Шӯрои ҳимояи журналистон дар гузориши тозааш навишт, дар саросари ҷаҳон 318 ҳолати куштори журналистон ба қайд гирифта шуд, ки 86%-и қатли кормандони ВАО ноошкор боқӣ мондааст.
Шӯрои ҳимояи журналистон (Committee to Protect Journalists), як ниҳоди бонуфузи байналхалқӣ радабандии нави хатарноктарин кишварҳои оламро барои журналистон, ки бештари ҳолатҳои марги журналистон ноошкор мондааст, нашр кард. Ин радабандӣ дар сомонаи расмии Шӯрои мазкур чоп шудааст.
Дар радабандии мазкур кишвари Филиппин, бо он ки дар ин ҷо соли равон 41 ҳолати марги хабарнигорон асрорангез боқӣ мондааст, дар ҷойи аввал қарор дошта, ноамнтарин кишвар барои кормандони ВАО арзёбӣ гаштааст. Дар ҷойи дуюм ва сеюм кишварҳои Мексика (30 куштор) ва Сомалӣ (29 куштор) қарор гирифтаанд.
Ҳамчунин, аз кишварҳои пасошӯравӣ Русия, бо он ки дар 6 ҳолати марги журналист қотилони он беҷазо мондаанд, зинаи 11-умро касб намудааст.
Бино ба иттилои ин ниҳод, дар дунё 318 ҳолати куштори журналистон ба қайд гирифта шудааст, ки 86%-и қатли кормандони ВАО ноошкор боқӣ мондааст.
Манабаъ: CPJ