Иштибоҳ дар далелҳо | 66 иштирокчии ҶБВ аз Тоҷикистон ба унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гаштаанд (садо)

Ҳамасола дар оғози моҳи май ва то таҷлили Иди Ғалаба маводи расонаҳои хабарии чопиву электронӣ ба ин рӯзи бузург бахшида мешавад. Аксари маълумоти оморӣ ҳар сол такроран дар матн зикр меёбанд, вале новобаста ба ин, хатоиҳои оморӣ дар маводи расонаҳо дида мешавад.

Иштибоҳ дар далелҳо | 66 иштирокчии ҶБВ аз Тоҷикистон ба унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гаштаанд (садо)

Чӣ санҷида шуд?

7 майи соли равон, соати 18:57 дақиқа дар бахши русии хабаргузории «Sputnik Тоҷикистон» маводе таҳти унвони «Рахмон выделил ветеранам ВОВ по 530 долларов ко Дню Победы» ба нашр расид (бойгонӣ). Ҳамчунин, 9 майи соли равон, соати 08:10 дақиқа хабаргузории миллии «Ховар» низ маводеро бо номи «РӮЗИ ҒАЛАБА МУБОРАК! Хотираи поки беш аз 92 ҳазор нафар тоҷикистонӣ, ки баҳри ҳифзи Ватан ҷон супоридаанд, гиромӣ бод!» чоп намуд (бойгонӣ).

Оморе, ки доир ба гирандагони унвони Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ дар ҳар ду маводи хабаргузорӣ зикр ёфтааст, моро ба шубҳа овард ва қарор кардем, ки онро бисанҷем.

Чӣ тавр санҷида шуд?

Нахуст, хабаргузории «Sputnik Тоҷикистон» навишт, ки «…ба 66 нафар унвони Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ дода шуд» («…66 было присвоено звание Героя Советского Союза»). Дар ҳоле, ки ин хабаргузорӣ 1 майи соли 2015, соати 17:00 маводеро бо номи «Герои Советского Союза в ВОВ из Таджикистана: поименно…» нашр намуд (бойгонӣ), ки дар он ному насаби 54 тоҷикистоние, ки ба унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сазовор шудаанд, гирд оварда шуда буд.

Баъдан, хабаргузории «Ховар» иттилоъ дод, ки «Барои мардонагӣ, далерию шуҷоат нишон додан 68 нафар иштирокчиёни ҷанг аз Тоҷикистон ба унвони олии «Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ» сазовор гашта, 21 нафарашон дорандаи ҷоизаи се дараҷаи ордени «Шараф»… сарфароз гардонида шудаанд». Яъне, дар ду хабаргузорӣ оморҳои гуногун зикр ёфтаанд.

Ҳанӯз соли 1995 Сарвари кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш бахшида ба 50-солагии Ғалаба гуфта буд:

«Дар ҷабҳаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ беш аз 260 ҳазор фарзандони Тоҷикистон иштирок карданд. Барои қаҳрамониҳои бемислу монанд, шуҷоату мардонагӣ 54 нафари онҳо бо унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ, 15 нафар бо ҳар се дараҷаи ордени «Шараф» ва даҳҳо ҳазори дигар бо ордену медалҳои ҷангӣ сарфароз гардидаанд»,- омадааст дар саҳифаи 5-уми китоби «Хистеварз дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ» (1941-1945), ки муаллифонаш Усмонҷон Ғаффоров ва Нӯъмонҷон Ғаффоров мебошанд.

У. Ғаффоров, Н. Ғаффоров. «Хистеварз дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ» (1941-1945), Хуҷанд-2015

Китоби мазкур соли 2015 дар нашриёти «Ношир»-и шаҳри Хуҷанд ба табъ расидааст.

Раҳим Қудратов, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба ин масъала ба мо гуфт, ки давоми 15-20 соли ахир ягон тағйирот ворид нашудааст: «54 адад ба мо омадааст ва мо қатъӣ ба 54 нафар ҳисобот медиҳем».

Маълумотномаи Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҶБВ солҳои 1941-1945

Раъно Акрамова, котиби масъули Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар ин бора афзуд, ки дар ҶБВ беш аз 92 ҳазор тоҷикистонӣ кушта ва беномунишон гашта, ба 54 нафар унвони олии «Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ», 15 нафар бо се дараҷаи ордени «Шараф» ва 55 ҳазор тани дигар бо ордену медалҳои ҷангӣ мукофотонида шудаанд.

Акси 47 Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ аз Тоҷикистон дар долони Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ҶТ

Ҳукмнома

Баҳри мо ҳамаи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамеша қаҳрамон боқӣ мемонанд ва корномаи онҳо ҳаргиз аз хотир фаромӯш нахоҳад шуд. Вале барои дарёфти ҳақиқат ва омори саҳеҳ хулоса мекунем, ки хабаргузориҳои «Sputnik Тоҷикистон» ва «Ховар» ба «Иштибоҳ дар далелҳо»роҳ додаанд.

Зебо ҚУРБОНОВА


Factcheck.tj
Factcheck.tj
Нахустин платформаи далелсанҷӣ дар Точикистон. Ҳадаф аз роҳандозии ин тарҳ мусоидат ба ҷилавгирӣ аз паҳншавии хабарҳои бардурӯғ дар фазои иттилоотии Тоҷикистон тавассути таъсис ва рушди ниҳоди далелсанҷӣ (фактчекинг) мебошад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь