Таҳқиқ: «Аз ҳимматат ягон чиз деҳ»: Муоинаи тиббии пеш аз издивоҷ дар Тоҷикистон пулакӣ аст

Ҳамасола дар Тоҷикистон ҳудуди 70 ҳазор оила ташкил мешавад. Бар асоси қонун, домоду арӯс вазифадоранд, ки пеш аз ақди никоҳ аз ташхиси ҳатмии тиббӣ гузаранд. Бидуни ташхис никоҳ сабт карда намешавад. Ҳарчанд ташхис ва маълумотномаи тиббӣ барои навхонадорон расман ройгон аст, вале таҳқиқоти рӯзноманигории Factcheck.tj собит кард, ҳангоми муоинаи ҳатмии тиббии пеш аз издивоҷ аз шаҳрвандон пул мегиранд.

Дар Тоҷикистон аз моҳи июли соли 2016 муоинаи тиббии пеш аз издивоҷро ҳатмӣ карданд. Ин тасмим, ба гуфтаи мақомот, ба хотири пешгирӣ аз никоҳҳои хешутаборӣ ва густариши бемориҳои ҷинсӣ рӯи даст гирифта шудааст.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар оғози соли 2015 аз афзоиши пошхӯрии оилаҳо ва никоҳи хешовандони наздик изҳори нигаронӣ карда буд. Вай зикр карда буд (бойгонӣ), миёни ҷавонон ҳолати никоҳи хешовандони наздик зиёд шуда, боиси таваллуди кӯдакони маъюб гардидааст. Як роҳи ҷилавгирӣ аз никоҳи хешутабориро Президент дар муоинаи пеш аз издивоҷ арзёбӣ карда буд.

«Тибқи моддаи 15-и Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муоинаи тиббии шахсони никоҳшаванда … аз ҷониби муассисаҳои давлатии нигаҳдории тандурустии маҳалли истиқоматии онҳо ба таври ройгон ва танҳо бо ризоияти шахсони никоҳшаванда анҷом дода мешавад. Вале онҳо аз ин ҳуқуқи муқаррарнамудаи қонун истифода намекунанд», – гуфт Президент.

Пас аз таъкиди Президент муоинаи тиббӣ барои ҷуфтҳо бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ гардид (бойгонӣ).

Моддаи 15-и Кодекси оила чӣ мегӯяд?

«Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд пеш аз бастани ақди никоҳ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои давлатии соҳаи тандурустии маҳалли зист ё истиқомати доимӣ аз муоинаи тиббии ҳатмӣ ба таври ройгон мегузаранд ва онҳо бо натиҷаи муоинаи тиббии ҳатмии ҳамдигар шинос карда мешаванд» (Моддаи 15. Муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон).

Аммо дар воқеъ оё ташхиси ҳатмии тиббӣ пеш аз издивоҷ ройгон аст?

Бино ба иттилои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

– дар соли 2021 74 ҳазору 863 (бойгонӣ);

– дар соли 2020 бештар аз 67 ҳазор (бойгонӣ);

– дар соли 2019 ҳудуди 79 ҳазор ақди нигоҳ баст шудааст (бойгонӣ).

Ба ин тартиб, мақомоти Сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандии Вазорати адлия пеш аз сабти ақди никоҳ натиҷаи муоинаи тибии хонадоршавандагонро талаб мекунанд. Оё ҳамаи издивоҷкунандагон ройгон аз муоинаи тиббӣ мегузаранд?

«Ставка» ё ҳаққи муонаи пизишкон чанд аст?

Шамшод Мирзоев, сокини ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд тобистони соли 2022 издивоҷ кард. Вай дар беморхонаи марказии ноҳияи Зафаробод аз ташхиси ҳатмии тиббӣ гузаштааст. Шамшод мегӯяд, дар ҷараёни муоинаи ройгон (!) 160 сомонӣ харҷ кардааст. Ба гуфтаи ӯ, ҳамин миқдор маблағи дигар барои арӯсаш харҷ кардааст:

«Мехостам, донам, ки солим ҳастам ё не ва аз ҳамаи муоинаҳо зина ба зина гузаштам. Ҳар кадом муоина арзиши муайяни худро дошт. Масалан, ташхиси хун барои як нафар 15 сомонӣ буд. Барои он воқеан расид медиҳанд. Барои муоинаи гепатит, ки ба далели набуди шароит дар беморхонаи марказии ноҳия, дар беморхонаи хусусӣ анҷом шуд, 50 сомонӣ харҷ гардид. Барои ташхиси ВНМО 10 сомонӣ барои як нафар».

Дар маҷмуъ, Шамшод ҳангоми гузаштан аз ташхиси тиббии ройгон (!) пеш аз ақди никоҳ чунин харҷҳо доштааст:

– барои бақайдгирии табелӣ – 10 сомонӣ;

– роҳхат барои гузаштани ҳамаи муоинаҳо – 10 сомонӣ;

– гепатит – 50 сомонӣ;

– муоинаи ВНМО – 10 сомонӣ;

– таҳлили гурӯҳи хун – 15 сомонӣ;

– рентгени узвҳои дарунӣ – 40 сомонӣ;

– духтури оилавӣ – 10 сомонӣ;

– шӯъбаи умумӣ – 30 сомонӣ.

Дар ин радиф, аз муоинаи COVID-19, пӯст, асабшинос, ҷарроҳ ройгон гузаштааст. Дар фарҷом барои корманди тиб, ки хулосаи умумӣ менависад, 25 сомонӣ барои як нафар пардохт кардааст.

Шамшод мегӯяд, ҳангоми пардохти маблағ танҳо барои таҳлили гепатит ва муоинаи хун ба ӯ расид додаанд.

Ф.Ф., сокини 26-солаи ноҳияи Б. Ғафуров, ки охири моҳи августи соли 2022 издивоҷ кардааст, гуфт, вай низ таҷрибаи Шамшодро аз сар гузаронидааст. Ба нақли ин мусоҳиби мо, ӯ моҳи июли соли 2022 барои навиштани ариза ҷиҳати бақайдгирии ақди никоҳ ба САҲШ рафт.

«Ман барои худам ва арӯс барои худаш маълумотнома пешниҳод кардем. Ҳар кадомиамон 124-сомонӣ харҷ кардем. Дар муассисаи тиббӣ (Маркази саломатии ҷамоати Унҷӣ) ба ман гуфтанд, ки «дар Беморхонаи марказии ноҳия аз рӯи қонун муоина ройгон аст. Вале агар Шумо аз клиникаи ҷамоат ё дигар ҷой гиред, дар ин ҳолат пулакӣ аст». Аз сабаби он ки вақт кам буд, баҳс накардам ва розӣ шудам», – гуфт Ф.Ф.

Вай ҳамчунин афзуд, ки бар ивази 124 сомонии харҷкардааш ба вай расид надодаанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар посухи хаттӣ ба дархости журналистӣ навишт, ки дар тамоми марказҳои саломатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ шароити зарурӣ барои гузаронидани муоинаи тиббии ҳатмии шахсони никоҳшаванда муҳайё карда шудааст. Ба иттилои Вазорат, муоина ройгон аст.

Аммо таҷрибаи ҳамсуҳбатони мо нишон дод, ки ин муоина ройгон нест.

Домоду арӯс аз муоина нагузашта, маълумотномаи тиббӣ гирифтанд!

Ҳангоми таҳқиқи ин мавзӯъ баъзе аз ҳамсуҳбатони мо гуфтанд, ки наздикони онҳо бе гузаштан аз муоинаи пизишкон маълумотномаи тиббӣ ба даст овардаанд.

Шаҳноза Раупова (бо хоҳиши мусоҳиб ному насаб иваз шудааст), сокини шаҳри Хуҷанд гуфт, охири соли 2021 яке аз наздиконашро ба шавҳар доданд ва бидуни гузаштан аз муоинаи ҳатмӣ маълумотномаи тиббӣ ба даст оварданд. Ин сокини Хуҷанд мегӯяд, домоду арӯс сокинони шаҳри Панҷакент ҳастанд ва дар Беморхонаи марказии ин шаҳр маълумотномаи тиббиро бидуни ташхис гирифтаанд.

«Домод тавассути як духтури шиносаш гапзанон карда, танҳо ҳуҷҷатҳои худашу арӯсшавандаашро пешниҳод кард ва баъд аз ҳафтае маълумотнома гирифт. Рости гап, онҳо худашон аз ташхис нагузаштанд», – мегӯяд Шаҳноза.

Барои санҷиши дурустии даъвои сокинон ва посухи Вазорати тандурустӣ озмоиши журналистӣ анҷом дода шуд. Ин озмоиш дар Маркази саломатии №5 дар шаҳри Хуҷанд санаи 21-уми декабри соли 2022 анҷом шуд. Рӯзноманигор ба ташхиси ройгони ҳатмии тиббии пеш аз издивоҷ рафт.

Аз кормандони беморхона бобати роҳу равишҳои муоинаи пеш аз издивоҷ пурсидам. Онҳо маро ба ошёнаи сеюм ба назди пизишки оилавӣ равон карданд.

Дар ҳуҷраи 305 пизишки оилавӣ роҳхат навишт ва гуфт, маблағро дар хазина супорем. Вай илова кард:

– Ба Маркази хун меравед, сипас ба Беморхонаи вилоятӣ ва баъдан ба беморхонаи касалиҳои пӯст меравед. Ҷавоби ҳамаашро ҷамъ карда, ин ҷо аз ташхис мегузаред ва замима навишта медиҳем.

– Ман чанд пул бояд супорам?

– 10 сомонӣ.

10 сомонӣ ба дасти ин пизишкзан супоридам ва баъд аз гирифтани роҳхат ба хазина рафтам.

Зане, ки дар ошёнаи аввал дар ҳуҷраи хазина менишаст, маълумотнома аз ҷои истиқомат талаб кард. Нусхаи маълумтномаро ба ӯ дода, суол кардам:

– Чанд пул бояд супорам?

– 9 сомонӣ барои ЭКГ диҳед. Флюорография ройгон.

Баъд аз пардохти маблағ хазинадор ба мо расид пешниҳод кард.

Расидро гирифта, барои гузаштан аз рентгено-графияи қафаси сина ба утоқи 105 рафтам. Баъд аз муоина аз пизишк пурсидам:

– Натиҷааш кай тайёр мешавад?

– Баъд аз як ҳафта.

– Барвақттар намешавад?

– Мешавад, агар пули «плёнка»-ро диҳед.

Сипас, бо такя ба роҳхате, ки ба мо дода буданд, ба муоинаи сабти барқии дил (ЭКГ) ба утоқи 101 рафтем. Бо вуҷуди он ки мо барои гузаштан аз ЭКГ дар хазина 9 сомонӣ пардохт ва расид гирифта будем, вале боз аз масъули гузаронидани ЭКГ пурсон шудем:

– Чанд пул мешавад?

– Чанд пул, ки диҳед…

10 сомонӣ пардохтам ва аз ҳуҷраи ЭКГ берун рафтам.

Дар маркази клиникавии-дермато-венерологии вилояти Суғд, воқеъ дар кӯчаи Саид Валиеви шаҳри Хуҷанд барои муоинаи бемориҳои таносулӣ хун гирифтанд. Баъд аз муоина пизишк пурсид:

– Ҷавоби ташхис ба шумо кай лозим?

– Ҳозир бошад, боз хубтар буд.

– Ин тавр бошад, «тестовий» мегирам. Дарҳол тайёр карда медиҳам. Аз розигиатон медиҳед (маблағ).

– Майлаш.

Ба ӯ 20 сомонӣ пардохт кардам. Дар маркази ВНМО як ҳамшираи ҷавон аз ман хун гирифт ва гуфт, ки натиҷаи он баъд аз як ҳафта тайёр мешавад. Ҷавонзан таъкид кард, ки аз ҳимматам бояд маблағ диҳам. Вақте аз ӯ дар бораи ҳаҷми маблағ пурсидам, ӯ такроран гуфт: «Аз ҳиммататон». Ба ин ҷавонзан низ 10 сомонӣ пардохт кардам.

Бо гузашти як ҳафта дубора ба Беморхонаи шаҳрии №5 рафтам. Дар он ҷо бо роҳнамоии духтури оилавӣ аз муоинаи духтури асабшинос, духтури бемориҳои чашм, духтури гӯш, гулӯ ва бинӣ, муоинаи ҷарроҳ гузаштам ва баъдан натиҷаи муоинаҳоро ҷамъ карда, ба духтури оилавӣ пешниҳод кардам. Духтури оилавӣ бар ивази маълумотнома 20 сомонӣ талаб кард.

Дар умум, барои гузаштан аз ҳамаи муоинаҳо 79 сомонӣ пардохт кардам, аммо танҳо барои 9 сомонӣ расид доштаму бас. Боқимонда 70 сомонӣ дар ягон санад сабт нашуд.

Зимни ин озмоиш вақте аз бештари пизишкон дар бораи ройгон ё пулакӣ будани ин хидматрасониҳо пурсидем, аксарият мегуфтанд, ки «аз ҳиммататон диҳед». Иддае маблағи муайянеро талаб мекарданд, иддаи дигар барои муоина маблағи кам намегирифтанд.

Акнун, дар мисоли маблағи супоридаи се нафар аз корафтодагон ҳисоби одии арифметикӣ анҷом медиҳем:

Шамшод – 160 сомонӣ

Ф.Ф. – 124 сомонӣ

Рӯзноманигор – 79 сомонӣ

Ин ҳама барои аз муоинаи тиббӣ гузаштани як нафар ҳисоб шудааст. Агар ҳадди миёнаи маблағҳои супоридашударо 120 сомонӣ ҳисоб кунем, тибқи иттилои Вазорати адлия (бойгонӣ), ҳамасола ба ҳисоби миёна 70 ҳазор оила баста мешавад. Дар як сол барои аз муоинаи пеш аз издивоҷ гузаштани 140 ҳазор никоҳшаванда ба ҳисоби миёна 16 миллиону 800 ҳазор сомонӣ маблағ пардохт мешавад. Аз ин миқдор маблағ эҳтимол қисми хеле ночизи он дар санадҳо зикр шавад ва ба буҷаи давлат интиқол ёбад.

Аслан, маблағи тамоми хизматрасонии тиббӣ дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ пардохтшаванда, бояд тибқи Нархномаи муайянкардаи мақомот дар хазинаҳо супорида шавад (бойгонӣ). Аз қавли ҳамсуҳбатон ва аз озмоиши мо бармеояд, ки аксари маблағҳои ҳангоми муоинаи пеш аз издивоҷи тиббӣ талабшаванда, дар ҳеч санадҳои расмӣ зикр намешаванд. Духтуроне, ки дар ин раванд аз корафтодагон маблағ мегиранд, бар ивази он расид пешниҳод намекунанд. Аз ин лиҳоз, қонунӣ будани ин маблағҳо зери суол меравад. Вале масъалаи ройгон будани муоинаи пеш аз издивоҷ як паҳлӯи масъала бошад, паҳлӯи дигари масъала ин аст, ки дар ҷараёни мазкур бештари табибони муоинакунанда «нархномаи худ»-ро ҷорӣ кардаанд, ки он дар ҳеч санади расмие қайд намешавад.

Мақомоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар солҳои ахир соҳаи тандурустиро яке аз се соҳаи фасодзадатарин дар кишвар гуфта буд (бойгонӣ). Бар асоси маълумоте, ки Агентӣ ба мо пешниҳод кард, танҳо давоми нимсолаи аввали соли 2022 дар маҷмӯъ 75 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодии характери коррупсионидоштаро нисбат ба 33 нафар кормандони соҳаи тиб ошкор намудааст. Аммо гуфта мешавад, дар ин байн масъулини ин ниҳод ҳолатҳои даст ба ришвагирӣ задани кормандони соҳаи тиб ҳангоми аз муоинаи ҳатмии тиббӣ гузаронидани никоҳшавандагонро ошкор накардаанд.

Ба ҷои хулоса

Таҳқиқ нишон дод, ки муоинаи ҳатмии тиббӣ ҳарчанд дар қонунгузорӣ ройгон гуфта шудааст, вале дар асл ройгон нест ва пизишкон бо ҳар шева аз корафтодагон пул меситонанд.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь