Чӣ санҷида шуд?
Дар Тоҷикистон бештар дар бораи контрасепсия пинҳонӣ ҳарф мезананд. Занонро ба безуриётӣ, “саломатии бад” ва оқибатҳои даҳшатнок тарс медиҳанд. Қарорҳо аксар вақт таҳти фишори оила, шавҳар ё хушдоман қабул карда мешаванд. Ҷудо кардани ҳақиқат аз маълумоти бофта душвор аст ва ин дар ҳоле ки маълумоти тиббӣ кофӣ нест.
Аммо атрофи ин мавзӯъ маълумоти (1 (бойгонӣ), 2 (бойгонӣ), 3 (бойгонӣ)) зиёде вуҷуд доранд, ки аз хатарнок будани контрасепсия ба саломатии занон ишора мекунад, ки мо то куҷо воқеият доштан ё надоштани онро санҷида мебароем.
Ҳукмнома: Дурӯғ
Контрасепсия дар умум воситаи аз ҷиҳати илмӣ асоснокшудаи ҳифзи саломатии репродуктивӣ, банақшагирии оила ва пешгирии бемориҳо мебошад. Он аз ҷониби Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) ва ҷомеаи тиббии байналмилалӣ эътироф шудааст.
Чӣ гуна санҷида шуд?
Контрасепсия (бойгонӣ) – ин усулҳои тиббии пешгирӣ аз ҳомиладории нолозим мебошанд, ки дар саросари ҷаҳон миллион нафар занон аз он истифода мекунанд ва ин усулҳо аз ҷониби табибон тавсия дода шудаанд. Бо вуҷуди ин, атрофи контрасепсия то ҳол тарсу афсонаҳое – аз ҷумла “гармонҳо солимиро вайрон мекунанд” то “пас аз контрасепсия таваллуд кардан мумкин нест”. Ба чунин усулҳо презервативҳо, ҳабҳои гормоналӣ, спиралҳои дохилибачадонӣ ва дигар воситаҳо дохил мешаванд, ки ба таври муассир пешгирии ҳомиладориро таъмин мекунанд.
Манбаъҳои расмие ба монанди СҶТ ва Medical Eligibility Criteria for Contraceptive Use (бойгонӣ) нашр кардааст, ки дастурҳои муфассал дар бораи бехатарии усулҳои гуногунро дар ҳолатҳои саломатии занон пешниҳод мекунад.
Онҳо рӯйхати пурраи усулҳои маъмулро пешниҳод намуда, таъкид мекунад, ки контрасепсия барои саломатии занон ва ҷомеа муҳим ва боэътимод аст.
Ин созмонҳо таъкид менамоянд, ҳар як усул метавонад таъсирҳои дуҷониба дошта бошад, вале манфиатҳои он – пешгирии ҳомиладории номувофиқ ва кам кардани хатари марги модар – бештар арзёбӣ мешаванд.
Вале атрофи он маълумотҳое низ вуҷуд доранд, ки дар онҳо гуфта мешавад, ки констрасепсия ба марг оварда мерасонад. Аз ҷумла, ташкилоти динӣ ва иҷтимоие ба мисли Human Life International, иддао мекунад (бойгонӣ), ки контрасепсия ба саломатӣ ва ҷомеа зарар мерасонад. Ин ташкилот аз хавфҳои гормоналӣ (сактаи дил, саратон, депрессия) ва таъсири иҷтимоӣ таъкид мекунад.
Аммо гуфта мешавад, ки ин манбаъҳо бештар идеологӣ буда, аз ҷониби тиб ғайрирасмӣ ва баҳсбарангез арзёбӣ мешаванд.
Контрасепсия аз нигоҳи илм
Ба хатарнок (бойгонӣ) иттилои Созмони умумиҷаҳонии Тандурустӣ, контрасепсия даҳсолаҳо боз истифода мешавад ва аз озмоишҳои сершумори клиникӣ гузаштааст. Мақсади асосии он пешгирии ҳомиладории бармаҳал, коҳиши хатарҳо барои саломатии модар ва кӯдак, банақшагирии оила, коҳиши фавти модар ва исқоти ҳамили мебошад.
Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, зикр мекунад, ки дастрасӣ ба усулҳои муосири контрасепсия сатҳи фавти модарон ва шумораи исқоти ҳамл (аборт)-и хатарнокро ба таври назаррас коҳиш медиҳад.
Мифҳои маъмуле дар ин бора вуҷуд доранд, ки то куҷо дуруст будани онҳоро дида мебароем.
Миф 1: Ҳабҳои гормоналӣ боиси бефарзандӣ мешаванд
Ҳабҳои гормоналии контрасепсионӣ бефарзандӣ ба вуҷуд намеоранд. Пас аз қатъи истифодаи онҳо қобилияти ҳомиладоршавӣ одатан дар давоми 1-3 моҳ барқарор мешавад. Ин нукта аз ҷониби Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ Коллеҷи амрикоии акушерон ва гинекологҳо (ACOG)
тасдиқ шудааст (бойгонӣ). Ба таври дигар, пас аз истифодаи ҳабҳо зан метавонад мисли қабл ҳомиладор шавад.
Миф2: Спирал дар бачадон (ВМС) боиси саратон мешавад
Ягон далели илмие вуҷуд надорад, ки спирал дар бачадон сабаби бемориҳои саратон (бойгонӣ) гардад. Баръакс спирали гормоналӣ хатари саратони эндометрияро коҳиш медиҳад. Спирали мисӣ ба афзоиши хатари саратон ҳеч рабте надорад. Агар содда карда гӯем, спирал саратонро ба вуҷуд намеорад ва ҳамчун усули бехатари контрасепсия ҳисобида мешавад.
Миф 3: Контрасепсия аз исқоти ҳамл хатарноктар аст
Ин яке аз мифҳои хатарноктарин дониста мешавад. Тибқи маълумотҳои тиббӣ ҳар гуна исқоти ҳамл, ҳатто дар шароити бехатар, яъне дахолати тиббӣ низ метавонад хатарнок (бойгонӣ) бошад. Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ таъкид мекунад, ки истифодаи контрасепсия барои пешгирии ҳомиладорӣ аз аз исқоти ҳамл дида, бехатар аст. Яъне, пешгирии ҳомиладорӣ бо истифодаи контрасепсия барои саломатии зан аз анҷом додани исқоти ҳамл, бехатартар аст.
Миф 4: Контрасепсия танҳо барои пешгирии ҳомиладорӣ аст
Бисёр усулҳои контрасепсия таъсири табобатӣ низ доранд. Аз ҷумла, танзими сикли ҳайз, коҳиши дард ҳангоми ҳайз, истифода дар эндометриоз, синдроми тухмдони бисёркиста (СПКЯ), камхунии занона, инчунин муҳофизат аз бемориҳои сироятии бо роҳи ҷинсӣ гузаранда, аз ҷумла ВНМО (презерватив) пешгирӣ (бойгонӣ) мекунад.
Муносибат ба контрасепсия дар Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон контрасепсия омилҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дорад ва дар ҷомеа то ҳол анъанаи хонаводаи серфарзанд анъанаи маъмулист (бойгонӣ). Дар ҷомеаи тоҷик аксар вақт қарор дар бораи истифодаи контрасепсия на танҳо аз зан, балки аз шавҳар ва хешовандони ӯ вобастагии зиёд дорад.
Дар деҳот бештар ба усулҳои “табиӣ” такя мекунанд, ки на он қадар самаранок дониста мешавад.
Баъзеҳо истифодаи контрасепсияро аз нигоҳи динӣ “гуноҳ” мешуморанд. Аммо уламои динӣ аксар вақт иҷозат медиҳанд, агар мақсад – ҳифзи саломатии модар ва плангирии оила бошад.
Инчунин шароити иқтисодӣ ва дастрасӣ низ яке аз омилҳои кам муроҷиат кардани занон дар минтақаҳои дурдаст мебошад.
Дар шаҳрҳо аз ҷумла, Душанбе дастрасӣ ба марказҳои тиббӣ ва усулҳои муосир бештар аст. Дар деҳот бошад, камбуди маълумот ва имкониятҳо боиси истифодаи усулҳои камсамар мегардад.
Дар як тадқиқоте (бойгонӣ), ки Муассисаи давлатии илмӣ-тадқиқотии акушерӣ, гинекология ва перинатология дар Тоҷикистон анҷом шудааст, давоми 25 сол тағйироти назаррас ба амал омадааст. Аз ҷумла дар ин муддат дастрасӣ ба хизматрасониҳои контрасептивӣ беҳтар шуда, Марказҳои саломатии репродуктивӣ нақши муҳимеро дар беҳтар кардани саломатии аҳолӣ ва кам кардани фавти модарон бозиданд.
Чиро донистан муҳим аст?
Ягон усули контрасепсия барои ҳама яксон тавсия дода намешавад. Интихоби он бояд инфиродӣ ва бо машварати табиб – гинеколог сурат гирад. Табобати худсарона метавонад хатарнок бошад.
Хулоса
Контрасепсия – ин воситаи тиббиест, ки ба занон кӯмак мекунад аз ҳомиладории нолозим пешгирӣ кунанд. Он на сӯйиқасд, на таҷриба ва на гуноҳ бар дӯши занон аст. Контрасепсия хатари ҷонии занонро муҳофизат ва саломатии онҳоро нигоҳ медорад. Бештаре аз фишору тарс ва овозаҳо на аз нигоҳӣ илмӣ, балки камбуди маълумот пайдо мешаванд. Тасмим дар бораи истифодаи контрасепсияро бо маслиҳати табиб гирифта шавад, на аз рӯи мифҳои интернетӣ ё фишори дигарон.
Муфассалтар бо ҳукмномаҳои мо ва тафсироти онҳо метавонед, дар бахши «Ҷадвали ҳукмномаҳо» шинос шавед. Дар ҳолати норизоӣ бо ҳукмномаҳои баровардаамон нисбат ба ягон муҳтаво ё изҳороти санҷидашуда метавонед, бо мо дар тамос шуда, исботи нодурустии онро пешкаш намоед. Дар ҳолати зарурӣ имконияти бозбинии ҳукмномаҳо вуҷуд дорад.

