Фактчекnews | Далелсанҷони Тоҷикистон бо доираи журналистон маҳдуд намешаванд

Созмони байналмилалии Informed (собиқ Internews Europe) дар бораи маъракаи иттилоотии «Танҳо ҳақиқат» мақола нашр кард. Ин маъракаро ташкилоти ҷамъиятии «Равзана» гузаронд. Нуктаҳои асосиро пешкаш мекунем.

Зеҳни сунъӣ истеҳсоли фейкҳоро оммавӣ кардааст. Маводи қалбакӣ зуд сохта мешавад, боварибахш менамояд ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ зуд паҳн мегардад. Аз ин рӯ, саводи расонаӣ ба воситаи ҳимоя аз қаллобони рақамӣ, дасткорӣ ва таблиғот табдил ёфтааст.

Дар аввали соли 2024 Би-би-сӣ санҷид, ки ёрдамчии зеҳни сунъӣ ба саволҳои хабарӣ дар асоси маводи худи Би-би-сӣ чӣ гуна ҷавоб медиҳад. Дар 51 фоизи ҷавобҳо таҳрифи ҷиддӣ ошкор шуд. 19 фоизи ҷавобҳое, ки ба маводи Би-би-сӣ истинод мекарданд, хатоҳои фактологӣ доштанд. 13 фоизи иқтибосҳои ба Би-би-сӣ нисбатдодашуда тағйир дода ё комилан сохта шуда буданд. Ҳол он ки ёрдамчӣ ба сомона дастрасӣ дошт ва дастури танҳо аз маводи Би-би-сӣ истифода бурданро гирифта буд.

Ба гуфтаи Рустам Гулов, афзоиши фейкҳои зеҳни сунъӣ то андозае фоида ҳам дорад. Вақте одамон мебинанд, ки сохтани маводи қалбакӣ то чӣ андоза осон аст, дарк мекунанд, ки ҳар гуна муҳавто метавонад дурӯғ бошад. Саводи зеҳни сунъӣ ба яке аз пояҳои саводи расонаӣ табдил ёфтааст. Ба андешаи Гулов, ЮНЕСКО бояд «экосистемаи саводи расонаӣ»-ро аз нав дида барояд ва саводи зеҳни сунъиро ҳамчун унсури 13-ум ба он илова намояд.

Тими лоиҳа ин маъракаро кайҳо ба нақша гирифта буд, вале маблағ намерасид. Грантро дар доираи лоиҳаи CARAVAN гирифтанд, ки Internews бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо амалӣ мекунад. Роҳбари «Равзана» Шаҳодат Соҳибназарова мегӯяд, ки тими онҳо пештар ҳам дар бораи фейкҳо мавод омода мекард, аммо ин маърака равиши тамоман дигари кор бо аудиторияро талаб кард.

Тренингҳо оид ба саводи расонаӣ ва тафаккури интиқодӣ барои се гурӯҳ баргузор шуданд: фаъолони ҷавон, донишҷӯёни донишгоҳҳои маҳаллӣ ва мутахассисони бахши тиҷоратӣ. Гулов қайд кард, ки ҳар қадар инсон забонҳои бештар донад ва аз манбаъҳои гуногун иттилоот гирад, тафаккури интиқодиаш ҳамон қадар қавитар аст. Синну сол ва касб ба ин камтар таъсир мерасонанд. Донишҷӯён дар оғоз нисбат ба фаъолон сатҳи пасттар нишон доданд, вале ба гуфтаи Соҳибназарова, махсусан дар минтақаҳо ташнаи дониш буданд.

Аввал тими лоиҳа мехост мақолаҳои дарозро ба кортҳои матнӣ барои шабакаҳои иҷтимоӣ табдил диҳад. Менторҳои Internews наворҳоро пешниҳод карданд, зеро ҷавонон тамошои ҳамсолони худро дӯст медоранд. Тим наворҳои кӯтоҳ ба забони тоҷикӣ нашр кард, ки дар онҳо журналистони ҷавон дар бораи қаллобии онлайнӣ, дасткорӣ ва таблиғот нақл мекунанд. Тамошои миёна барои ҳар навор аз 600 то 3000 афзуд, аудиторияи 21–30-сола панҷ баробар зиёд шуд ва шумораи умумии тамошоҳо қариб ба як миллион расид.

Маърака ба охир расид, вале кор идома дорад. Гулов ҳушдор медиҳад, ки шубҳаи солим метавонад ба нигилизми беасос табдил ёбад. Ба одамон бояд омӯзонд, ки дар асоси далел фикр кунанд, муҳтаворо таҳлил кунанд ва қарори огоҳона қабул намоянд, на ин ки ҳар чизи ба худ нописандро «фейк» номанд.

Матни пурраи маводро ба забони англисӣ дар сомонаи Informed хонед: Fact-Checkers in Tajikistan Go Beyond Journalism


Factcheck.tj
Factcheck.tj
Нахустин платформаи далелсанҷӣ дар Точикистон. Ҳадаф аз роҳандозии ин тарҳ мусоидат ба ҷилавгирӣ аз паҳншавии хабарҳои бардурӯғ дар фазои иттилоотии Тоҷикистон тавассути таъсис ва рушди ниҳоди далелсанҷӣ (фактчекинг) мебошад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь