Чӣ санҷида шуд?
Дар бархе расонаҳои Тоҷикистон (архив) ва Русия (архив) иттилои нигаронкунанда паҳн шудааст: гӯё одамоне, ки COVID-19-ро аз сар гузаронидаанд, бо «вайроншавии устухонҳо», остеопороз (беморие, ки дар натиҷаи коҳиш ёфтани зичӣ ва устувории устухонҳо ба вуҷуд омада, метавонад боиси шикастани осони дасту пой ва ҳатто сутунмуҳра гардад) ва остеонекроз (беморие, ки аз вайрон шудани таъминоти хун ба вуҷуд омада, бо дард ва маҳдудшавии ҳаракатҳои бофтаҳо ҳамроҳ аст) рӯ ба рӯ мешаванд. Чунин хабарҳо тасаввуроте бо вуҷуд меоранд, ки гӯё ин паёмади оммавӣ ва ногузири коронавирус бошад.

Дар маводҳои нашршуда ба таҳқиқоти Донишгоҳи Сеченови Русия ишора мешавад. Аммо, оё воқеан вайроншавии устухон ба ҳамаи онҳое, ки COVID-19-ро аз сар гузаронидаанд, таҳдид мекунад?
Ҳукмнома: Иштибоҳ дар далелҳо
Дар ҳақиқат, дар баъзе аз шахсоне, ки COVID-19-ро аз сар гузаронидаанд, сустшавии бофтаи устухон сабт шудааст. Аммо то имрӯз далелҳои мутлақи илмие вуҷуд надоранд, ки иддаои он ки ҳар як шахси гирифтори COVID-19 бо вайроншавии устухонҳо рӯ ба рӯ мешавад, тасдиқ намоянд.
Чӣ гуна санҷида шуд?
Дар таҳқиқоти (архив) Донишгоҳи Сеченов, ки дар маҷаллаи Pathophysiology нашр шудааст, ҳолатҳои остеонекроз дар қисме аз беморони COVID-19 қайд шудаанд. Бо вуҷуди ин, таҳқиқот шумораи маҳдуди иштирокчиёнро фаро гирифта, исбот намекунад, ки вайроншавии устухонҳо паёмади оммавӣ ё ногузири коронавирус аст.
Ҳамчунин, мо эътимоднокии ин иттилоъро бар асоси шарҳҳои тиббии пульмонологҳо ва терапевтҳо, инчунин маълумоти дигар таҳқиқоти лабораторӣ ва клиникӣ санҷидем.
Таҳқиқоти дигаре, ки дар сомонаи маҷаллаи Pathophysiology (архив) нашр шудааст, нишон медиҳад, ки COVID-19 метавонад равандҳои ташаккули бофтаи устухонро халалдор кунад: дар шароити лабораторӣ он қодир аст дифференсиатсия ва афзоиши остеобластҳо (ҳуҷайраҳое, ки бофтаи устухонро месозанд)-ро боздорад ва фаъолшавии остеокластҳо (ҳуҷайраҳое, ки устухонро вайрон мекунанд)-ро таҳрик диҳад. Ин метавонад боиси заифшавии устухонҳо гардад. Аммо дар ҳеҷ ҷои таҳқиқот гуфта нашудааст, ки ҳамаи одамоне, ки COVID-19-ро аз сар гузаронидаанд, ҳатман бо ин беморӣ рӯ ба рӯ мешаванд.
Баъзе таҳқиқоти дигар (архив) нишон медиҳанд, ки дар баъзе беморон, бахусус пиронсолон ва онҳое, ки бемориро дар шакли вазнин гузарондаанд, пас аз COVID-19 зичии устухонҳо метавонад коҳиш ёбад. Аммо ин ба ҳамаи сироятёфтагон дахл надорад.
Портали тиббии National Library of Medicine таҳқиқоте (архив) нашр кардааст, ки дар он гуфта мешавад: дар одамоне бо ҳолати пасковидӣ (хусусан пиронсолон ё онҳое, ки қаблан низоми устухонии заиф доштанд) тағйироте ошкор шудаанд, ки метавонанд хатари шикастани устухонҳоро зиёд намоянд. Яъне сухан дар бораи гурӯҳҳои мушаххаси хавф меравад, на ҳамаи касоне, ки COVID-19-ро паси сар кардаанд.
Дар яке аз таҳқиқотҳо (архив), ки дар ҳайвонот анҷом ёфтааст, олимон коҳиши зичии устухонҳоро пас аз сирояти коронавирус сабт кардаанд. Бояд таъкид кард, ки ин натиҷаҳо дар ҳайвонот ба даст омадаанд, на дар одамон. Бо вуҷуди ин, муҳаққиқон ҳушдор медиҳанд: агар чунин равандҳо дар инсон низ рух диҳанд, бахусус дар пиронсолон ва одамони камҳаракат, COVID-19 метавонад ба мушкилоти дарозмуддати устухонҳо ва афзоиши хатари шикастан оварда расонад.
Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) иттилоъеро (архив) дар бораи паёмадҳои COVID-19 нашр кардааст, аммо то имрӯз дар ҳеҷ як гузориши расмӣ вайроншавии устухонҳо ё остеонекроз пас аз COVID-19-ро эътироф накардааст.
Хулоса
Ҳамин тавр, иддао дар бораи он ки ҳар як шахсе, ки COVID-19-ро аз сар гузаронидааст, ногузир бо вайроншавии устухонҳо рӯ ба рӯ мешавад, ба маълумоти илмӣ мувофиқат намекунад. Таҳқиқотҳо танҳо афзоиши хатари чунин мушкилотро дар гурӯҳҳои алоҳидаи беморон тасдиқ мекунанд, на ҳамчун паёмади оммавии сироят. То имрӯз на СҶТ ва на дигар созмонҳои байналмилалии тиббӣ вайроншавии устухонҳоро ҳамчун паёмади умумии COVID-19 эътироф накардаанд.
Муфассалтар бо ҳукмномаҳои мо ва тафсироти онҳо метавонед, дар бахши «Ҷадвали ҳукмномаҳо» шинос шавед. Дар ҳолати норизоӣ бо ҳукмномаҳои баровардаамон нисбат ба ягон муҳтаво ё изҳороти санҷидашуда метавонед, бо мо дар тамос шуда, исботи нодурустии онро пешкаш намоед. Дар ҳолати зарурӣ имконияти бозбинии ҳукмномаҳо вуҷуд дорад.

