Фейк | Дар Ҷопон то охири сол тафдонҳои барқӣ нест карда мешавад

Иттилоъ зери сарлавҳаи «Дар Ҷопон то охири сол тафдонҳои барқӣ нест карда мешавад» сар аз моҳи марти соли равон дар шабакаи иҷтимоии Facebook маъруфият пайдо кард. Ин маълумот боис гашт, ки шубҳаи истеъмолкунандагон ба истифодаи он зиёд гардад.

Чӣ санҷида шуд?

21 июли соли равон мудири гурӯҳи «АХБОР БАРОИ АФКОР/ ИНФОРМАЦИЯ ДЛЯ РАЗМЫШЛЕНИЯ» Раҷаб Мирзо хабареро зери сарлавҳаи «ШУМО НИЗ ТАФДОНИ БАРҚИРО ИСТИФОДА МЕБАРЕД? ДАР ҶОПОН ОНРО НЕСТ МЕКУНАНД… (Мавод барои далелсанҷӣ)» («А ВЫ ИСПОЛЬЗУЕТЕ МИКРОВОЛНОВКИ? В ЯПОНИИ ИХ УНИЧТОЖАЮТ… (Материал для фактчека)») гузошт. Маводи мазкур ба гурӯҳи фейсбукии «🌏🌍🌎 Планета Земля 🌏🌍🌎», ки 21 июли соли равон нашр шудааст, ишора мекунад.

Мудири гурӯҳи «АХБОР БАРОИ АФКОР/ ИНФОРМАЦИЯ ДЛЯ РАЗМЫШЛЕНИЯ» дурустии ин маълумотро зери шубҳа гузошт ва барои санҷиши он ба далелсанҷон муроҷиат кард.

Барои бартараф намудани шубҳаву гирифтани посухи дақиқ ба муроҷиати хонандагон, тасмим гирифтем, ки иттилои мазкурро мавриди санҷиш қарор диҳем: «Дар Ҷопон то охири сол тафдонҳои барқӣ нест карда мешавад».

Чӣ тавр санҷида шуд?

Дар ҷустори Google вақте сарлавҳаи иттилоъро навиштем, бештар аз 94 ҳазор маълумоти шабеҳро дар олами маҷозӣ дарёфтем. Маълум мешавад, ки бори нахуст хабари мазкур бо чунин сарлавҳа 3 марти соли 2019 дар нашрияи ҳаҷвии «Панорама» (бойгонӣ) чоп шудааст. Ин сомона борҳо ҳамчун манбаи бардурӯғ зери санҷиши мо қарор гирифтааст. Аммо ҷолиби диққат ин аст, ки худи муаллифони сомона ба таври возеҳ нишон медиҳанд, ки маводи онҳо ҳаҷвӣ буда, ба воқеият мувофиқат намекунад. Вале дар баробари ин, баъзе аз расонаҳо маводи ин сомонаро ҳамчун ахбори воқеӣ бидуни истинод ба манбаъ бознашр ва истифода менамоянд.

Фейк | В Японии до конца года уничтожат все микроволновки
Фейк | Дар ҷопон то охири сол тафдонҳои барқӣ нест карда мешавад

Аввалин нашрияе, ки ин хабарро худи ҳамон рӯз (03.03.2019) чоп кард, «TWO LIVES INSTEAD OF ONE» (бойгонӣ) буд. Баъдан, ин хабар дар саҳифаҳои дигар хабаргузориҳо бознашр ва тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардид. Масалан, саҳифаи хабарии «Lifter» (бойгонӣ), хабаргузории русии «Seldon.News» (бойгонӣ), саҳифаи иттилоотии «Без формата» (бойгонӣ) ва ҳатто саҳифаи хабарии «Яндекс Новости Украина» (бойгонӣ) онро нашру паҳн кардаанд.

Бояд гуфт, ки маводи мазкур ба чанд забон – русӣ, испанӣ, англисӣ, арабӣ ва ғайра, нашр шудааст.

Аксари хабаргузориҳо матни нашрияи ҳаҷвии «Панорама»-ро бознашр кардаанд, вале ҳеч яке аз инҳо ба нашрияи мазкур ишора накардаанд. Масалан, саҳифаи хабарии «Lifter» (бойгонӣ) ин маълумотро 26 апрели соли 2019 нашр карда, ба хабаргузории «Noticias sobre» (бойгонӣ) истинод овардааст. Аммо саҳифаи мазкур 25 апрели соли равон аллакай иттилои худро ислоҳ намуда, дар сарлавҳааш «Исправленные новости: ложно, что Япония запретила использование микроволновых печей» навиштааст.

Фейк | В Японии до конца года уничтожат все микроволновки
Фейк | Дар ҷопон то охири сол тафдонҳои барқӣ нест карда мешавад

Маҷаллаи онлайни «Золотая Орда» ҳанӯз 11 майи соли 2019 дар саҳифаи худ хабареро таҳти унвони «Японцы разоблачили российский фейк про микроволновки» (бойгонӣ) нашр кард. То замони санҷиши мо хабари мазкурро беш аз 40 ҳазор нафар мутолиа намуда буданд. Муаллифи нашри маҷаллаи онлайнӣ ба муроҷиати Ҳукумати Ҷопон ишора карда, ба он истинод меоварад ва инчунин, хулосаи коршиносонро пешниҳод мекунад.

Ҳукмнома

Тафтиши санҷиши мо нишон дод, ки ҳамаи он нашрияҳое, ки мегӯянд, «Дар Ҷопон то охири сол тафдонҳои барқӣ нест карда мешавад» асоси воқеӣ надорад. Аз ин рӯ, ҳукмномаи мо ба маводи мазкур «Фейк» аст.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь