Мавзӯъ ё объекти омӯзиш
Мавзӯи омӯзиши далелсанҷӣ ё фактчекинг изҳороти оммавии шахсони мансабдор ва маводи расонаҳо буда метавонад.
Меъёрҳои интихоб
Танҳо он мавзӯъ ё объектҳое метавонанд барои далелсанҷӣ интихоб шаванд, ки ба меъёрҳои зерин ҷавобгӯ ҳастанд:
- Далелҳои оморӣ доранд;
- Ба таври оммавӣ паҳн шудаанд;
- Аҳамияти иҷтимоӣ доранд;
- Ба таври густарда дар расонаҳо ва ё дигар васоити техникӣ (барои мисол шабакаҳои иҷтимоӣ) паҳн шудаанд.
Усули кор
Танҳо иттилоъ ва маълумоти аз сарчашмаҳои боз дарёфтшуда метавонад, ҳамчун далел эътироф шавад. Истифодаи сарчашмаҳои пӯшида ё беном қобили қабул нест.
Формат ё шакли пешниҳоди далелсанҷӣ
Натиҷаи далелсанҷӣ метавонад, маводи журналистие гардад, ки дар шакли мақола, садо ва гузориши видеоӣ ё чандрасонаӣ таҳия шуда, сохтори зеринро фаро гирад:
- Нутқи айнан нақлшуда бо пайванд ба сарчашма
- Шарҳи ҷараёни санҷидани нутқ ё далел дар сарчашмаҳои боз
- Ҳукмнома
Иттилои ҷамъоваришударо метавон, дар шакли чандрасонаӣ ё визуалӣ пешниҳод кард.