Далелсанҷӣ | “Сироп”-ҳои ҳиндӣ барои сулфа ба саломатии кӯдакон хатар доранд

Чӣ санҷида шуд?

Дар расонаи “Оила” хабаре паҳн (бойгонӣ) шудааст, ки бар мабнои он гӯё “Сироп”(шарбат)-ҳои ҳиндӣ барои сулфа ба саломатии кӯдакон хатар доранд. “Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳушдор додааст, ки мардум аз харидории доруҳои обакии истеҳсоли Ҳиндустон, ки барои табобати сулфа пешбинӣ шудаанд, худдорӣ намоянд, зеро дар таркиби доруҳои мазкур моддаҳои хатарноке мавҷуданд, ки ба саломатии кӯдакон зарар доранд”, гуфта мешавад дар хабар. Дар поёни хабар аз марги 22 кӯдак дар Ҳиндустон ба асари истеъмоли шарбатҳои зидди сулфа гуфта шудааст.

Намогирифт аз сомонаи “Оила”

Азбаски Ҳиндустон яке аз кишварҳои асосиест, ки маҳз аз он ба Тоҷикистон як қисми зиёди доруворӣ ворид (бойгонӣ) мешавад, муайян кардан зарур аст, ки то куҷо ин хабар асос дорад?

Ҳукмнома: Дасткорӣ дар сарлавҳа

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) нагуфтааст, ки ҳамаи шарбатҳои бар зидди сулфаи истеҳсоли Ҳиндустон зараровар ё хатарнок мебошанд. Ин танҳо ба партияҳо ё доруҳои муайяни ошкоршуда дахл дорад, дар натиҷаи санҷиш дар онҳо сатҳи баланди омехтаҳои заҳрнок муайян гардидааст.

Чӣ гуна санҷида шуд?

Моҳи октябри соли 2025 расонаҳои Ҳиндустон дар бораи марги 22 кӯдак аз истеъмоли шарбати зидди сулфаи Coldrif хабар (бойгонӣ) доданд. Дар хабар гуфта мешуд, ки 22 кӯдак дар иёлати Мадҳя-Прадеш пас аз истеъмоли шарбати сулфаи олудашудаи Coldrif ба ҳалокат расиданд ва ин мақомоти иёлати Тамилнадро водор кард фаъолияти ширкати дорусозии Sresan Pharmaceuticals-ро қатъ намоянд.

Дар натиҷа дар чанд иёлати Ҳиндустон (Керала, Мадҳя-Прадеш, Тамил-Наду) пас аз хабарҳо дар бораи марги кӯдакон, ки ба истеъмоли шарбати Coldrif вобаста дониста мешавад, фурӯш ва паҳнкунии ин шарбат манъ (бойгонӣ) карда шуд. Сипас, ниҳоди танзимкунандаи ҳиндӣ — Central Drugs Standard Control Organisation (CDSCO) — назорати истеҳсолкунандагони доруро тақвият (бойгонӣ) дода, дастур оид ба назорати қатъии сифатро содир кард, зеро муайян шуд, ки дар шарбати Coldrif миқдори диэтиленгликол 48,6 % буд, ки аз ҳадди иҷозатдодаи 0,1 % хеле зиёд мебошад.

Дар пасманзари ин ҳолат, СҶТ дар бораи зарари саломатӣ, ки бо истифода ва паҳнкунии се навъи шарбати зидди сулфа вобаста аст, ҳушдор (бойгонӣ) нашр кард. Ба гуфтаи СҶТ, гумон меравад, ки ин шарбатҳо сабаби марги чанд кӯдак дар Ҳиндустон шудаанд.

Намогирифт аз сомонаи СҶТ

Дар изҳороти СҶТ омадааст, ки ин доруҳо ҳамчун партияҳои мушаххаси шарбатҳои Coldrif, Respifresh TR ва ReLife муайян шудаанд, ки аз ҷониби се ширкати ҳиндӣ — Sresan Pharmaceutical, Rednex Pharmaceuticals ва Shape Pharma истеҳсол гардидаанд. Дар маълумоти СҶТ омадааст, ки диэтиленгликол ва этиленгликол метавонанд ба доруҳо ҳамчун омехтаҳои хатарнок роҳ ёбанд (масалан, бинобар истифодаи ҳалкунандаҳои ғайридорусозӣ ё нокифоя будани назорати сифат). Ин моддаҳои кимиёвӣ барои инсон заҳрноканд ва истеъмоли онҳо метавонад боиси заҳролудшавиҳои вазнин ва ҳолатҳои марговар гардад.

Бино ба маълумоти СҶТ истеҳсолот дар ширкатҳои доруистеҳсолии болозикр муваққатан боздошта шуда, партияҳои олудашуда аз муомилот гирифта шудаанд. Яъне Дар ҳушдори СҶТ танҳо дар бораи се шарбати зидди сулфаи истеҳсоли Ҳундустон гуфта шудааст.

Мо аз манобеи боз бобати он ки оё ин шарбатҳои истеҳсоли Ҳиндустон ба Тоҷикистон низ ворид мешавад, маълумот пайдо накардем. Вале бо назардошти арзёбии моҳияти хабари мавриди санҷиш ва маълумоти тасдиқшуда, як нуктаро бояд таъкид кард, ки ҳамаи шарбатҳои барои сулфаи истеҳсоли Ҳиндустон ба саломатии кӯдакон хатар доранд гуфтан, дуруст нест.

Хулоса

СҶТ дар бораи се шарбати бар зидди сулфа, ки дар Ҳиндустон истеҳсол шудааст, хабар додааст ва ишора шудааст, ки дар як партия истеҳсоли моддаҳои зарарнок ошкор гардидааст. ““Шарбат”-ҳои ҳиндӣ барои сулфа ба саломатии кӯдакон хатар доранд”, гуфтан ин муболиға ва таҳрифи воқеият аст.

Муфассалтар бо ҳукмномаҳои мо ва тафсироти онҳо метавонед, дар бахши «Ҷадвали ҳукмномаҳо» шинос шавед. Дар ҳолати норизоӣ бо ҳукмномаҳои баровардаамон нисбат ба ягон муҳтаво ё изҳороти санҷидашуда метавонед, бо мо дар тамос шуда, исботи нодурустии онро пешкаш намоед. Дар ҳолати зарурӣ имконияти бозбинии ҳукмномаҳо вуҷуд дорад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь