Ҳақиқат | Русия ваъда додааст, ки Толибонро* дар мубориза бо терроризм дастгирӣ мекунад

Чӣ санҷида шуд?

Хабар дар бораи он ки Русия ваъда додааст, ба Толибон* дар мубориза бо терроризм дастгирӣ мекунад, дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо истинод ба хабаргузории РБК паҳн шуд (бойгонӣ).

Factcheck.tj ин маълумотро мавриди санҷиш қарор дод ва дурустии онро дақиқ кард.

Ҳукмнома: Ҳақиқат

Зимни санҷиш маълум шуд, ки дар ҳақиқат намояндаи вижаи Раисҷумҳури Русия ба Кобул сафар карда, аз ҳаракати террористии Толибон* дар мубориза бо терроризм пуштибонӣ кардааст.

Скриншот аз саҳифаи хабаргузории РБК

Чӣ гуна санҷида шуд?

Воқеан, тибқи иттилои сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Русия, санаҳои 21-22-уми сентябр бо даъвати Толибон* фиристодаи вижаи Раисҷумҳури Русия Замир Кобулов ба Кобул сафар кардааст (бойгонӣ). Ӯро иҷрокунандаи вазифаи сарвазир Муҳаммад Ҳасан, вазири корҳои хориҷӣ Амирхон Муттакӣ, вазири молия Ҳидоятулло Бадрӣ ва дигар шахсони расмӣ қабул кардаанд.

Дар мулоқот инчунин намояндаи вижаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Халқии Чин Юэ Сяоюн ва намояндаи махсуси сарвазири Покистон М. Сиддиқ иштирок доштанд.

«Дар бораи идомаи равобити созанда ба нафъи сулҳу шукуфоӣ дар Афғонистон, субот ва рушди минтақа тавофуқи муштарак ҳосил шуд… Ҳамзамон, дар муборизаи Толибон* бо терроризм ва қочоқи маводи мухаддир пуштибонӣ карда шуд», – гуфта мешавад, дар сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Русия.

Ёдовар мешавем, ки ҳаракати Толибон* дар Русия то ҳол ҳамчун як созмони террористии мамнӯъ эътироф шудааст.

Хулоса

Воқеан ҳам намояндаи вижаи Раиcҷумҳури Русия аз ҷараёни террористии Толибон* дар мубориза бо терроризм дастгирӣ кардааст. Бинобар ин, ҳукмномаи мо «Ҳақиқат» унвон мегирад.

* «Толибон» – ҷараёни террористие, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ.


Factcheck.tj
Factcheck.tj
Нахустин платформаи далелсанҷӣ дар Точикистон. Ҳадаф аз роҳандозии ин тарҳ мусоидат ба ҷилавгирӣ аз паҳншавии хабарҳои бардурӯғ дар фазои иттилоотии Тоҷикистон тавассути таъсис ва рушди ниҳоди далелсанҷӣ (фактчекинг) мебошад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь