Фейк | Тифли 3-сола дар садамаи ҳавопаймо зинда монд

Чӣ санҷида шуд?

Тибқи иттилои Би-би-си, ҳавопаймом Boing 737 шикарти ҳавоиии индонезӣ Lion Air, ки санаи 29 октябри соли 2018 аз Ҷакарта ба шаҳри Панкалпинанги ҷазираи Банга парвоз мекарда, баъд аз 13 дақиқа ба дарё афтид. Тавре хабар дода шуд дар дохили ҳавопаймо бо шумули ҳайати идоравӣ 189 нафар, аз ҷумла се тифл буд ва ба иттилои наҷотдиҳандагони индонезӣ касе аз ин миён зинда намондааст.

Скриншот одного из популярных постов с фейком о спасении ребенка

Аммо санаи 1 ноябр дар шабакаи иҷтимоии фейсбук аксе пайдо шуд, ки гӯё пас аз 3 рӯзи афтодани ҳавопайдо ба дарё тифле ҳангоми ҷӯстуҷуи наҷотдиҳандагон зинда пайдо шудааст. Акси мазкур бо навиштае бо ҳуруфи арабӣ хабар медиҳад, ки гӯё тифли 3-сола ба он хотир зинда мондааст, ки модараш ӯро ба воскат (жилет)-и наҷотдиҳанда бастааст.

Скриншот уже русской версии одного из популярных постов с фейком о спасении ребенка

Акс ва навиштаи мазкур миёни истифодабарандагони шабакаи фейсбук хеле зуд паҳн шуда, ҳатто ба забони русӣ ҳам тарҷума карда, онро паҳн карданд. Дар маҷмӯъ беш аз 10 ҳазор нафар ин хабарро дар саҳифаҳои худ ва гурӯҳҳои гуногун қисмат кардаанд. Аз ҷумла ҳамвататони мо низ ба хабари мазкур бовар карда, онро хеле фаъол паҳн карданд, ки сабаби далелсанҷӣ шудани хабари мазкур гашт.

Чӣ гуна санҷида шуд?

Тибқи иттилои расмӣ, мутаассифона, дар садамаи мазкур нафаре зинда намондааст. Дигар далеле, ки дар хабари мазкур боиси шубҳа шуд, ин чӣ тавр зинда мондани тифли 3-сола муддати 3 рӯз дар дарё буд.

Сервис tineye.com может показать самое первое использование фотографии в сети
Сомонаи tineye.com метавонад истифодаи аввалини аксро пайдо кунад.

Бо истифода аз сайти www.tineye.com пайдо кардем, ки аввалин бор акси дар хабар истифодашуда санаи 4 июли соли 2018, ҳангоми садамаи киштии мусофиркашонӣ дар Индонезия, ки воқеан он вақт тифле зинда мондааст, истифода шудааст. Яъне, он ба фалокати рухдодаи санаи 29 октябри соли 2018 ягон алоқае надорад.

Ҳукмнома

Тавре далелсанҷӣ маълум кард, хабар ва акси паҳшуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ оид ба зинда мондани тифли 3-сола дар садамаи ҳавопаймои индонезӣ «Lion Air» – “Дурӯғ” аст.


Муфассалтар бо ҳукмномаҳои мо ва тафсироти онҳо метавонед дар саҳифаи “Ҷадвали ҳукмномаҳо” шинос шавед. Дар ҳолати норозигӣ бо ҳукмномаҳои баровардаи мо нисбати ягон мавод, хабар ё суханони санҷидаи мо, метавонед дар тамос шуда, исботи нодурустии онро пешкаш намоед. Дар ҳолати зарури имконияти бозбинии ҳукмномаҳо вуҷуд дорад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь