Ҷадвали ҳукмномаҳо, ки дар зер омадааст, ҳангоми муайян намудани ҳукмномаи далелсанҷии гузаронидашуда истифода мешавад. Пеш аз қабули ҳукмномаи ниҳоӣ, лутфан, ба критерияҳои он шинос шавед. Критерияҳои ҳар як ҳукмнома зери он оварда шудааст. Барои муайян намудани ҳукмнома, мувофиқат ҳадди ақал ба яке аз критерияҳои он кифоя аст.
Ҳақиқат
- Далелҳо ва додаҳои ҳуҷҷатӣ, алоқамандиҳои байни сабаб ва натиҷаҳо, динамика ва рафти ҳодисаҳое/зуҳуроте, ки сухангӯ овардааст, ба ҳақиқат рост меоянд;
- Дар истифодаи истидлол мантиқи қавӣ дида мешавад;
- Сатҳи баланди иттилоотнокии сухангӯ доир ба мавзӯи баррасишаванда дида мешавад.
Иштибоҳ дар далелҳо
- Далелҳо ва додаҳои ҳуҷҷатӣ, алоқамандиҳои байни сабаб ва натиҷаҳо, динамика ва рафти ҳодисаҳое/зуҳуроте, ки сухангӯ овардааст, ба таври умум ба ҳақиқат рост меоянд, аммо дар ҷузъиёт иштибоҳ/хатогиҳои назарногир доранд, ки ба таври умум ҳодиса/зуҳуротро таҳриф намекунанд;
- Мантиқи суханон қаноатбахш аст – дар истифодаи истидлол тартиби дуруст дида намешавад;
- Сатҳи қаноатбахши иттилоотнокии сухангӯ доир ба мавзӯи баррасишаванда дида мешавад.
Дасткорӣ
- Далелҳо ва додаҳои ҳуҷҷатие, ки сухангӯ овардааст, ба ҳақиқат рост меоянд, аммо алоқамандиҳои байни сабаб ва натиҷаҳо байни онҳо таҳрифшуда/шартӣ/бофта мебошанд;
- Далелҳо ва додаҳои ҳуҷҷатие, ки сухангӯ овардааст, ба ҳақиқат рост меоянд, аммо бо далелу маълумоти таҳрифшуда/дурӯғ/бофта омехта шудаанд;
- Мантиқи истидлол таҳрифшуда аст – қасдан ба яке аз далелҳо/додаҳои ҳуҷҷатӣ (дар аксар маврид – дуюмдараҷа) бо зарар ба дигараш ишора мешавад;
- Ишораҳо ба манбаъҳои боэътимод мавҷуданд, аммо функсияҳои онҳо, мақсад, шакли фаъолият метавонанд ғайридақиқ/таҳрифшуда/қасдан нодуруст нишон дода шуда бошанд;
- Иттилоотнокии сухангӯ доир ба мавзӯи баррасишаванда метавонад ҳам рӯякӣ/шартӣ ва ҳам амиқ бошад (ки дар ин гуна мавридҳо барои дасткорӣ бо далелҳо ба ӯ имкон медиҳад).
Дурӯғ
- Далелҳо ва додаҳои ҳуҷҷатӣ, алоқамандиҳои байни сабаб ва натиҷаҳо, динамика ва рафти ҳодисаҳое/зуҳуроте, ки сухангӯ овардааст, ба ҳақиқат рост НАмеоянд – дар таркиби худ таҳрифҳо/хатогиҳои ҷиддӣ/элементҳои бофташуда доранд;
- Мантиқи истидлол таҳрифшуда аст – тартиби баён вуҷуд надорад, ё ин ки сохта аст;
- Барои ҷоннок кардани истидлол ё алоҳида ба далелҳои ҳақиқӣ/додаҳои ҳуҷҷатӣ, ишораҳо ба манбаъҳои касбӣ мавҷуданд, аммо онҳо метавонанд ба мавзӯи баррасишаванда ягон алоқамандӣ надошта бошанд ё умуман мавҷуд нестанд;
- Иттилоотнокии сухангӯ доир ба мавзӯи баррасишаванда метавонад ҳам рӯякӣ/шартӣ ва ҳам амиқ бошад (ки дар ин гуна мавридҳо барои таҳрифи тезисҳои зуд ба ӯ имкон медиҳад).
Фейк
- Далелҳо ва додаҳои ҳуҷҷатӣ, алоқамандиҳои байни сабаб ва натиҷаҳо, динамика ва рафти ҳодисаҳое/зуҳуроте, ки сухангӯ овардааст, ба ҳақиқат рост НАмеоянд – ё ин ки аксаран бофта мебошанд;
- Мантиқи истидлол таҳрифшуда аст – тартиби баён вуҷуд надорад, ё ин ки сохта аст;
- Номгӯи манбаъҳо ва шаҳодатҳои ҳуҷҷатӣ соддашуда мебошанд, дар таркиби худ номгӯи шартӣ ва тахминӣ доранд, ки қабули онро аз ҷониби аудиторияи васеъ ва паҳншавиашонро дар оянда дар шакли паёмҳои таҳрифшуда ва ғайбат осон мекунад.