Дасткорӣ | “Speedtest Global Index” суръати интернет дар Тоҷикистонро пасттарин дар ҷаҳон хонд

Чӣ санҷида шуд?

Дар хабарҳои зери сарлавҳаи «Speedtest Global Index суръати интернет дар Тоҷикистонро пасттарин дар ҷаҳон хонд» (бойгонӣ) ва «Таджикистан занял последнее место в мире по скорости интернета» (бойгонӣ) иқтибоси зерин омадааст:

Тибқи раддабандии ҷадиди “Speedtest Global Index”, ки бар асоси додаҳои моҳи октябр таҳия шудааст, суръати интернети мобилӣ дар Тоҷикистон пасттарин миёни 124 кишвари шомилшуда дар гузориш мебошад.

Хабари мазкурро сомонаи «Спутник Таджикистан» бо забони тоҷикӣ ва рўсӣ 22 – юми ноябри соли равон нашр намудааст ва то замони нашри маводи фактчек бо забони тоҷикӣ онро 281 нафар ва бо забони рўсӣ 608 нафар мутолиа намудаанд. Инчунин, дар шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» саҳифаи «Спутник Таджикистан»-ро 20929  нафар пайгирӣ менамоянд. Ин ба мо имконият медиҳад, ки дар васеъ паҳн шудани хабари баррасишаванда мутмаин бошем.

Иқтибос ва сарлавҳаи гузошташудаи хабарҳо ба назари мо шубҳанок менамоянд, вобаста ба ин ба қарор омадем, ки дурустии онҳоро санҷем.

Чӣ гуна санҷида шуд?

Зимни санҷиш муайян гардид, ки дар сомонаи Индекси ҷаҳонии санҷиши суръат («Speedtest Global Index») оид ба суръати интернети мобилӣ дар 10 моҳи соли 2018 (бойгонӣ) мавод дар шакли ҷадвал нашр шудааст. Ин ҷадвал, ки аз 124 сутун иборат аст, воқеан ҳам Тоҷикистонро дар ҷои охирин, яъне 124 –ум  қарор додаанд. Инчунин, дар ҳамин манбаъ оид ба суръати интернети ноқилӣ низ мавод дар шакли ҷадвал нашр шудааст, ки он аз 130 давлат иборат буда, дар он исми Тоҷикистон нест.

Тибқи иттилои сомонаи Cable.co.uk (бойгонӣ) аз рӯи суръати интернети ноқилӣ Тоҷикистон дар байни 200 кишвари ҷаҳон дар мақоми 188 қарор дорад (раддабандӣ, .xlsx). Дар асоси таҳлили ин сомона баъди Тоҷикистон 12 кишвари дигар, аз ҷумла Туркманистон қарор гирифтаанд.

Раддабандии Cable.co.uk дар асоси 163 миллион тест дар 200 кишвари ҷаҳон аз ҷониби ширкати «M-Lab» дар якҷоягӣ бо Институти кушоди технологияи Амрикои нав, Google Open Source Research, PlanetLab, Донишгоҳи Принстон ва дигар шарикон тартиб дода шудааст.

Ҳарҷанд сифат ва суръати интернет дар Тоҷикистон баланд набошад ҳам, бе гузоштани фарқият байни интернети мобилӣ ва ноқилӣ дар умум онро сусттарин дар ҷаҳон гуфтан аз ҳақиқат дур аст.

Дар матни хабарҳо омадааст, ки Тоҷикистон аз ҳисоби интернети мобилӣ дар ҷаҳон дар ҷои охир аст, вале дар сарлавҳаи хабар, ки хонанда сараввал сарлавҳаро мехонад, ба таври умум гуфта шудааст. Ин ҳолат хонандаро гумроҳ карда, ба хулосаи нодуруст меорад.

Ҳукмнома

Дар умум, сарлавҳа тасдиқи худро наёфта, мисоли рӯшани мушкили сомонаҳои онлайние мебошад, ки махсусан сарлавҳаҳои диққатҷалбкунанда ва баҳсбарангезро мегузоранд, то ки бо роҳи дасткорӣ (манипулятсия) хонандагонро ба сомонаи худ ворид созанд, то ки миқдори хонандагони мақола зиёд шавад. Мушкилоти мазкур таҳти истилоҳи “кликбейт” машҳур буда, далели дасткории муҳаррирони сомона аст. Аз ин рӯ, мо раво донистем, ки ба маводи мазкур ҳукмномаи умумии “Дасткорӣ” гузорем.


Муфассалтар бо ҳукмномаҳои мо ва тафсироти онҳо метавонед дар саҳифаи “Ҷадвали ҳукмномаҳо” шинос шавед. Дар ҳолати норозигӣ бо ҳукмномаҳои баровардаи мо нисбати ягон мавод, хабар ё суханони санҷидаи мо, метавонед дар тамос шуда, исботи нодурустии онро пешкаш намоед. Дар ҳолати зарури имконияти бозбинии ҳукмномаҳо вуҷуд дорад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь