Хабарнигорони Тоҷикистон имконияти гирифтани идрорпулӣ барои гузаронидани далелсанҷиро доранд

Хабарнигорони Тоҷикистон имконияти гирифтани идрорпулӣ барои гузаронидани далелсанҷиро доранд. Идрорпулӣ ба муаллифона мақолаҳо дар ҷодаи далелсанҷӣ дода мешаванд. Мақолаҳо метавонанд дар ВАО-и анъанавӣ ё онлайнӣ чоп шуда, ба таври ҳатмӣ дар сомонаи расмии лоиҳа factcheck.tj нашр мегарданд.

Муаллифони мақолаҳо инчунин имконияти гирифтани машваратҳои ройгонро аз коршиноси лоиҳа Изатманд Саломов оид ба дурустии мавзӯи интихобгашта, усулҳо ва афзорҳои далелсанҷӣ тариқи суроғаи электронии izat.salomov@gmail.com гиранд.

Мақолаҳои дар ҷодаи далелсанҷӣ навишташуда метавонанд бо забонҳои тоҷикӣ ё русӣ бошанд. Онҳо дорои акс, видео, инфографика бда метавонанд. Ба сифати объекти далелсанҷӣ суханони шахсони расмӣ ё маводҳои ВАО, ки ба таврӣ оммавӣ паҳн гаштаанд, буда метавонанд.

Дар ҷараёни гузаронидани далелсанҷӣ истифода бурдани иттилоот аз манбаъҳои боз ҳатмӣ мебошад. Дар ин ҷо шумо метавонед рӯйхати манбаъҳои маъмултарини бозро, ки барои ҷустуҷӯи иттилоот метавон истифода бурд, дарёфт намоед. Шумо инчунин метавонед дигар дилхоҳ манбаъҳои додаҳои бозро истифода баред.

Мақолаи далелсанҷии шумо бояд сохтори зеринро дошта бошад:

  • Иқтибоси санҷидашаванда бо ишора ба манбаъ;
  • Шарҳи ҷараёни санҷиш бо ишора ба манбаъҳои кушода;
  • Ҳукмнома.

Дар бораи объекти далелсанҷӣ метавонед муфассалтар дар ин саҳифа хонед.

Дар чаҳорчӯбаи лоиҳа барои гузаронидани далелсанҷӣ муаллифони мақолаҳо бояд ҷадвали ҳукмномаҳоеро, ки дар зер омадааст, истифода баранд:

  • Ҳақиқат;
  • Иштибоҳ дар далелҳо;
  • Дасткорӣ;
  • Дурӯғ;
  • Фейк.

Бо шарҳи муфассали критерияҳои ҳукмномаҳои мазкур метавонед дар ин саҳифа шинос шавед.

Лоиҳаи мазкур бо дастгирии молиявии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон то охири соҳи ноябри соли 2018 амалӣ мегардад. Барои гирифтани маълумоти муфассал метавонед ба ҳамоҳангсози лоиҳа Рустам Гулов тариқи суроғаи почтаи электронии gulovrr@gmail.com муроҷиат намоед.

Rustam Gulov
Rustam Gulovhttps://factcheck.tj
Ҳаммуассиси Factcheck.tj ва муаллифи Alifbo.Media

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь