиқат

Ҳавои Тоҷикистон, бахусус шаҳри Душанбе, воқеан ифлос ва барои саломатӣ зараровар аст.

Чӣ гуна санҷида шуд?

Ҳавои пурғубор барои сокинони Осиёи Марказӣ ба хатари марговар табдил меёбад. Ба арзёбии Бонки Ҷаҳонӣ, ифлосшавии ҳаво бо заррачаҳои майдаи PM2.5 ба яке аз омилҳои асосии фавти пеш аз муҳлат дар Осиёи Марказӣ табдил ёфтааст.

Гузориш дода мешавад, ки дар баъзе шаҳрҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон сатҳи бемориҳое, ки бо ифлосшавии ҳаво вобастаанд, нисбат ба кишварҳои Аврупои Шарқӣ 1,5–2 маротиба баландтар аст.

Савол ба миён меояд: сифати ҳаво умуман чӣ гуна муайян карда мешавад?

AQI чист?

Индекси сифати ҳаво (AQI) нишондиҳандаи маҷмӯӣ (интегралӣ) буда, сатҳи ифлосшавии ҳаво ва хатарҳои вобаста ба саломатиро инъикос мекунад.

AQI нишон медиҳад, ки ҳаво то чӣ андоза ифлос аст. Барои ҳисоб кардани AQI консентратсияи чанд моддаи ифлоскунанда чен карда мешавад ва баъдан индекс аз рӯи баландтарин нишондиҳанда — яъне он моддае, ки дар айни ҳол хатари бештар дорад, муайян мегардад. Азбаски сатҳи ифлосшавӣ дар давоми рӯз тағйир меёбад, AQI низ пайваста тағйир мекунад.

Ба ҳар як сатҳ рақам ва категория муайян аст — аз «хуб» то «хатарнок».

Шохиси AQI (0–500):

0–50 — хуб
51–100 — мӯътадил
101–150 — барои гурӯҳҳои ҳассос зараровар
151–200 — носолим
201–300 — хеле зараровар
300+ — хатарнок

AQI индекси маҷмӯӣ мебошад, ки дар асоси якчанд моддаи ифлоскунанда ҳисоб карда мешавад: PM2.5, PM10, NO₂, SO₂, O₃, CO. Дар аксари ҳолатҳо маҳз PM2.5 ифлоскунандаи асосӣ ба ҳисоб меравад.

Тибқи маълумоти мониторинги сифати ҳаво, ба давраи 11 декабр, соати 08:00, нишондиҳандаи AQI дар Душанбе ба 158 баробар буд, дар ҳоле ки консентратсияи PM2.5 — 65,5 мкг/м³-ро ташкил медод. Яъне сатҳи PM2.5 аз нишондиҳандаи тавсиявии Созмони ҷаҳонии тандурусти (СҶТ) барои миёнаи солона бештар аз 13 маротиба зиёд аст. Ба санаи мавриди интихоб, ҳавои пойтахти кишвар дар муқоиса бо дигар шаҳрҳои калони ҷумҳурӣ олудатар аст.

Дар поён — вазъи сифати ҳаво дар шаҳрҳои бузурги Тоҷикистон:

  • Намогирифтҳо аз сомонаи AQIair

Дар ҳамин ҳол, тибқи тавсияҳои (бойгонӣ) СҶТ, арзиши нисбатан бехатари миёнаи солонаи PM2.5 набояд аз 5 мкг/м³ ва миёнаи шабонарӯзӣ аз 15 мкг/м³ зиёд бошад.

Соли 2024 Тоҷикистон дар ҷаҳон аз рӯи сатҳи ифлосшавии PM2.5 ҷойи 6-умро (бойгонӣ) ишғол кард. Қаблан Душанбе ба чоргонаи пойтахтҳои аз ҳама ифлостарин дохил мешуд. Заррачаҳои PM2.5 хатарноктарин омили экологӣ барои саломатии аҳолӣ гуфта мешуд.

Намогирифт аз сомонаи AQIair
Намогирифт аз сомонаи AQIair

PM2.5 чист ва то чӣ андоза хатарнок аст?

Заррачаҳои PM2.5 хеле майда мебошанд (диаметрашон ≤ 2,5 микрометр) ва метавонанд рӯзҳо ва ҳафтаҳо дар ҳаво боқӣ монанд.

Онҳо чунон хурданд, ки ҳангоми нафаскашӣ ба шуш ворид шуда, дар он ҷо ҷамъ мешаванд ва боиси бемориҳо мегарданд.

СҶТ ва Агентии байналмилалии омӯзиши саратон (IARC) PM2.5-ро ба гурӯҳи канцерогенҳои дараҷаи 1 мансуб донистаанд.

Ҳар қадар консентратсияи онҳо баланд бошад, ҳамон қадар зарар зиёд мешавад.

Тадқиқотҳои сершумор (1 (бойгонӣ), 2 (бойгонӣ)) исбот кардаанд, ки PM2.5 метавонад, саратони шушро ба вуҷуд орад.

Инчунин, тибқи натиҷаҳои тадқиқоти соҳавӣ (бойгонӣ), ҳавои ифлос боиси:
— хуруҷҳои астма,
— бемориҳои музмини роҳҳои нафас,
— бемориҳои дилу рагҳо,
— афзоиши сатҳи фавт мегардад.

Кадом гурӯҳҳо бештар осебпазиранд?

Тибқи маълумоти СҶТ ва National Library of Medicine (бойгонӣ), бештар аз ҳама осеб мебинанд:
— кӯдакон;
— занони ҳомила;
— шахсони солхӯрда;
— одамони гирифтори бемориҳои музмин (дил, роҳҳои нафас, диабет).

Бо афзоиши сатҳи ифлосшавӣ дар ин гурӯҳҳо хатари шиддатёбии бемориҳо, бистаришавӣ ва фавт боло меравад.

Сабабҳои ифлосшавии ҳаво дар Тоҷикистон

Тибқи гузориши (бойгонӣ) Бонки Ҷаҳонӣ:
— 42% ифлосшавии ҳаво дар Душанбе ба сӯзонидани ҳезум ва ангишт дар бахши манзилӣ рост меояд, бахусус дар хонаҳои хусусие, ки ба гармидиҳии марказӣ пайваст нестанд;
— тақрибан 15% — нақлиёт, асосан мошинҳои кӯҳнаи дизелӣ;
— тақрибан 12% — сӯзонидани партовҳо, сарфи назар аз манъ ва ҷаримаҳо;
— то 25% — аэрозолҳои ғуборӣ: чанги заминҳои холӣ, сохтмонҳо ва канори роҳҳо.

Намогирифт аз гузориши Бонки Ҷаҳонӣ
Намогирифт аз гузориши Бонки Ҷаҳонӣ

Хулоса

Мониторинги AQI ва PM2.5 нишон медиҳад, ки дар Душанбе консентратсияи моддаҳои ифлоскунанда дар бисёр маврид аз меъёрҳои СҶТ зиёд аст. Ба ин тартиб, сатҳи миёнаи солонаи PM2.5 дар кишвар ҳамоно яке аз баландтаринҳо дар ҷаҳон боқӣ мемонад.

Маълумоти илмӣ ишора мекунад, ки дар чунин сатҳҳои ифлосшавӣ хатари бемориҳои роҳҳои нафас ва дилу рагҳоро меафзояд.

Муфассалтар бо ҳукмномаҳои мо ва тафсироти онҳо метавонед, дар бахши «Ҷадвали ҳукмномаҳо» шинос шавед. Дар ҳолати норизоӣ бо ҳукмномаҳои баровардаамон нисбат ба ягон муҳтаво ё изҳороти санҷидашуда метавонед, бо мо дар тамос шуда, исботи нодурустии онро пешкаш намоед. Дар ҳолати зарурӣ имконияти бозбинии ҳукмномаҳо вуҷуд дорад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь