Чӣ санҷида шуд?
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Фейсбук “табиби интернетӣ” бо номи Ғуломҷон 93 иддао мекунад, ки бемории варикозро метавон бо об, содда ва сирко табобат кард (бойгонӣ).
Аз ҷумла ӯ ба обуначиёнаш муроҷиат карда, чунин мегӯяд:
“Агар саршавии варикоз бошад, дар як рӯз табобат мешавед. Як литр оби ҷӯшро дар тағора андохта, се қошуқ содда ва як қошуқи калон сирко (уксус)-и себӣ якҷоя карда, пойҳоятонро дар он 15 дақиқа нигоҳ доред”.
Ӯ ҳамзамон қайд мекунад, ки ин тавсияҳоро аз китоби “Канзи Шифо”-и Ҳомидҷон Зоҳидов аст, гуфта далел (бойгонӣ) меорад.
То куҷо воқеият доштани ё надоштани ин иддаоро санҷида мебароем.
Ҳукмнома: дурӯғ
Тавсияҳои аз ҷониби блогер пешниҳодгардида, асоси воқеӣ надошта, баръакс онҳо метавонанд боиси авҷ гирифтани беморӣ ва оқибатҳои ҷиддӣ, аз ҷумла тромбоз, тромбоэмболия ва ҳатто ба марг оварда расонад.
Чӣ гуна санҷида шуд?
Варикоз – бемории рагҳои пой (бойгонӣ) аст. Дар ин ҳолат рагҳо васеъ ва печида мешаванд. Сабаби асосӣ клапанҳои дохили раг нодуруст ва ба таври муқаррарӣ кор намекунанд. Одатан онҳо бояд хунро ба самти дил баргардонанд, вале вақте суст ё вайрон мешаванд, хун дар раг ҷамъ шуда, ҳамин тариқи раг калон ва каҷ мегардад.
Мутахассиси тоҷик Баҳодур Қобилбеков – ҷарроҳи рагҳо, флеболог тавсияҳои блогерро рад карда, (бойгонӣ) чунин изҳор менамояд:
“Варикоз бемории анатомист. Венаи васеъшуда бо сода, сирко, помидор ё усулҳои мардумӣ табобат намешавад. Истифодаи оби гарм ҳангоми варикоз метавонад боиси тромбоз гардад, ки яке аз мушкилоти вазнин ва эҳтимолан марговар аст”.
Ба гуфтаи ӯ, гармии аз ҳад зиёд метавонад гардиши хунро фаъол намуда, хавфи тромбоз ва тромбоэмболияро зиёд кунад ва ин ҳолат дар баъзе мавридҳо метавонад ба марги (бойгонӣ) ногаҳонӣ оварда расонад.
Ин гуфтаҳои флебологро дигар тадқиқотҳои расмӣ, 1 (бойгонӣ), 2 (бойгонӣ) тасдиқ мекунанд.
Дар як тадқиқоте, ки дар маҷаллаи Evidence-Based Complementary and Alternative Medicine (Тибби иловагӣ ва алтернативӣ бо такя ба далелҳо) нашр шудааст, (бойгонӣ) олимон истифодаи сиркои себиро ба рӯи пӯст дар одамони гирифтори варикозро омӯхтаанд. Дар ин таҳқиқот сиркои себӣ танҳо ҳамчун усули иловагӣ, ҳамроҳ бо табобати маъмул истифода шудааст. Натиҷаҳо нишон додаанд, ки сиркои себӣ метавонад баъзе нишонаҳо, мисли дард ва ҳисси вазнинӣ дар пойҳоро каме сабук кунад, аммо он худи бемории варикозро табобат намекунад ва онро бартараф намесозад. Яъне таъсири он маҳдуд ва танҳо кӯмаккунанда аст, на табобати асосӣ.
Хулоса
Иддаои блогер Ғуломҷон 93 дар бораи “табобати якрӯзаи варикоз” бо сода, сирко ва оби гарм асоси илмӣ надошта, баръакс, чунин тавсия метавонад саломатии беморонро зери хатар гузорад. Тавсия дода мешавад, ки танҳо ба маълумоти илмии асоснок ва тавсияҳои табибу мутахассисони салоҳиятдор такя кард.
Муфассалтар бо ҳукмномаҳои мо ва тафсироти онҳо метавонед, дар бахши «Ҷадвали ҳукмномаҳо» шинос шавед. Дар ҳолати норизоӣ бо ҳукмномаҳои баровардаамон нисбат ба ягон муҳтаво ё изҳороти санҷидашуда метавонед, бо мо дар тамос шуда, исботи нодурустии онро пешкаш намоед. Дар ҳолати зарурӣ имконияти бозбинии ҳукмномаҳо вуҷуд дорад.

