Иштибоҳ дар далелҳо | Раддабандии нуфузи шиносномаҳо “Global Passport Power Rank 2018”

Чӣ санҷида шуд?

Санаи 16 сентябри соли 2018 дар саҳифаи хабаргузории “Настоящее время” таҳти унвони “Раддабандии нуфузи шиносномаҳо” (бойгонӣ) мавод дар шакли инфографика омода ва пахш шудааст. Дар қисмати матни мавод чунин таъкид шудааст, ки “Литва аз нигоҳи нуфузи шиноснома дар дунё мақоми 6-умро касб карда, дар миқёси мамолики пасошӯравӣ дар мадди аввал қарор дорад. Шаҳрвандони ин кишвар имкони бе раводид ба 161 давлати дунё вуруд шуданро доранд. Россия дар ин раддабандӣ дар миқёси дунё дар ҷойи 36-ум қарор дорад ва дар байни кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҷои 5-ум аст”.

Инфографикае, ки дар саҳифаи "Настоящее время" нашр гардида, мавриди далелсанҷии мо қарор гирифтааст
Инфографикае, ки дар саҳифаи “Настоящее время” нашр гардида, мавриди далелсанҷии мо қарор гирифтааст

Саҳифаи фейсбукии “Настоящее время” беш аз 721 ҳазор аъзо дорад ва дар зери хабари мазкур 375 нафар лайк гузошта 59 нафар шарҳҳои гуногун навишта, 156 нафар онро дар ҷойҳои гуногун қисмат (поделиться) кардаанд.

Чӣ гуна санҷида шуд?

Мо ба сомонаи расмии раддабандии “Global Passport Power Rank 2018” (бойгонӣ) ворид шуда, тамоми фактҳоро дар қиёс ба маводи “Настоящее время” санҷидем. Маълум гашт, ки дар маводи мазкур ба иштибоҳ роҳ дода шудааст. Масалан, тибқи далеле ки дар маводи мазкур омадааст, шаҳрвандони Тоҷикистон танҳо имкони ба 61 кишвари дунё бе раводид ворид шуданро дорад ва дар байни кишварҳои дунё дар ҷои 67 қарор дорад. Аммо бино ба маълумоти “Global Passport Power Rank 2018” Тоҷикистон ҳуқуқи ба 62 кишвари дунё бе раводид ворид шуданро дорад ва дар ҷойи 70 қарор гирифтааст.

Дар маҷмӯъ, аз 20 кишвари номбаршуда нишондиҳандаҳои 11-тоаш хато нишон дода шудааст. Баъзеашон зиёдтар ва баъзеашон якчанд адад камтар нишон дода шудаанд. Дар рӯйхати зерин шумо метавонед бубинед, ки барои кадом кишварҳо нишондиҳандаҳое, ки дар сомонаи расмии раддабандии “Global Passport Power Rank 2018” аз оне, ки дар инфографикаи “Настоящее время” овардааст, фарқ мекунад – онҳо бо ранги сафед дар сутунчаи кабуд нишон дода шудаанд.

Дар сутунчаи кабуд бо ранги сафед нишондиҳандаҳое оварда шудаанд, ки дар инфографикаи "Настоящее время" аз манбаи аслӣ фарқ мекунанд
Дар сутунчаи кабуд бо ранги сафед нишондиҳандаҳое оварда шудаанд, ки дар инфографикаи “Настоящее время” аз манбаи аслӣ фарқ мекунанд

Ҳукмнома

Аз сабаби он, ки фарқият дар рақамҳои дар инфографикаи омӯхташуда аз онҳое, ки дар манбаи расмӣ оварда шудаанд, ночиз буда, моҳияти раддабандиро начандон тағйир медиҳанд, эҳтимолан ин иштибоҳ аз сабаби беаҳамиятӣ рух додааст. Аз ин рӯ мо ба хулоса омадем, ки барои инфографикаи санҷидашуда ҳукмномаи “Иштибоҳ дар далелҳо” мувофиқ аст.


Муфассалтар бо ҳукмномаҳои мо ва тафсироти онҳо метавонед дар саҳифаи “Ҷадвали ҳукмномаҳо” шинос шавед. Дар ҳолати норозигӣ бо ҳукмномаҳои баровардаи мо нисбати ягон мавод, хабар ё суханони санҷидаи мо, метавонед дар тамос шуда, исботи нодурустии онро пешкаш намоед. Дар ҳолати зарури имконияти бозбинии ҳукмномаҳо вуҷуд дорад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь