Чӣ санҷида шуд?
Бино ба як тадқиқоте, ки аз ҷониби СҶТ ва ЮНИСЕФ (бойгонӣ) анҷом шудааст, Тоҷикистон мисли дигар кишварҳои минтақа дар масъалаи воксинагузаронӣ оид ба пешгирии сурхакон осебпазир мемонад. Аз ҷумла, дар он гуфта мешавад, ки дар соли 2020 сатҳи воксин бар зидди сурхакон (фоизнокии кӯдакони синни 12-23 моҳа) дар Тоҷикистон 98,00%-ро ташкил намудааст. Нишондиҳандаи баландтарин дар давоми 28 соли охир низ маҳз дар соли 2020 ба қайд гирифта шудааст (98,00%), дар ҳоле ки нишондиҳандаи аз ҳама паст дар соли 1992 (68,00%) сабт гардида буд.
Сабаби асосии аз сурхакон осебпазир мондани тоҷикистониён, мавҷудияти мифҳо ва боварҳои нодуруст байни мардум аст. “Сурхакон – бемории безарар барои кӯдакон”, “Агар сатҳи ғизо ва хизматрасонии тибӣ беҳтар шавад, воксин лозим нест!”, “Сурхакон аз байн рафтааст, воксин дигар аҳамият надорад”, (1 (бойгонӣ), 2 (бойгонӣ)) яке аз мифҳои паҳншуда ҳастанд.
Дар ин мавод ҳақиқатро аз маълумоти бофта ҷудо мекунем.
Ҳукмнома: Бе ҳукмнома
Дар ҳолати нагирифтани воксин сурхакон ҳамоно бемории хатарнок ва марговар боқӣ мемонад ва даст кашидан аз воксинагузаронӣ он метавонад босуръат паҳн шавад.
Чӣ гуна санҷида шуд?
Сурхакон яке аз сироятноктарин бемориҳои вирусӣ дар ҷаҳон аст. Он тавассути қатраҳои ҳавоӣ паҳн (бойгонӣ)
шуда, метавонад ба пневмония (илтиҳоби шуш), энсефалит (илтиҳоби мағзи сар), нобиноӣ ва ҳатто ба марг оварда расонад.
Бино ба иттилои Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ (СҶТ), ба бемории сурхакон ҳама метавонад гирифтор шавад, аммо бештар кӯдакон сироят меёбанд. Аломатҳои асосии беморӣ – ҳарорати баланд, сулфа, зуком ва доначаҳои сурх дар тамоми бадан гуфта мешавад.
СҶТ мегӯяд, самараноктарин роҳи пешгирии сироятёбӣ ва паҳншавии сурхакон – воксин ба ҳисоб меравад. Воксин бар зидди сурхакон бехатар буда, ворид шудани вирус ба организмро пешгирӣ мекунад.
Мо мифҳои паҳншударо ба қисматҳо ҷудо карда, дар алоҳидагӣ ҳар яки онро санҷидем:
Миф 1: Сурхакон – бемории безарар барои кӯдакон
Бино ба таҳлилҳои ахири СҶТ, сурхакон метавонад боиси нобиноӣ, илтиҳоби шуш (пневмония), энсефалит ва дигар оқибатҳои (бойгонӣ) ҷиддӣ гардад. Дар соли 2024 95 ҳазор нафар аз сурхакон фавтиданд, ки аксар кӯдакони то панҷсола буданд. Воксин аз соли 2000 то имрӯз ҳаёти тақрибан 59 миллион нафарро наҷот додааст.
Миф 2: Сатҳи ғизо ва хизматрасонии тиббӣ беҳтар шавад, воксин лозим нест!
Ҳатто дар кишварҳое, ки ғизо ва соҳаи тандурустӣ хуб рушд кардааст, сурхакон хатарнок (бойгонӣ) аст. СҶТ қайд мекунад, ки дар кишварҳои рушдёфта низ ҳангоми паст шудани сатҳи воксинзанӣ хуруҷи ин беморӣ дида мешавад.
Дар соли 2024 хуруҷи зиёди сурхакон дар 59 кишвар, аз ҷумла давлатҳои рушдёфта ба қайд гирифта (бойгонӣ) шудааст.
Минтақаи Амрико ду маротиба аз ҷумла дар соли 2025 низ мақоми “озод аз сурхакон”-ро аз даст дод.
Ба иттилои Марказҳои назорат ва пешгирии бемориҳои ИМА, соли равон дар кишвар 1798 ҳолати сурхакон ба қайд гирифта шудааст, ки ин баландтарин нишондиҳанда аз соли 2000 то имрӯз дониста мешавад.
Миф 3: Сурхакон аз байн рафтааст, воксин дигар аҳамият надорад
Дар соли 2024, 11 миллион ҳолати гирифтори ба сурхакон ба қайд гирифта шудааст, ки 800 ҳазор бештар аз давраи пеш аз пандемия мебошад. Ин омор аз он шаҳодат медиҳад, ки баръакс шумораи гирифторони сурхакон дар саросари дунё дар ҳоли афзоиш аст.
“Сурхакон сарҳад надорад. Агар ҳар як кӯдак воксин гирад, сурхаконро пешгирӣ кардан мумкин аст”,- баён (бойгонӣ) намудааст дар пресс-релиз Директори генералии СҶТ Тедрос Адханом Гебреесус. Ҳамзамон бино ба иттилои расмӣ, як бемор метавонад то 18 нафарро сироят (бойгонӣ) кунад.
Миф 4: Як дозаи воксин кифоя аст
Дар гузориши ахир СҶТ, ки моҳи июли соли равон нашр (бойгонӣ) кардааст, барои муҳофизати сурхакон ду воя ва сатҳи фарогирии на камтар аз 95% зарур аст. Дар соли 2024 танҳо 76% кӯдакон вояи дуюми воксинро гирифтанд, ки ин кифоя нест.
Хулоса
Барои Тоҷикистон, мисли ҳар кишвари дигар ба таври зарурӣ гирифтани вояҳои воксин ягона роҳи боэътимоди ҳифзи кӯдакон ва пешгирии тамоми эпидемияҳо дониста мешавад. Ҳамаи мифҳо дар бораи “бехатар будан”-и сурхакон ва “зарурат надоштан”-и вояҳои ваксин аз ҷониби СҶТ ва дигар ниҳодҳои ҳифзи тандурустӣ рад карда мешаванд.
Муфассалтар бо ҳукмномаҳои мо ва тафсироти онҳо метавонед, дар бахши «Ҷадвали ҳукмномаҳо» шинос шавед. Дар ҳолати норизоӣ бо ҳукмномаҳои баровардаамон нисбат ба ягон муҳтаво ё изҳороти санҷидашуда метавонед, бо мо дар тамос шуда, исботи нодурустии онро пешкаш намоед. Дар ҳолати зарурӣ имконияти бозбинии ҳукмномаҳо вуҷуд дорад.

